15:33:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Раҳбари Ал-Қоида: Ал-Бағдодӣ "фитнагар" аст ва шоистаи "хилофат" нест

Раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" Айман Завоҳирӣ аз Абубакр Ал-Бағдодӣ -- раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" сахт интиқод намуда ва ӯро "фитнагар" хондааст.

ayman-zavohiri_78454512.jpgГурӯҳи "Давлати исломӣ", ки аз ду сол ба ин тараф минтақаҳои васеъеро аз дар Ироқ ва Сурия дар ихтиёри худ дорад, барои таъсиси "хилофати исломӣ" Абубакр Ал-Бағдодиро ба унвони халифа муаррифӣ кард.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, дар паёми садоие, ки пойгоҳи иттилоърасонии SITE -- мутахассис дар пайгирӣ кардани гурӯҳҳои бунёдгаро нашр кардааст, Айман Завоҳири гуфтааст, ки "мо Абубакр Ал-Бағдодиро шахси шоистаи хилофат намедонем."

Ӯ бо ин, ки Ал-Бағдодӣ худро бо пуштибонии "афроди ношинос" ба унвони халифа мансуб кардааст, афзуд, "ӯ чизе ки ҳукумати исломӣ меномад, ба ҷои тарғиби мардум ва ихтиёр додани онҳо, аз роҳи зӯр, ҳамлаҳои интиҳорӣ ва мошинҳои бамбгузоришуда барпо кардааст."

Ин суханони Айман Завоҳирӣ дар ҳоле баён мешаванд, ки дар солҳои гузашта шохаи "Ал-Қоида" дар Ироқ низ даст ба амалиётҳои интиҳорӣ ва бамбгузорӣ мезад. Ин гурӯҳҳамин ҳоло ҳам дар Афғонистон аз ин шеваи мубориза истифода мекунад.

Раҳбари Ал-Қоида афзудааст, ки ҳангоме, ки Ғазза ба василаи бамбҳои исроилиҳо месӯхт, Абубакр Ал-Бағдодӣҳатто бо як калима аз онҳо ҳимоят накард. Ӯҳама тавоноии худро барои ҷазби муҷоҳидон ба пайравӣ аз худ даъват мекард, то пас аз он худро ба унвони халифа мансуб кунад. Завоҳирӣ дар идома гуфтааст, ки "ба сухан гуфтан дар бораи фитна бозмегардам, ки Ал-Бағдодӣ дар талош аст миёни сафҳои муҷоҳиддин тафриқа андозад."

Ҳудуди се моҳ пеш гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба шиддат аз раҳбари шабакаи "Ал-Қоида" Айман Завоҳирӣ интиқод ва ӯро ба каҷравӣ аз "сиёсати ҷиҳодӣ" ва "эҷоди шикоф дар сафҳои ҷангҷӯён ва муҷоҳидон", муттаҳам карда буд. Ин гурӯҳҳамчунин ба дархости Завоҳирӣ барои ақибнишинӣ аз ҷабҳаҳои набард дар Сурия таваҷҷуҳе накард.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар гузашта бахше аз "Ал-Қоида" ва вобаста ба он буд. Аммо дар ду соли гузашта аз он ҷудо ва ба ҷанг бо он пардохт. Ҳамакнун дар Сурия гурӯҳи "Ан-Нусра" шохаи "Ал-Қоида" ба шумор меояд, ки бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар набард аст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi