00:10:55 21-уми Июни 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Раванди тақвияти ҳузури Эрон дар минтақаи Осиёи Миёна

Пас аз ташкил ёфтани давлатҳои соҳибистиқлол дар Осиёи Марказӣ раванди воридшавӣ ва тақвияти ҳузури давлатҳои бузурги ҷаҳон ва қудратҳои митақавӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Агар дар тамоми асри ХХ ин минтақа таҳти ҳузури густурда ва бесобиқаи Руссияи подшоҳӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣқарор дошта бошад, пас аз соли 1991 ин минтақа дар маркази таваҷҷуҳи ду давлати бузурги дигар – ИМА ва Чин, қудратҳои минтақавӣ – Туркия, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон  қарор гирифт.

364790386.jpg

Дар баробари дигар кишварҳои минтақа Ҷумҳурии Исломии Эрон имкониятҳои бештари рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ихтиёр дошт, зеро таърихи тӯлонии муштарак ва робитаҳои дар гузашта наздики фарҳангӣ заминаи мусоиди рушди муносибатҳоро фароҳам меоварданд. Ҳанӯз дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, замоне ки тамоилҳои марказгурез дар дохили низоми шӯравӣ сар шуданд, роҳбарияти Эрон дар пайи барқарор кардани робитаҳо бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гардида буд. Ҳамзамон Эрон аз он нигарон буд, ки раванди мустақил гардидани ҷумҳуриҳои минтақа метавонад сабабгори сар задани бесуботӣ ва низоъ дар марзҳои шимолии он кишвар гардад.

Аз ибтидои барқарор гардидани робитаҳои мустақим миёни Эрон ва давлатҳои тозаистиқлоли минтақа дар соли 1991 ва 1992 масири асосии рушди муносибатҳои дуҷониба густариши робитаҳои фарҳангӣ гардид. Барои Эрон дар марҳилаи аввали  рушди равобит рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва содироти мол нақши афзалятнок дошт. Воқеият чунин буд, ки дар ибтидои солҳои 90-ум дар баробари Эрон кишварҳои дигари минтақа – Туркия, Покистон ва Ҳиндустон манфиатдори барқарор ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо давлатҳои Осиёи Маказӣ буданд ва дар ин замина дар байни онҳо рақобат оғоз гардида буд. Дар чунин вазъияти ҳассос, ба қавли муҳаққиқи эроншиноси рус В. Хуторская, роҳбарияти Эрон дарк намуд, ки фақат такя ба умумияти фарҳангӣ ва дар сиёсати хориҷӣ афзалият додан ба масъалаҳои рушди равобити фарҳангӣ метавонад заминаи наздикшавӣ бо кишварҳои минтақаро ба вуҷуд биёрад. Бесабаб набуд, ки соли 1995 вазири корҳои хориҷии Эрон Алӣ Акбар Вилоятӣ изҳор намуд, ки асоси ғоявии сиёсати хориҷии кишварро дар муносибат бо кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна усули эълон намудаи мутафаккири машҳур Алӣ Шариатӣ «бозгашт ба худ» ташкил медиҳад. Ин маъно онро дошт, ки Эрон кишварҳои минтақаро меросбари фарҳанги умумии дар тӯли қарнҳо дар минтақа ташаккулёфта медонист.

Тамоми фаъолияти сиёсӣ ва дипломатии Эрон дар ду даҳсолаи гузашта дар кишварҳои Осиёи Миёна ба ду соҳаи асосӣ – фарҳанг ва иқтисод равона гардида, натанҳо заминаи рушди муносибатҳои дуҷонибаро бо ҳар як аз кишварҳои минтақа ба вуҷуд овард, балки дар шароити сахти фишорҳои Ғарб ва ҷорӣ намудани таҳримҳои иқтисодӣ  бори сангини онҳоро бар иқтисодӣ миллии кишвар сабуктар намуд.

Эрон дар раванди тақвияти муносибатҳо бо бузургтарин давлати минтақа – Қазоқистон ба масъалаҳои рушди равобити иқтисодӣ, бахусус тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти калон медиҳад. Қазоқистон ҳамасола аз тариқи хоки Эрон ва бандарҳои Халиҷи Форс бештар аз 1 млн. т. нафтро ба бозори ҷаҳонӣ мебарорад. Бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулот аз тариқи Эрон Қазоқистон хати нави роҳи оҳанро месозад, ки аз шаҳри Узген оғоз меёбад ва ба вилояти Гургони Эрон мерасад. Дар масъалаҳои сиёсӣ бошад байни Эрон ва Қазоқистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай робитаи наздик вуҷуд дорад, ки аз тариқи он Эрон мақсад дорад бо тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ва созмонҳои ҳамгироии онҳо робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангиро густариш диҳад ва дар ин масир ба пуштибонии Қазоқистон зарурат дорад.

То замони мавҷуд будани пойгоҳи низомии ИМА дар Қирғизистон имкониятҳои рушди робитаҳо бо Эрон камтар буданд, вале ба ин нигоҳ накарда роҳбарияти ин кишвар борҳо изҳор дошта буд, ки ин пойгоҳҳеҷ гоҳ ба муқобили Эрон истифода нахоҳад шуд.

Болотарин сатҳи ҳамкориҳо байни Эрон ва Тоҷикистон мушоҳида мегардид. Эрон дар раванди музокироти сулҳи Тоҷикистон ба сифати нозир дар ҳама даврҳои он ширкати фаъол дошта, бо мувофиқа бо Россия дар таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Эрон дар сохтмони чанд лоиҳаи калони иқтисодӣ – сохтмони нақби Анзоб ва НОБ «Сангтуда – 2» саҳм дошта, дар Тоҷикистон бо ширкати соҳибкорони эронӣ бештар аз 150 ширкат таъсис ёфта аст. Ба тира гардидани робитаҳо байни ду кишвар дар охири соли 2015 нигоҳ накарда, имконияти васеи рушди робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ дар байни ду кишвари дӯсту бародар вуҷуд дорад.

Байни Эрон ва Туркманистон робитаҳои васеи иқтисодӣ-тиҷоратӣ барқарор гардидаанд. Минтақаи васеи вилоятҳои шимолии Эрон бо гази Туркманистон таъмин мегарданд. Яке аз сабабҳои наздик гардидани робитаҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз он иборат аст, ки Эрон муддати тӯлонӣ  таҳти таҳримҳои иқтисодӣқарор дошта, Туркманистон бошад дар муносибатҳои байналмилалӣ мақоми бетарафии фаъолро интихоб намуда аст ва манфиатдори робитаҳои зич бо ҳамсояҳои худ мебошад.

Дар давоми ду даҳсолаи охир дипломатия Эрон барои рушди равобит ва боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон сайъу кушиши зиёд намуд, вале онҳо натиҷаҳои дилхоҳ надоданд. Дар ин масир ду омил таъсири манфӣ мегузоранд: аввал наздикшавии Ӯзбекистон бо Ғарб, аз ҷумла бо ИМА ва ҳароси ин кишвар аз густариши эҳтимолии рушди исломи сиёсӣ дар минтақа. Ба ин нигоҳ накарда Ӯзбекистон манфиатдори сохтмони роҳҳои замонавӣ аз марзҳои худ то Эрон аз тариқи хоки Афғонистон мебошад, вале бесуботӣ дар ин кишвари ҳамсоя садди роҳи амалӣ гардонидани ин лоиҳа мебошад.

Дар шароити ҳозира барои рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Эрон дурнамо ва имкониятҳои васеи иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ҳамоно мавқеи геостратегии Эрон метавонад дар рушди робитаҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз тариқи хоки Эрон ва бандарҳои Халиҷи Форс аҳамияти худро гум намекунад. Бо дарназардошти аз байн рафтани таҳримҳои иқтисодӣ ва истифодаи бештари захираҳои табиии ҳавзаи Баҳри Каспий истифодаи имкониятҳои зерсохторҳои  нақлиётии Эрон метавонад барои рушди иқтисодии кишварҳои минтақа мусоидат намояд. Тағйир ёфтани мақоми Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай метавонад барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мусоидат намояд.

Раҳматуллоҳ  Абдуллоев 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1