09:30:38 24-уми Июни 2025 сол

ГОРДОН БРАУН: ЗАМОНИ ҲАССОСЕ ФАРО РАСИДААСТ

Гордон Браун, нахустазири Бритониё дар як сафари ғайримунтазира вориди Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон шудааст. Оқои Браун, бо Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ки ӯ низ ба Қандаҳор рафта дидор кардааст. Як сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ки оқоён Браун ва Карзай қарор буд, ба Ҳилманд бираванд, аммо маҳалли дидори онҳо тағйир кард. Далели тағёири маҳалли ин дидор эълом нашудааст.

 

Нахуствазири Бритониё дар Қандаҳор чанд моҳи ояндаро замони "ҳассосе" хонд ва таъкид кард, ки давлати Афғонистон дар бархурд бо Толибон бояд нақши ҷиддитаре бозӣ кунад. Оқои Браун дар ҳоле ба Афғонистон сафар мекунад, ки сарбозони бритониёӣ дар ин кишвар ахиран талафоти сангинеро мутаҳаммил шудаанд.

 

Бар асоси омор танҳо дар ҷараёни як соли ахир сад нафар аз низомиёни бритониёӣ дар Афғонистон кушта шудаанд. Бо ин ҳол Бритониё таъаҳҳуд кардааст, ки панҷсад сарбози изофӣ ба Афғонистон мефиристад.

 

Сарбозони бештари афғон

Гордон Браун дар як конфаронси хабарии муштарак бо раиси ҷумҳур Карзай дар Қандаҳор гуфт, ки идомаи маъмурияти низомии кишвараш дар Афғонистон барои таъмини амнияти дохилии Бритониё муҳим аст. Оқои Браун гуфт, ки раиси ҷумҳур Карзай пешниҳод карда, ки ҳудуди 10 ҳазор сарбози афғонро барои омӯзиш ба Ҳилманд бифиристанд. Ҷое ки сарбозони бритониёӣ мустақар ҳастанд.

 

Ӯ гуфт: "Даҳ ҳазор сарбози афғон ба Ҳилманд ва Қандаҳор эъзом хоҳанд шуд." Вазорати дифоъи Афғонистон низ эъзоми сарбозони бештар ба Ҳилмандро таъқид карда ва гуфтааст, ки ин сарбозон масъулияти таъмини амниятро дар вилоёти Ҳилманд, Фароҳ ва Нимрӯз хоҳанд дошт.

 

Женрол Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, ки дар назар аст, як лашкари ҷадид дар вилояти Ҳилманд эҷод шавад. Ҳар лашкар ҳудуди даҳ ҳазор сарбоз дар худ дорад. Оқои Азимӣ ҳадаф аз ин иқдомро тақвияти марзҳои Афғонистон ва кумак ба ҳокимияти давлатӣ дар ин манотиқ хонд.

 

Маъмурияти муштарак

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, ки дар конфаронси муштараки хабарӣ бо Гордон Браун дар Қандаҳор суҳбат мекард, дар ҳоле ки аз талафоти сарбозони афғон ва бритониёӣ дар ҷанги Афғонистон ибрози таассуф кард, гуфт, ки ин ду кишвар маъмурияти муштараке дар Афғонистон доранд, ки бояд анҷом диҳанд.

 

Ӯ гуфт: "Ман ба шиддат барои онҳо (бритониёиҳо) мутаассиф мешавам вақте мебинам, ки писарон ва духтарони худро аз даст медиҳанд. Ҳамин гуна, ки мо бо аз даст додани писарон ва духтарони худ дар Афғонистон мутаассиф мешавем."

 

"Вале мо вазифае дорем, ки ба ҳар андоза душвор бошад, боз ҳам бояд онро як ҷо бо ҳам ба сар бирасонем." Гордон Браун бар хилофи сафарҳои қаблиаш ба Афғонистон, ки дар фосилаи як рӯз анҷом мешуд, ин бор шабро дар Қандаҳор сипарӣ кард.

 

Қандаҳор аз манотиқи ноамн ар ҷануби Афғонистон аст, ки дар гузашта шоҳиди ҳамалоти маргборе будааст. Оқои Браун гуфт: "Ман мехостам ин ҷо бо сарбозон бимонам, то аз онҳо ба хотири он ҷӣ анҷом медиҳанд, сипосгузорӣ кунам." Ӯ афзуд: "Мехостам бубинам, кор кардан бо онҳо чӣ гуна аст."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1305-gordon-braun-zamoni-hassose-faro-rasidaast.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ