МУХОЛИФОН РӮЗИ ДУШАНБЕРО АЗОИ УМУМӢ ЭЪЛОМ КАРДАНД
Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, аз раҳбарони аслии мухолифон дар Эрон ва ду номзади муътариз ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ахири Эрон, дар пайи даргузашти Оятуллоҳ Ҳусейналии Мунтазирӣ, дар баёнияи муштараке рӯзи душанбе, 21 декабрро азои умумӣ эълом кардаанд. Ин ду нафар пеш аз он дар паёмҳои ҷудогонае фавти Оятуллоҳ Мунтазириро таслият гуфта буданд.
Эъломи азои умумӣ аз сӯйи ин ду раҳбари мухолифон дар ҳоле сурат мегирад, ки давлати Эрон на танҳо азои умумӣ эълом накарда, балки то лаҳзаи танзими ин хабар ҳанӯз даргузашти Оятуллоҳ Мунтазириро таслият нагуфтааст.
Оқоён Мусавӣ ва Каррубӣ дар баёнияи муштараки худ аз “муъминони азодори он фахри ҷаҳони ташаюъ” даъват кардаанд дар маросими ташйиъи ҷанозаи Оятуллоҳ Мунтазирӣ, ки субҳи душанбе дар муқобили манзили Оятуллоҳ Мунтазирӣ баргузор хоҳад шуд, ширкат кунанд. Мирҳусейни Мусавӣ якшанбешаб ба Қум рафта ва дар байти Оятуллоҳ Мунтазирӣ ҳозир шуда ва даргузашит ӯро ба хонаводааш таслият гуфтааст.
Мирҳусейни Мусавӣ дар паёме ба Аҳмади Мунтазирӣ, писари Оятуллоҳ Мунтазирӣ, навиштааст: “Ин зоеъаи азиме аст, ки маҷмуъаи уламои дин бояд нисбат ба ҷуброни он иқдом кунанд. Вуҷуди касоне чун Оятуллоҳ Мунтазирӣ барои насли ҷавони ин кишвар мадраке буд, ки ононро ба бархурде амиқтар бо ниёзҳояшон барои баҳрамандӣ аз пуштивонаҳои руҳонияти огоҳ мутақоъид мекард.”
Оқои Мусавӣ дар идомаи паёми худ овардааст: “Умедворам инак, ки ӯ аз миёни мо рафтааст, донишмандони дигаре ин зарурати инкорнопазирро посух бигӯянд ва иҷоза надиҳанд, ки васвасаҳо ва замзамаҳо ононро аз таколифе, ки нисбат ба ислом ва наслҳои имрӯз ва фардо доранд, мунсариф кунад.”
Маҳдии Каррубӣ низ дар паёми тасаллияти худ овардааст: “Марҳум Оятуллоҳ Мунтазирӣ аз маъдуд (теъдоди каме аз) уламо ва фуқаҳои бузургворе буд, ки ҳамвора бо тадрису парвариши туллоб ва устодону муҷтаҳидони бузург аз нахустин рӯзҳои наҳзати исломӣ дар хидмати ҳазрати Имом Хумайнӣ (рҳ), раҳбари кабири Инқилоби Исломӣ ва миллати мубориз ва дар баробари режими сиёҳи паҳлавӣ чун куҳе устувор истодагӣ кард ва солҳо ранҷи сиёҳи чолҳои ситами шоҳӣ ва табъиду соири маҳдудиятҳоро ба ҷон харид.”
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1369-musavi-va-karrubi-dushanbero-azoi-umum-elon-kardank.html