20:32:45 01-уми Июни 2025 сол

Дар Кремл нишасти сарони кишварҳои ИДМ таҳти раёсати Путин ҷараён дорад

Дар Кремл таҳти раёсати президенти Русия Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ ҷараён дорад.

glava gos shos 54451254"Пеш аз ҳама мехоҳам таъкид намоям, ки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия мебошад", — гуфт раисиҷумҳуриРусия ҳангоми ифтитоҳи ҷаласа.

Вай қайд кард, ки барои Русия кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамсояҳои наздик, дӯст ва шарикони стратегӣ мебошанд.

"Ва мо табиатан ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои худ омодаем, маҳз ҳамин чиз ба консепсияи Раёсати Русия дар соли 2024 ва нақшаҳои васеъи чорабиниҳои дахлдор нигаронида шудааст", — афзуд сарвари давлати Русия.

Ба гуфтаи Раисиҷумҳури Русия, рӯзномаи ҷаласа хеле пурмаҳсул хоҳад буд, ба мавзӯъҳои иқтисодӣ ва дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар ИДМ диққати калон дода мешавад.

Дар баробари ин, Путин изҳори умедворӣ кард, ки кори ҷаласа самаранок хоҳад буд ва муҳокима анъанавӣ ошкоро ва боваринок хоҳад буд.

Нахуст сарони давлатҳо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро дар доираи танг баррасӣ намуда, сипас ҷаласа бо иштироки аъзои ҳайатҳо идома хоҳад ёфт.

Рӯзи душанбеи 7 октябр, дар рӯзи зодрӯзи раисиҷумҳури Русия, раҳбарони кишварҳои ИДМ барои як нишасти ғайрирасмӣ ҷамъ омаданд, ки омодагӣ ба ин нишасти сарони кишварҳои ИДМ буд.

Русия соли 2024 дар Иттиҳод раисӣ мекунад. Қаблан Путин бо Илҳом Алиев-раисиҷумҳури Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқотҳои дуҷонибаи ҷудогона анҷом дод.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854