Тарҳи нави моҷаро
Интизории Амрико ва Исроил аз шаҳодати роҳбарияти олии Эрон ва фармондеҳони низомӣ он буд, ки сохтори сиёсӣ дар Эрон фурӯ мерезад ва ҳокимият ба дасти нерӯҳои муътадил ва сиёсатмадорони «мудерн» мегузарад. Аммо воқеият баръакси ин интизориро нишон дод. Дар шароити буҳронӣ ҷомеаи Эрон ба ҷойи пароканда шудан, бештар гирди низоми сиёсӣ ва суботи давлат муттаҳид гардид. Таҷовузи ҳарбӣ низомро заиф накард, ба таҳкими ҳамбастагӣ ва ҳамовозии ҷомеа мусоидат намуд.
Посухҳои мушакии Эрон ба ин ҳамлаҳо нишон медиҳанд, ки ин кишвар омодагии дифоии худро нигоҳ дошта, қодир аст ба ҳар гуна фишор ҷавоби қотеъ диҳад. Агар ҷанги кӯтоҳи соли гузашта, ки тақрибан дувоздаҳ рӯз идома кард, Эрон бо истифода аз мушакҳои дурпарвози худ ба мавқеъҳои вобаста ба Амрико ва муттаҳидонаш зарбаҳои ҷиддӣ расонд. Аз ҳамин сабаб дар музокироти ғайримустақим, Амрико яке аз талабҳои асосии худро маҳдуд кардани барномаи мушакии Эрон қарор дода буд.
Нокомии сенарияи аввал, яъне фурӯпошии дохилии низом, ба назар мерасад, ки Амрико ва Исроилро ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигар водор кардааст. Яке аз чунин роҳҳо барангехтани низоъҳои этникӣ ва кашидани кишварҳои ҳамсоя ба доираи моҷаро мебошад.
Хабарҳо паҳн гардида буд, ки мақомоти амниятии Аморати Муттаҳидаи Араб чанд нафар ҷосуси вобаста ба хадамоти махсуси Исроилро, ки гӯё нақшаи анҷом додани таркишҳо доштанд, боздошт кардаанд. Бар асоси ин хабарҳо, эҳтимол чунин амалиёт бо ҳадафи анҷом додани ҳамлаҳо аз номи Эрон дар кишварҳои арабӣ тарҳрезӣ шуда буд, то фазои зиддиэронӣ дар минтақа аланга ёбад.
Бо вуҷуди танишҳо, роҳбарияти аксари кишварҳои арабӣ то ҳол мавқеи ҷангиро интихоб накарда, бештар ба роҳи ҳалли дипломатии буҳрон таъкид мекунанд.
Ин ҳолат барои Амрико ва Исроил чандон мувофиқ нест, зеро бе иштироки кишварҳои минтақа густариши муноқиша душвор мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат эҳтимол талошҳо барои барангехтани низоъ тавассути амалиёти махфӣ ва таҳрикоти сиёсӣ идома ёбанд.
Гузоришҳо аз Туркия низ нашр шуданд, ки чанд мушак ба қаламрави ин кишвар ворид гардидааст ва ҷониби Эронро ба партоби онҳо муттаҳам мекунанд. Ҳамзамон Озарбойҷон дар бораи ҳамлаи чанд ҳавопаймои бесарнишин ба қаламрави кишварашон хабар дода, ба сафири Эрон нотаи эътирозӣ супориданд. Дар чунин шароит хадамоти истихборотии Амрико ва Исроил метавонанд барои барангехтани таниши нави минтақавӣ аз чунин таҳрикот истифода баранд.
Яке аз ҳассостарин нуктаҳо дар ин сенария масъалаи миллию қавмӣ мебошад. Дар Эрон ҷамъияти бузурги озариҳо зиндагӣ мекунанд. Барангехтани таниш миёни Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонад ба барангехтани кинаи миллӣ таъсир расонда, вазъияти дохилиро мураккаб гардонад. Дар чунин ҳолат эҳтимоли талошҳо барои ба миён гузоштани идеяҳои ҷудоихоҳона, аз ҷумла тарҳи ба истилоҳ «Озарбойҷони Ғарбӣ», зиёд мегардад.
Масъалаи курдҳо низ ҳамчун омили дигари эҳтимолии бесуботсозӣ баррасӣ мешавад. Пуштибониҳои Трамп нисбат ба гурӯҳҳои курдӣ дар Ироқ ва минтақаҳои марзии Эрон чунин гумонҳоро ба миён овардаанд, ки Вашингтон метавонад аз ин омил ҳамчун абзори фишори ғайримустақим истифода барад.
Сухангӯёни баъзе гурӯҳҳои курдӣ иштироки нерӯҳои худро дар ҳар гуна муқовимати мусаллаҳона зидди Эрон рад карда, мавқеи бетарафиро эълон намудаанд.
Дар посух ба иттиҳомҳо дар бораи партоби мушак ба Туркия ё ҳамлаи паҳбодҳо ба Озарбойҷон, мақомоти Эрон чунин иддаоҳоро рад карда, таъкид намуданд, ки чунин амалҳо метавонанд таҳрикоти тарҳрезишуда бошанд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин гуна амалҳо халалдор сохтани муносибатҳои Эрон бо кишварҳои ҳамсоя ва густариши доираи низоъ мебошад, ки аз он Амрико ва Исроил манфиатдор ҳастанд.
Дар маҷмӯъ, ин равандҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз нокомии сенарияи ҳамлаҳои мустақим, Амрико ва Исроил мехоҳанд ба истифодаи роҳҳои ғайримустақим рӯ оваранд, аз ҷумла барангехтани низоъҳои қавмӣ, фаъол сохтани гурӯҳҳои ифротӣ ва кашидани кишварҳои ҳамсоя ба муноқиша. Ин гуна стратегияҳо одатан бо хароҷоти камтар, вале бо паёмадҳои ҷиддии сиёсӣ ва амниятӣ роҳандозӣ мешаванд.
Орзуи мо сарбаландии Эрони азиз ва пирӯзияш дар озодкунии ҷаҳон аз султахоҳони давр аст.
Маводи мазкур аз саҳифаи фейсбукии Абубакр Бачамардов бознашр шудааст.
















