11:22:29 10-уми Июни 2025 сол

ТАЪВИҚИ ИНТИХОБОТИ ПОРЛУМОНӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Кумисюни интихоботи Афғонистон баргузории интихоботи порлумонии ин кишварро, ки қарор буд дар баҳори имсол баргузор шавад, то чаҳор моҳ ба таъхир андохтааст. Далели ин тасмим мушкилоти амниятӣ ва камбуди ҳазина барои баргузории интихобот эълом шудааст.

 

Як узви аршади кумисюни интихоботи Афғонистон гуфт, ки торихи ҷадид барои баргузории интихоботи порлумонӣ 18 сентябр аст. Ҷомеъаи ҷахонӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид пеш аз ин барои пешгирӣ аз бурузи тақаллуб дар интихоботи порлумонии Афғонистон хостори ислоҳот дар таркиби кумисюни интихобот буданд. Интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август бо мавориди густардаи фасод ҳамроҳ буд.

 

Кумисюни интихоботи Афғонистон пеш аз ин гуфта буд, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ панҷоҳ миллиюн дулор аз ҷамъи 120 милюн дулореро, ки барои баргузории интихобот лозим аст, пардохт кунад. Камбуди будҷа ва ниёз ба ислоҳот. Нигарониҳо дар мавриди камбуди ҳазина барои баргузории интихоботи порлумонии Афғонистон аз моҳҳо пеш матраҳ будааст.

 

Кумисюни интихобот аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ дархост карда то ҳазинаи интихоботро фароҳам кунад, аммо он гуна ки Фазлаҳмади Маънавӣ аз аъзои кумисюни интихобот мегӯяд то ҳоло ба ин дархостҳо ҷавоби рӯшане дода нашудааст. Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ ахиран бо таъкиди даровардани ислоҳот дар кумисюни интихобот аз тасвиби будҷаи баргузории интихобот бо истифода аз манобеъи дохилӣ худдорӣ кард.

 

Ба дунболи бурузи тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар моҳи август ниҳодҳои мухталифи дохилӣ ва байналмиллалӣ бар ниёзи ислоҳот дар кумисюни интихобот таъкид кардаанд. Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки овардани ислоҳот дар кумисюни интиихобот барои баргузории интихоботи "шаффоф ва мунсиф" зарурӣ аст.

 

Сиддиқ Алим, як сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид дар Кобул ахиран гуфт: "Ислоҳоте, ки ба назари мо бояд дар ниҳодҳои интихоботӣ ворид шавад, аз боло ба пойин аст ва шомили барканорӣ ва ё табдили афроде мешавад, ки дар тақаллуб дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ даст доштанд ва ё натавонистанд мутобиқи хостаҳои мардум амал кунанд."

 

Оқои Алим афзуд: "Мо мехоҳем кумисюни шаффоф ва мунсиф ба миён ояд то интихоботи прлумонӣ мисли интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳамроҳ бо тақаллуб баргузор нашуда ва буҳронзо нашавад." Омрико ва сойири кишварҳои ғарбӣ возеҳан гуфтаанд, ки бурузи тақаллуб дар интихоботи порлумонии Афғонистон раванди тавсеъа ва таъмини сулҳ дар ин кишварро таҳти шуъоъ қарор хоҳад дод.

 

Таъхир дар баргузории интихоботи порлумонии Афғонистон дар остонаи иҷлоси Ландан дар мавриди Афғонистон эълом мешавад. Ин дар ҳоле аст, ки маҷлиси намояндагони Афғонистон ду бор аксарияти аъзои пешниҳодии кобинаро рад кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1608-taviqi-intikhoboti-porlumoni-dar-afgoniston.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854