"АВАТАР" ПУРФУРӮШТАРИН ФИЛМИ ТАЪРИХИ СИНЕМО
Филми синамоии “Аватар” рекорди фурӯши филми “Титаник”-ро шикаст ва ба унвони пурфурӯштарин филми таърихи синемо сабт шуд. Филми “Аватар” бо фурӯши беш аз як милёрду 843 милюн дулор аз филми “Титаник” пешӣ гирифт.
Ҳар ду филмро Ҷеймз Комерун коргардонӣ кардааст. Ҷеймз Комерун барои фароҳам шудани имконоти фаннии филми “Аватар” даҳ сол мунтазир монд, аммо саранҷом филме арза кард, ки мавқеъияте хиракунанда ба ҳамроҳ овард. Бавижа ду омили муваффақияти “Аватар”-ро тазмин кард: яке боло рафтани қимати билети синамо дар Омрико ва дигар қимати изофӣ барои айнакҳои себуъдӣ.
Филмҳои пурфурӮши таърихи синамо
Дар ёздаҳ соли гузашта “Титаник” (маҳсули 1997) пурфурӯштарин филми синамо буд, бо беш аз як милёрду 800 милюн дулор. Дар мақоми баъдӣ севумин қисмати филми “Арбоби ҳалқаҳо” ба номи “Бозгашти шоҳ” қарор дорад, бо ҳудуди як милёрду 120 милюн дулор.
Мақоми чаҳорумин ба дувумин версия аз филми “Дуздони дарёии Короиб” таъаллуқ дорад бо бозии Ҷонӣ Деп. Ин филм беш аз як милёрд дулор дар саросари ҷаҳон фурӯш дошт. Дар ҷойгоҳи панҷум филми “Шаволияи торикӣ” қарор дорад, бо бозии буҳтангези Ҳейс Лаҷер дар нақши Ҷукер. Ин версияи тозаи Бетман ба коргардонии Кристофер Нулон дар соли 2008 ҳудуди як милёрд дулор фурӯш дошт.
Мақоми шашум аз он аввалин китоб аз маҷмуъаи Ҳари Потер ба номи “Санги ҷоду”. Ин филм бо бозии Дониел Родклиф ҳудуди 975 милюн дулор фурӯш кард. Дар ҷойгоҳи баъдӣ севумин қисмат аз сегонаи “Дуздони дарёии Короиб” қарор дорад, ба номи “Охири ҷаҳон”. Дар мақоми ҳаштумӣ филми синамоии “Ҳари Потер ва маҳфили қуқнус” қарор дорад, аз филмҳои серии Ҳари Потер. Ин филм беш аз 938 милюн дулор фурӯш дошт. Нуҳумин филми пурфурӯши таърихи синамо филми “Ҳари Потер ва шоҳзодаи дурага” аст, шашумин бахш аз достонҳои Ҳари Потер, бо беш аз 934 милюн дулор фурӯш.
Филмҳои Ҳари Потер рӯйи ҳам беш аз панҷ милюн дулор фурӯш кардаанд. Дар ҳамин рутба дувумин қисмат аз филми синамоии “Арбоби ҳалқаҳо” қарор дорад, ба номи “Ду бурҷ”. Ин филмро мунтақидони синамоӣ асаре каммоя донистанд, аммо дар гиша муваффақ шуд беш аз 925 милюн дулор фурӯш кунад. То пеш аз "Аватар" филми синамоии “Таҳдиди шабаҳ” аввалин эпизод аз серии филмҳои “Ҷанги ситорагон” дар мақоми даҳум қарор дошт, аммо бо пирӯзии беназири "Аватор" филми Ҷурҷ Лукос ба мақоми ёздаҳум суқут кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1659-qavatarq-purfurushtarin-filmi-tarikhi-sinamo.html