ҲУШДОРИ ЧИН БА КОХИ САФЕД
Чин ба Амрико ҳушдор дода, ки дар сурате, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо Долой Ломо, раҳбари будоиёни Тибет, мулоқот кунад, ин мавзӯъ метавонад латмаи ҷиддӣ ба робитаи ду кишвар ворид кунад. Чжу Вейгун, як мақоми аршади ҳизби кумунисти Чин гуфт дар сурати анҷоми ин мулоқот, Чин вокуниши муносиб нишон хоҳад дод. Кохи Сафеди Амрико гуфтааст, ки Барак Обама қасд дорад бо Долой Ломо, ки қабл аз поёни моҳи ҷории мелодӣ ба Вошингтун сафар хоҳад кард, мулоқот кунад, вале таърихи ин дидор эълом нашудааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Пекин мегӯяд ҳангоме ки раҳбари будоиёни Тибет соли гузашта ба Амрико сафар кард, оқои Обама бо вай мулоқот накард ва чунончи манзур аз ин адами дидор додани имтиёзе аз ҷониби Амрико ба Чин буда, ба назар намерасад мақомоти Чин ин мавзӯъро дар назар гирифта бошанд.
Ахиран ҳайъате аз ҷониби Долой Ломо ба Пекин сафар кард ва дар бораи вазъияти Тибет бо мақомоти Чин гуфтугӯ кард, вале пас аз поёни ин музокироти панҷрӯза мақомоти Чин эълом карданд, ки камтарин пешрафте дар заминаи ҳалли ихтилофот ҳосил нашуда ва ҳушдор доданд, ки кучактарин мусолиҳае дар заминаи ҳокимияти Тибет нахоҳанд кард.
Аз соли 2002, ин нуҳумин боре буд, ки намояндагони ду тараф бо якдигар мулоқот мекарданд, вале ин гуфтугӯҳо бидуни натиҷа монд. Бо вуҷуди шӯришҳо ва эътирозҳо ба ҳукумати Чин дар Тибет, мақомоти Чин муътақиданд, ки сиёсатҳои онон дар қиболи Тибет дуруст аст.
Давлати Чин барои солҳои тӯлонӣ ба манзури мунзавӣ кардани Долой Ломо аз раҳбарони кившарҳои хориҷӣ дархост карда бо Долой Ломо мулоқот накунанд. Таниши ҷадид дар равобити ду кишвар дар ҳоле аст, ки фурӯши таслиҳотӣ ба арзиши 6 милёрду 400 милюн дулор тавассути Амрико ба Тойвон бо эътирози шадиди мақомоти Чин рӯбарӯ шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1663-2010-02-02-14-51-45.html