14:51:01 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АБДУЛЛОҲ: ХОСТОРИ ТАҒЙИРИ НИЗОМИ СИЁСӢ ҲАСТАМ

 

Абдуллоҳи Абдуллоҳ, номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон хостори тағйири низоми сиёсии ин кишвар аз раёсатӣ ба порлумонӣ шудааст.

Оқои Абдуллоҳ, ки дар Кобул барои ҳаводорони худ суханронӣ мекард, гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, тағйири низоми сиёсии Афғонистон яке аз барномаҳои аслии ӯ хоҳад буд. Ӯ гуфт, ки низоми порлумонӣ ба шакли беҳтаре ба тақозоҳо ва ниёзмандиҳои мардум ҷавобгӯ хоҳад буд. Қонуни Асосии Афғонистон, низоми раёсатиро барои ин кишвар дар назар гирифтааст ва ҳар гуна тағйир дар ин қонун, ниёзманди барпойии гирдиҳамоии бузург (Луи ҷирга)-и афғонҳост.

Оқои Абдуллоҳ ҳамчунин дар бахши барномаҳои амниятии худ гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот бо Толибон музокира хоҳад кард.

Бо ин ҳол, ӯ таъкид кард, ки музокира бо Толибон ниёзманди "баҳси миллӣ" аст ва гуфт, ки мардуми Афғонистон бояд рӯйи чигунагии анҷоми ин музокирот тасмим бигиранд.


Ҳузури пурранги муҷоҳидин


Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз наздикони Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи фақиди муҷоҳидин аст ва собиқаи "ҷиҳодӣ" дорад. Бархе аз муҷоҳидини собиқ, аз ҷумла Бурҳониддини Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъият аз номзадии оқои Абдуллоҳ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонстон ҳимоят кардаанд. Оқои Абдуллоҳ эълом кардааст, ки агар дар интихобот пирӯз шавад, ҳузури муҷоҳидинро дар давлат, бавижа дар арсаҳои амниятӣ ва дифоъӣ, пуррангтар хоҳад кард.

Он чи ки канор задани муҷоҳидин аз қудрат хонда мешавад, зарфи солҳои ахир муҳимтарин гилояи гурӯҳҳои тарафдори муҷоҳидин дар Афғонистон аз идораи ба раҳбарии Ҳомиди Карзай будааст.

Аммо оқои Карзай, моршол Фаҳими Қасим, аз чеҳраҳои ҷиҳодиро ба унвони муъовини худ дар интихобот биргузида аст. Огоҳони умур бовар доранд, ки ин кор, талоше аз сӯйи оқои Карзай барои ҷалби дубораи эътимоди гурӯҳҳои ҷиҳодӣ нисбат ба ӯ будааст. Раҳбарони собиқи ҷиҳодӣ, ҳанӯз дар бисёре аз манотиқи Афғонистон аз нуфуз дар миёни ҳаводорони худ бархурдор ҳастанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi