06:03:12 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaotunbaeva.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaotunbaeva.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaotunbaeva.jpg'

ОТУНБАЕВА РАҲБАРИ МУВАҚҚАТИИ ҚИРҒИЗИСТОН ШУД

Роза Отунбаева, вазири пешини корҳои хориҷии Қирғизистон, баъд аз фирори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев раҳбарии ҳукумати муваққатӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст. Хонум Отунбоева, ки дар ҳукумати Боқиев муддате вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон буд, дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе эълон кард. Вай гуфтааст, иттиҳоди мухолифин ба нақша гирифтааст, ки як ҳукумати муваққатӣ барои 6 моҳ ташкил диҳанд, то дар кишвар тарҳи Сарқонуни нав таҳия шавад.

 

Бино ба гузоришҳо, мухолифин давоми рӯзи чоршанбе ниҳодҳои амниятии кишвар, шабакаи телевизиони давлатӣ ва дигар биноҳои давлативу ҳукуматиро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Ҳини задухӯрдҳо миёни эътирозгарони мухолифин ва неруҳои амниятӣ дастикам 40 нафар кушта шудааст. Намояндагони мухолифин мегӯянд, ки раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев Бишкекро тарк карда, ба шаҳри Ӯш рафтааст. Вале баъзеҳои дигар мегӯянд, ки президенти фирорӣ кишварро Қирғизистон карда, дар Қазоқистон ба сар мебарад.

 

Рамазон Дирилдаев, раиси кумитаи ҳуқуқи башари Қирғизистон ва яке аз раҳбарони мухолифини қирғиз, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз дар охири рӯз маълум шуд, ки нахуствазири кишвар бо аъзои кобинаи худ ба истеъфо рафтанд. Вале то он вақт президент Боқиев кишварро тарк кард ва ҷои буду боши вай маълум нест. Барои ҳамин мо гуфта метавонем, ки дар Қирғизистон дар панҷ соли ахир бори дуввум инқилоб рух дод. Мардум натавонист ҳокимияти хонаводаи ришватхори Боқиевро таҳаммул кунад ва ҳукуматро ба истеъфо фиристод".

 

-Аз гуфтаҳои шумо чунин бармеояд, ки президент кишварро тарк кардааст ва ҳукумат ба истеъфо рафтааст. Ҳоло раҳбарии Қирғизистон дар дасти кист?

 

-Раҳбарии Қирғизистон ҳоло дар дасти Кумитаи тоинқилобист. Ҳамин гуна созмоне ҳаст ва дар он даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруфи мухолифон дохиланд. Онҳо Кумитаи иҷроӣ ташкил карданд ва раҳбарии онро Роза Отунбоева, вазири корҳои хориҷаи пешини Қирғизистон, раҳбарӣ мекунад. Вай дар гузашта сафири Қирғизистон дар Амрико ва Бритониё буд.

 

Ба ин кумита 13 нафар дохил шудаанд, аз ҷумла, Ҳизби сотсиалистии «Ата Мекен» бо раҳбарии Умурбек Тикебаев ва муовинаш Чотонов, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ Атамбаев ва узви ин ҳизб Роза Отунбаева ва ҳамин гуна чанд ҳизби дигар дохил мешаванд. Ба он ҳамчунин Азимбек Бекназаров, яке аз шахсиятҳои муҳими мухолифин, ки дар инқилоби 5 соли пеш саҳми муҳим дошт ва чанд нафари дигар аз шахсиятҳои сиёсии мухолифин ҳастанд.

 

-Агар президент Боқиев даст ба тадбирҳои низомӣ занад, имкон дорад, ки вазъ бадтар шавад ва ё чунин тадбирҳо истисно дониста мешавад? Шмо чӣ фикр мекунед?

 

-Ҳар гуна талош ва иқдоми Боқиев бенатиҷа аст, чунки мардум аз вай ҷонибдорӣ намекунад. Дирӯз вазорати корҳои дохила ба тарафи мухолифин гузашт. Додситонии кулл, Хадамоти амнияти миллӣ ва сохторҳои дигар ҳам ба дасти мухолифин даромадаанд. Дар минтақаҳо низ намояндагони интихобкардаи мардум раҳбариро ба даст гирифтаанд. Ба ҳамин тартиб аз режими Боқиев чизе намонд.

 

-То ҳамин лаҳзаҳое, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, ҳамаи мухолифоне, ки рӯзҳои ахир ва то замони ин нооромиҳо зиндонӣ шуда буданд, аз зиндонҳо раҳо шудаанд?

 

Рамазон Дирилдаев: -Бале ҳамаи онҳое, ки дирӯз ва як рӯзи пеш зиндонӣ шуда буданд. Гузашта аз ин Исҳоқов, вазири пешини дифо, ки режими Боқиев ӯро зиндонӣ карда буд, дирӯз озод шуд. Ҳоло барои раҳоии зиндониёни дигар тадбирҳо андешида мешавад.

 

-Тазоҳуркунандагон проканда шудаанд ё ҳанӯз нооромӣ идома дорад?

 

-Соати 23-и вақти Бишкек бинои ҳукуматро мардум гирифтанд. Ҳоло онҳо пароканда нашудаанд. Онҳо бояд вазъро назорат кунанд, то ки ягон ҳодиса рух надиҳад ва боқимондаҳои режими қаблӣ талоше анҷом надиҳанд.

 

-Вале рафтори онҳо сулҳҷӯёна аст?

 

-Бале, сулҳҷуёна рафтор мекунанд. Ҳоло Кумитаи нави иҷроия вазъи фавқулодда эълон кардааст. Коменданти нави Бишкек сарҳанги пулис Мадубеков таъин шудааст. Онҳо бо сохторҳои кӯҳна кор мекунанд, то ки баъзе шахсоне, ки дар сохторҳои кӯҳна буданду то ҳол ба мухолифин нагузаштаанд ба ҷониби ҳукумати нав гузаранду хидматро шурӯъ кунанд.

 

-Баъзе намояндагони мухолифин дар давраи ҳукумати Боқиев кишварро тарк карданд ва ҳоло дар кишвкарҳои хориҷӣ ба сар мебаранд. Сарнавишта онҳо чӣ тавр хоҳад шуд. Онҳо ба Қирғизистон бармегарданд?

 

-Алакай хабарҳое дар даст ҳаст, ки пагоҳ баъзеи онҳо бармегарданд. Ҳамаи онҳо омадаанд ба ватан баргарданд ва ба ватани худ хидмат кунанд. Масалан Эдил Байсалов аз Шветсия дар ин бора изҳорот дод. Байболов, Бекимов, Ҷиенбеков аз Вошингтон ва ба ҳамин тартиб рӯшан шудааст, ки бисёриҳо бармегарданд.

 

-Оё задухӯрдҳо хотима ёфтааст ва метавонем бигӯем, ки ба ҳар ҳол чанд нафар дар ин ҳодисаҳо кушта шудаанд?

 

-Задухӯрдҳо хотима ёфтааст. Мегӯянд, ки дар морг 47 нафар кушташудагонро овардаанд ва бештар аз 400 нафар дар бемористонҳои шаҳри Бишкек қарор доранд.

 

-Қадамҳои баъдии раҳбарияти нав чист?

 

-Кумитаи инқилобӣ ба эҳтимоли зиёд тадбирҳои инқилобӣ меандешад. Касоне, ки ҷиноят карданд ва дороиро моли худ кардаанд, онро ба мардум бармегардонанд. Шояд Сарқонуни нав низ қабул кунанд. То он вақт раҳбарияти кишварро кумитаи иҷроӣ бар ӯҳда мегирад, ки дирӯз ҳокимиятро ба даст гирифт.

 

-Оё раисиҷумҳури пешин Аскар Акаев ба ҳукумат ҷалб хоҳад шуд ё вай истисност?

 

-Истисност, зеро Боқиев дастпарвари Аскар Акаев аст. Акаевро мардуми мо дар вақташ барои раҳбарияти хонаводаӣ ва ришватхорӣ ронда буд. Вақте, ки вай талош кард, духтарону писарони худро ба парлумон барад, то ки умри ҳукумати худро дароз кунад, мардум бархост ва ӯро ронд.

 

Нурмуҳаммади Холзода, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2072-2010-04-08-05-08-01.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854