06:06:13 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaaroza---2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaaismoil-isoqov--2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaaismoil-isoqov--3.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaaroza---2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaaismoil-isoqov--2.jpg'

ДЕКРЕТИ ҲУКУМАТИ МУВАҚҚАТИ ҚИРҒИЗИСТОН

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, Декрети ҳукумати навро эълон кард. Мувофиқи ин Декрет, ваколатҳои ҳокимият то қабули Сарқонуни нав ба дасти ҳукумати муваққатӣ гузаштааст. Нашри пайиҳами таҳаввулоти Қирғизистон. Ҳукумати муваққатӣ тамоми ваколатҳои идора кардани Қирғизистонро бар ӯҳда гирифт. Ин ваколатҳоро ҳукумати муваққатӣ то таъсиси ҳукумати нав дар муддати шаш моҳ иҷро хоҳад кард.

 

Роза Отунбоева гуфт, ки порлумон пароканда ва фаъолияти Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ боздошта шуд. Тибқи декрети ҳукумати муваққатӣ, сохторҳои ҳукуматии собиқа ҳифз мешавад.

 

Вазифаҳо тақсим шуд

 Алмосбек Атамбоев ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ дар масоили иқтисод ва инноватсияҳо таъйин шуд. Темир Сариев масоили молӣ ва қарзҳоро дар ҳукумати муваққат бар дӯш гирифт. Омурбек Текебоев дар бахши ислоҳоти Қонуни асосӣ ва платформаи ҷадиди ҳукумат ноиб таъйин гардид ва Азимбек Бекназаров масъалаҳои додситонӣ, додрасӣ ва пулиси молиро таҳти назорат гирифт.

 

Роза Отунбоева эълон кард, ки раҳбарони ҳамаи ниҳодҳои ҳукумати марказӣ, маҳаллӣ, кормандони сафоратхонаҳои Қирғизистон дар хориҷа ваколатҳои худро то таъсиси ҳукумати нав иҷро хоҳанд кард. Ба гуфтаи раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, тарифҳои аввалияи барқу хизматҳои коммуналӣ дубора барқарор карда мешаванд. Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки як ҳайати вижа аъмоли раҳбарони собиқи ҳукумат ва фоҷиаҳои рӯзҳои ахирро пажӯҳиш хоҳад кард.

 

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Исоқов, вазири дифои пешини Қирғизистон аз зиндон раҳо гардид ва ба мақоми вазири дифоъ таъйин гардид. Болот Шерниёзов мақоми вазири дохила ва Кенешбек Дуйшебоев раиси кумитаи амнияти Қирғизистон таъйин шуд. Роза Отунбоева гуфт, ин ҳукумат то таъсиси ҳукумати нав ваколатҳои худро иҷро мекунад ва дар кишвар вазъиятро ба эътидол меоварад.

 

Отунбаева раҳбарии ҳукумати муваққатиро бар Ӯҳда гирифт

 Роза Отунбаева, вазири пешини корҳои хориҷии Қирғизистон, баъд аз фирори раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев раҳбарии ҳукумати муваққатӣ дар ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст. Хонум Отунбоева, ки дар ҳукумати Боқиев муддате вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон буд, дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ эълон кардааст. Вай гуфтааст, иттиҳоди мухолифин ба нақша гирифтааст, ки як ҳукумати муваққатӣ барои 6 моҳ ташкил диҳанд, то дар кишвар тарҳи Сарқонуни нав таҳия шавад.

 

Бино ба гузоришҳо, мухолифин давоми рӯзи чоршанбе ниҳодҳои амниятии кишвар, шабакаи телевизиони давлатӣ ва дигар биноҳои давлативу ҳукуматиро дар ихтиёри худ гирифтаанд. Ҳини задухӯрдҳои дирӯза миёни эътирозгарони мухолифин ва неруҳои амниятӣ дастикам 40 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

 

Намояндагони мухолифин мегӯянд, ки раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев Бишкекро тарк карда, ба шаҳри Ӯш рафтааст. Вале баъзеҳои дигар мегӯянд, ки президенти фирорӣ кишварро тарк карда, дар Қазоқистон ба сар мебарад.

 

Вокуниши Вошингтон

 Амрико аз даргириҳои сиёсӣ дар Қирғизистон изҳори таассуф намуда, ҳукумат ва мухолифинро ба худдорӣ ва муколама даъват кардааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико Пи Ҷей Кровлӣ гуфт, Амрико вазъи Қирғизистонро бо диққат пайгирӣ мекунад. Вай афзуд, намояндагони ИМА бо мақомот ва раҳбарони ҷомеаи Қирғизистон дар тамос шуда, онҳоро ба оромӣ даъват кардаанд.

 

Ҷаноби Кровлӣ гуфт, фурӯдгоҳи Манас, ки нуқтаи калидии транзити муҳимот ба нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон мебошад, ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад. Вай инчунин хабар дод, ки сафорати Амрико дар Бишкек баста нашудааст.

 

Таваққуфи мулоқоти расмии Максим Боқиев

 Бино ба иттилои сухангӯи вазорати хориҷаи ИМА, ҳайати расмии Қирғизистон, бо шумули вазири корҳои хориҷӣ Канат Саудабаев ва раиси оҷонси рушд ва сармоягузории Қирғизистон Максим Боқиев - писари президент Боқиев, барои ширкат дар муколамаи сатҳи олӣ дар Вошингтон ба сар мебаранд.

 

Ин нишаст қабл аз ҳодисаҳои Бишкек тарҳрезӣ шуда буд. Гуфтушунидҳои ҳайати Қирғизистон бо намояндагони ҳукумати Амрико мебоист дирӯз шуруъ мешуд, аммо тавре ки оқои Кровлӣ хабар дод, музокиротро ба рӯзи 8 апрел мавқуф гузоштаанд

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2073-2010-04-08-07-56-48.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854