06:03:55 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaakaev1.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaakaev1.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/04/08_--01-a-aaaaaakaev1.jpg'

РАИСИ ҶУМҲУРИ ФИРОРИРО ДАСТГИР КУНЕД

Дар ҳоле ки авзоъи сиёсии Қирғизистон дар пайи нооромиҳои рӯзи гузашта ҳамчунон мубҳам аст, раҳбарони мухолиф аз фирори раиси ҷумҳурӣ хабар дода ва хостори дастгирии ӯ шудаанд. Бомдоди рӯзи панҷшанбе, 8 апрел, сухангӯёни раҳбарони мухолифони давлати Қурбонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, эълом карданд, ки вафодории нерӯҳои мусаллаҳро касб карда ва бо тасаллут бар марокизи аслии давлатӣ дар Бишкек, пойтахт, як давлати интиқолиро барои идораи умури ин кишвар ташкил додаанд.

 

Раҳбарони мухолиф ҳамчунон аз мардум хостаанд, то бо ёфтани оқои Боқиев ва мақомоти аршади сарнагуншудаи ӯ, ин ашхосро дастгир кунанд ва барои расидагии ҷароим ва тахаллуфоти онон, ба маъмурони давлати интиқолӣ таҳвил диҳанд. Ба гуфтаи мухолифон, Қурбонбек Боқиев дасти кам ҳамроҳ бо яке аз вазирони худ ба манотиқи ҷанубии кишвар гурехта ва дар назар дорад бо таҷҳизи ҳимояти маҳаллӣ, муқовимат дар баробари давлати интиқолиро созмон диҳад.

 

Хабаргузории РИА Новости гузориш додааст, ки ҳудуди се ҳазор тарафдорони раиси ҷумҳури Қирғизистон барои пуштибонӣ аз оқои Боқиев дар Ҷалол-обод таҷаммуъ кардаанд.

 

Роза Отунбоева, аз раҳбарони мухолифи давлати Боқиев ва аз вазирони хориҷаи собиқи Қирғизистон, гуфтааст, ки давлати интиқолӣ дастури инҳилоли порлумонро содир карда ва дар назар дорад бо тадвини қонуни асосии ҷадид, заминаи баргузории интихоботи озодро зарфи шаш моҳи оянда фароҳам оварад.

 

Бо ин ҳама, ҳанӯз авзоъи дохилии Қирғизистон мубҳам аст ва мушаххас нест, ки дар нуқоти мухталифи ин кишвар чи касоне ихтиёри умурро дар даст доранд. Дар ҳоле ки мухолифон гуфтаанд, ки нахуствазири Қирғизистон аз симати худ истеъфо дода, иттилоъе аз маҳалли ихтифои оқои Боқиев дар даст нест ва иттилоъияяе ҳам аз тарафи ӯ содир нашудааст.

 

То кунун ҳеҷ кишвари хориҷӣ давлати интиқолиро ба расмият нашнохтааст ва бахусус мавзеъгирии Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар қиболи эъломи ташкили давлати интиқолӣ мушаххас нест.

 

Омрико ва Русия ҳар ду дорои пойгоҳҳои низомӣ дар хоки Қирғизистон ҳастанд ва Русия ин кившарро бахше аз ҳавзаи нуфузи минтақавии худ маҳсуб мекунад. Иёлоти Муттаҳида аз пойгоҳи ҳавоии худ дар Қирғизистон ба манзури пуштибонии тадорукотӣ аз нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон истифода мекунад. Рӯзи гузашта сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Эрон, аз нооромӣ дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ кард ва хостори бозгашти оромиш ба ин кишвар шуд.

 

Дар иттилоъияи вазорати хориҷаи Эрон омадааст, ки давлати Ҷумҳурии Исломӣ "бо таваҷҷуҳ ба равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон дорад, хоҳони бозгашти ҳар чи сареътари суботи дохилии ин кишвар ва ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва ба хатар афтодани субот ва амният дар минтақаи ҳассо ва муҳими Осиёи Марказӣ аст.

 

Такрори таърих?

Хабари суқути марокизи аслии давлатӣ дар пойтахти Қирғизистон дар пайи як рӯзи ноороме ва хушунат дар Бишкек ва чанд шаҳри дигари ин кишвар интишор ёфт. Рӯзи сешанбе тазоҳуркунандагони мухолифи давлати Қурбонбек Боқиев дар шаҳр Талас даст ба роҳпаймоӣ заданд ва бо тасарруфи сохтмони фармондорӣ, фармондорро барои муддате ба гаравгон гирифтанд ва дар хилоли соъоти шаб, бо идомаи таҷаммуъ дар хиёбонҳо, ба оташ задани лостик ва ҳамла ба сохтмонҳои давлатӣ идома доданд.

 

Бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар Бишкек, чансад тан тазоҳуркунанда бо дар даст доштан парчамҳои обиранг, дар баробари дафотири яке аз аҳзоби мухолифи давлат иҷтимоъ карданд ва дар назар доштанд то барои тарҳи дархости канорагирии раиси ҷумҳурӣ, аз ин маҳал то кохи раёсати ҷумҳурӣ даст ба роҳпаймоӣ бизананд.

 

Бо интишори хабари дастгирии густардаи раҳбарони мухолифон ва тавассули нерӯи амниятӣ ба хушунат барои ҷилавгирӣ аз ин роҳпаймоӣ, тазоҳуроти Бишкек басуръат густариш ёфт ва бо ҳузури даҳҳо ҳазор тан аз муътаризон ва муқобилаи нерӯҳои интизомӣ бо онон, ба хушунат кашида шуд.

 

Дар авохири рӯзи чаҳоршанбе гузориш шуд, ки маъмурони муҳофизи марокизи ҳассоси ҳукуматӣ ба сӯйи роҳпаймоён оташ гушудаанд ва чандин нафарро кушта ва захмӣ кардаанд, дар ҳоле ки гузоришҳое аз ҳамлаи мардуми хашмгин ба нерӯҳои пулис ва ба оташ кашидани сохтмонҳои давлатӣ ҳам интишор ёфта буд.

 

Ҳамзамон гузоришҳое аз тасарруфи истгоҳи родию ва телевизиюни давлатӣ дар Бишкек интишор ёфт ва дар соъоти баъдӣ, бархе аз раҳбарони мухолифон аз суқути марокизи умдаи давлатӣ дар пойтахт ва эъломи ҳамбастагии нерӯҳои мусаллаҳ хабар доданд.

 

Дар сурате, ки суқути давлат ба раҳбарии Қурбонбек Боқиев таъйид шавад, ин дувумин бор тайи панҷ соли ахир аст, ки раҳбари ин ҷумҳурии собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар пайи эътирози мардум ба бекифоятӣ, худкомагӣ ва фасоди ҳукуматӣ аз кор барканор мешавад.

 

Дар моҳи феврали соли 2005 тазоҳуроте ба манзури эътироз ба натиҷаи эъломшудаи интихоботи порлумонӣ ва тақаллуб дар ин интихобот баргузор шуд ва бо муқовимати Аскар Акаев, раиси ҷумҳури вақт барои лағви натиҷаи интихобот, эътирозоти густарда ва сарнагунии оқои Акаев ва фирори ӯ ба хориҷ дар моҳи мартро дар пай овард. Оқои Акаев пас аз муддате музокира бо раҳбарони мухолиф саранҷом аз симати худ расман истеъфо дод.

 

Бо суқути давлати вақт, Қурбонбек Боқиев бо барномаи ҳовии беҳбуди шароити иқтисодӣ, таҳкими демукросӣ ва назорати мардум ва мубориза бо фасоди ҳукуматӣ ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шуд, аммо ба гуфтаи мухолифон, натанҳо ба ин ваъдаҳо амал накард, балки заминаро барои фасоди густардаи ниҳодҳо ва афроди вобаста ба худ фароҳам оварад.

 

Дар моҳи сентябри соли гузашта, интихоби раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон баргузор ва эълом шуд, ки оқои Боқиев бо касби беш аз ҳафтод дарсади оро, дар ин интихобот пирӯз шуда, аммо номзадҳои мухолиф ин интихоботро омехта бо тақаллуб ва натиҷаи онро мадхуш эълом доштанд.

 

Дар хилоли моҳҳои баъд, давлат ба манзури таҳкими қудрати худ, ба маҳдуд кардани фаъолияти сиёсии мухолифон, маҳдудиятҳои расонаӣ ва саранҷом боздошти раҳбарони мухолиф дар моҳи гузашта рӯй овард , ки заминаи эътирозоти пароканда ва саранҷом тазоҳуроти густардаи ду рӯзи гузаштаро фароҳам сохт.

 

Ба назар мерасад, ки оқои Боқиев талош доштааст бо тавассул ба хушунат ва саркӯби мухолифон, аз такрори тазоҳуроте мушобеҳи соли 2005 ҷилавгирӣ кунад, аммо дар ин иқдом ноком монд, дар ҳоле ки мардум бо таваҷҷуҳ ба муваффақият дар сарнагунии раиси ҷумҳурии қаблӣ, шикебоии камтаре дар баробари он чи ки бекифоятӣ ва фасоди ҳукумат медонистанд, аз худ нишон доданд.

 

Зоҳиран раҳбарони мухолиф низ дар назар доранд бар хилофи вақоеъи соли 2005, зимни талош барои барканории сареъи раиси ҷумҳурӣ, мавзеъи қотеъонатаре дар баробари ӯ иттихоз кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2077-2010-04-08-12-15-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854