03:41:05 01-уми Июни 2025 сол

ВОГУНҲОИ ЭРОНӢ ҲАМ ДАР ӮЗБАКИСТОН БАНД МОНДААНД

Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, ки 200 вогуни бории Эрон низ ҳамроҳ бо вогунҳои бории Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбакистон банд мондааст. Ба гуфтаи Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисодии ин сафоратхона, аз ин ҷумла 70 вогун ҳомили маводди сохтмонӣ барои нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" будааст. Ахиран дар пайи дархостҳои мукаррари сафорати Эрон дар Тоҷикистон ҷониби Ӯзбакистон чаҳор вогуни ширкати "Сангоб"-ро иҷозаи убур ба Тоҷикистон додааст.

 

Оқои Баёнӣ таъкид кард, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон зимни муроҷиъа ба вазорати хориҷаи кишвари худ хостори мусоъидат ба ҳалли сареъи ин мушкил шуда ва мақомоти эронӣ ин мавзӯъро дар сатҳи боло барарсӣ мекуанд.

 

Пештар гузориш шуда буд, ки Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Русия низ зимни як нома аз мақомоти Ӯзбакистон хостааст, то барои интиқоли вогунҳои бории Тоҷикистон аз тариқи ин кишвар иҷоза диҳанд. Каромат Шарифов, раиси ин созмон, рӯзи сешанбеи 1 июн, дар сӯҳбате телефонӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин муҳосираи иқтисодӣ бештар сокинони оддӣ ва фақири Тоҷикистон осеб мебинанд.

 

Ба эътиқоди оқои Шарифов, ба дунболи мутаваққиф шудани вогунҳои бории Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбакистон қимати маводди сӯхтӣ ва ғизоӣ боло рафта ва ин амр бар вазъи зиндагии ҷамъияти кишвар асароти ҷиддӣ гузоштааст.

 

Ҳамзамон, Каромат Шарифов аз мавзеъгирии Русия дар қиболи ин қазия интиқод карда ва гуфт, дар ҳоле ки Русия ба мавориди шуюъи бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит дар Тоҷикистон вокуниши сареъ нишон додааст, аммо дар мавриди муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбакистон ибрози назаре накардааст.

 

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Шарифов, вогунҳои аслиҳа ва муҳиммоти ҷангии Русия бидуни мамонеъат аз тариқи Ӯзбакистон ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ворид мешаванд. Ҳамчунин, ӯ таъкид кард, ки Иттиҳоди Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ ё Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки Тоҷикистону Ӯзбакистон аъзои ин созмонҳо ҳастанд, дар ин замина хомӯширо ихтиёр кардаанд.

 

Ин масъули Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” гуфт, ки аз вазъи фалокатбори Тоҷикистон бар асари ин муҳосираи иқтисодӣ шадидан нигарон буда ва бо созмонҳои муҳоҷирати кории Ӯзбакистон дар Русия талошҳои худро барои ҳалли ин мушкил ҳамоҳанг мекунанд, то аз тариқи номаву муроҷиъатномаҳо ба мақомоти ин ду кишвар онҳоро ба ҳалли сареъ ва мусолиматомези ин қазия водор кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз вахимтар шудани вазъи ҳаракати қаторҳои бории Тоҷикистон аз тариқи Ӯзбакистон хабар доданд. Усмон Қаландаров, муъовини раиси ин ширкат, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло беш аз ду ҳазор вогуни бории Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ӯзбакистон мутаваққиф шудаанд, ки аз ин миён ҳудуди 1000 вогун ба ниҳоди роҳи оҳани вилояти Хатлони ин кишвар мутаъаллиқ аст.

 

Оқои Қаландаров таъкид кард, ки бахши аслии вогунҳо ҳомили маводди ғизоӣ, маводди сӯхтӣ ва сохтмонӣ ҳастанд, ки барои сокинони аз ҳаводиси табиъӣ осебдидаи ин вилоят мунтақил мешавад. Манобеъи ширкати “Ӯзбакистон темир йӯлларӣ” ба навбаи худ гуфтанд, ки бар асари борандагии шадид ва ҷорӣ шудани сел қитъае аз роҳи оҳани самти Хатлони Тоҷикистон хароб шуда ва аз ин лиҳоз, ҳаракати қаторҳо ба ин самт мутаваққиф шудааст.

 

Ҷониби Ӯзбакистон ба ҳамтоёни тоҷики худ пешниҳод кардааст, ки то замони тармиму бозсозии роҳ вогунҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ирсол шаванд, аммо ҷониби Тоҷикистон ин пешниҳодро напазируфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Усмон Қаландаров, муъовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ин ширкат омодагии худро барои тармими қисмати роҳи оҳани Амузанги Ӯзбакистон иброз дошта, вале ба ин пешниҳод посухе дарёфт накардааст.

 

Оқои Қаландаров гуфт, ки дар зарфи беш аз се ҳафта аз тариқи Ӯзбакистон ба вилояти Хатлон танҳо 300 вогуни борӣ ворид шудааст. Ба далели мутаваққиф шудани вогунҳо 1500 корманди роҳи оҳан дар вилояти Хатлон бекор мондаанд. Гуфта мешавад мутаваққиф шудани вогунҳои бории вилояти Хатлон дар Ӯзбакистон дар роҳи судури маводди кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ низ монеъ шудааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2398-2010-06-02-10-19-26.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854