01:48:32 01-уми Июни 2025 сол

ТАЪКИДИ КОНГРЕССИ АМРИКО БАР ТАҲРИМИ МУҶАДДАДИ ЭРОН

Муттаҳидони Борок Убомо, раиси ҷумҳури Амрико дар Конгресс аз Клик чаҳорумин қатъномаи таҳримии Шӯрои Амният алайҳи Эрон истиқбол карда ва гуфтаанд, таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон низ эҳтимолан то се ҳафтаи дигар тасвиб хоҳад шуд. Ҳовард Берман, раиси демукроти кумитаи сиёсати хориҷии Маҷиси Намояндагон, чаҳоршанбе, нуҳуми июн, қатъномаи 1929-ро “як пирӯзии диплумотики муҳим” барои давлати Убомо донист.

 

Туркия ва Бразил аз аъзои ғайридоими Шӯрои Амният ба ин қатънома раъйи манфӣ доданд ва Лубнон низ ба он раъйи мумтанеъ дод. Ҳовард Берман пешбинӣ карда Конгресс дар моҳи ҷорӣ (июн) тарҳи таҳрими густардаи Эронро тасвиб кунад. Ҳовард Берман гуфт: “Конгресси Амрико бо тасвиби қонуни таҳрими Эрон дар ин моҳ саҳми худро анҷом хоҳад дод.”

 

Қарор буд ин тарҳро, ки шомили таҳрими ширкатҳои таъминкунандаи бензини Эрон, саноеъи петрушимӣ ва бонки марказии ин кишвар мешавад, дар моҳи қабл (май) тасвиб кунад. Аммо раҳбарони демукроти Конгресс тасвиби тарҳи мазкурро ба баъд аз иқдоми Шӯрои Амният алайҳи Эрон мавкул карданд.

 

Сенатор Ҷон Кейри, раиси демукроти кумитаи равобити хориҷии Маҷиси Сено чаҳоршанбе пешбинӣ кард, ки теъдоде аз кишварҳо базудӣ таҳримҳои ҷудогонаеро алайҳи Эрон дар назар бигиранд. Бар асоси гузоришҳо, Иттиҳодияи Урупо авосити моҳи ҷорӣ таҳрими Эронро баррасӣ хоҳад кард.

 

Сенотур Кейри гуфт қатъномаи Шӯрои Амният иброзҳои сиёсӣ ва иқтисодии тозае ба Амрико ва ҷомеъаи байналмилалӣ барои таҳти фишор қарор додани Эрон медиҳад. Ӯ гуфт: “Дар чанд ҳафтаи оянда фишорҳо бар Эрон афзоиш хоҳад ёфт.”

 

“Пашизе намеарзад”

Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон гуфтааст: “Ин қатъномаҳо барои миллати мо Клик пашизе намеарзад”.

 

Ӯ, ки ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, сафар карда, таъкид кардааст: “Ба яке аз онҳо пайғом додам, ки ин қатъномаҳо, ки шумо содир мекунед, мисли дастмоли масрафшудае аст, ки бояд дар зуболадон андохта шавад."

 

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Амрико, таҳримҳои ҷадидро “шадидтарин” таҳримҳое донистааст, ки то кунун алайҳи Эрон дар назар гирифта шудааст. Ӯ таъкид кард давлати Эрон бояд дарк кунад, ки амнияти воқеъӣ аз тариқи талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ ба даст намеояд. Эрон барномаи атомии худро сулҳомез медонад.

 

Аз сӯйи дигар, Луиз Иносию Луло Досилво, раиси ҷумҳурии Бразил, ки кишвараш ба қатъномаи Шӯрои Амният раъйи манфӣ дод, ин қатъномаро “фурсати таърихии аздастрафта” донистааст. Ӯ пас аз иқдоми Шӯрои Амният гуфт: “Мутаассифона ин дафъа Эрон буд, ки мехост музокира кунад, аммо онҳое намехостанд (музокира кунанд) онҳое буданд, ки фикр мекунанд зӯр ҳама чизро ҳал мекунад.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2452-2010-06-10-05-30-11.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854