ЯК ФАРМОНДЕҲИ ТОЛИБОН ДАР ЗОБУЛ КУШТА ШУД
Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Қундуз, дар шимоли Афғонистон, гуфтаанд, ки фармондори "Қалъаи Зол"-и ин вилоят дар пайи инфиҷори бумби коргузоришуда дар канори ҷода кушта шудааст. Женерол Абдураззоқ Яъқубӣ, фармондеҳи пулиси Қундуз ба Би-би-сӣ гуфт, ки Муҳаммад Назир, шомгоҳи рӯзи шанбе, (10 июл) ҳангоми бозгашт аз рустои мавсум ба "Ҷанғариқ" буд, ки худрави ҳомили ӯ бо ин бумб бархӯрд кард. Фармондеҳи пулиси Қундуз гуфт, ки дар ин инфиҷор ронандаи оқои Назир ҳам кушта ва ду муҳофизи ӯ захмӣ шуданд.
Толибон масъулияти ин инфиҷорро ба дӯш гирифтаанд. Муҳаммад Назир ҳудуди яку ним сол пеш ба ин симат мансуб шуда буд ва гуфта мешавад, ки ӯ дар заминаи пайвастани дастаҳои вобаста ба гурӯҳҳои шӯришӣ дар "Қалъаи Зол" ба давлат талошҳои муассиреро ба роҳ андохта буд. Оқои Назир дар дар гузашта шуғли омӯзгорӣ доштааст. Паймони НОТУ дар эъломияе навишта, ки қатли оқои Назирро нишонае аз вазъияти зиндагӣ ва ҷонфишонии як маъмури хидмати умумӣ дар Афғонистон дониста ва гуфтааст, ки нерӯҳои таҳти амри ин паймон барои кумак ба мақомҳои афғон барои радёбии омилони қатли ӯ омадаанд.
Фармондеҳи Толибон дар Зобул кушта шуд
Дар як таҳаввули дигар, нерӯҳои байналмилалии таҳти фармони паймони НОТУ дар Афғонистон эълом кардаанд, ки як фармондеҳи Толибонро ба ҳамроҳи шуморе аз шӯришиён дар ҷануби ин кишвар куштаанд. НОТУ дар эъломияе гуфтааст, ки ин фармондеҳи Толибон дар пайи амалиёти муштараки НОТУ ва афғон рӯзи шанбе дар вулусволии Шаҳристони вилояти Зобул кушта шуд. НОТУ гуфта, ки номи ин фармондеҳ Мавлавӣ Шаҳҳобиддин буда ва бо ситезаҷӯёни "хориҷӣ" дар минтақа ҳамкорӣ доштааст. Дар эъломияи НОТУ ҳамчунин омада, ки Мавлавӣ Шаҳҳобиддин дар интиқоли маводди мавриди ниёз барои сохтани бумбҳои дастсоз даст доштааст.
Нерӯҳои байналмилалӣ гуфтаанд, ки ин фармондеҳи Толибон замоне кушта шуд, ки гурӯҳе аз шӯришиён бо сарбозони НОТУ ва афғон даргир шуданд. НОТУ гуфтааст, ки ин гурӯҳ аз шӯришиёни мусаллаҳ дар пайи оташи мутақобил аз сӯйи нерӯҳои муштарак аз по даромаданд, ки Мавлавӣ Шаҳобиддин ҳам дар миёни онҳо будааст. Дар эъломияи НОТУ шумори кулли афроди шӯришӣ, ки иддаъо шуда дар ин даргирӣ кушта шуданд, мушаххас нашудааст.
Нерӯҳои таҳти фармони паймони НОТУ дар Афғонистон гуфтаанд, ки сарбозони НОТУ ва афғон дар пайи ин даргирӣ, амалиёти ҷустуҷӯро дар минтақа оғоз ва дар натиҷа шуморе дигар аз шӯришиёнро боздошт карданд. Вилояти Зобул, дар ҷануби Афғонистон аз манотиқи башиддат ноором аст ва шӯришиёни вобаста ба гурӯҳи Толибон дар бархе аз манотиқи ин вилоят нуфуз кардаанд. Ин вилоят бо вилояти Қандаҳор, ки аз марокизи аслии Толибон шумурда мешавад, маркази муштарак дорад. Зобул пеш аз ин ҳам шоҳиди мавориди зиёде аз хушунат ва ноамнӣ будааст.
НОТУ ҳамчунин дар як эъломияи дигари худ гуфтааст, ки шуморе дигар аз шӯришиёнро дар вулусволии "Андар"-и вилояти Ғазнӣ дар маркази Афғонистон куштааст. Бар асоси ин эъломия, ин гурӯҳ аз шӯришиён ҳангоми таъқиби як фармондеҳи Толибон дар Ғазнӣ аз сӯйи нерӯҳои муштараки НОТУ ва Афғонистон кушта шуданд. НОТУ шумори дақиқи афроди кушташударо мушаххас накардааст. НОТУ гуфта, ки ин фармондеҳи Толибон бо гурӯҳи Алқоъида ва раҳбарии гурӯҳи Толибон дар Покистон иртиботи мустақим доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2653-2010-07-12-05-00-19.html