БРАЗИЛ ВА ТУРКИЯ: ЭРОН ВА 5+1 САРЕЪТАР ДИДОР КУНАНД
Вазирони хориҷаи Туркия ва Бразил дар дидор бо Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон, аз Эрон ва кишварҳои ғарбӣ хостанд дидорҳо ва гуфтугӯҳо дар мавриди барномаи ҳастаии ин кишварро ҳар чи сареътар аз сар бигиранд.
Дар поёни ин дидори сеҷониба, ки рӯзи якшанбе (25 июл) дар Истонбул баргузор шуд, Аҳмад Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия, дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд ва гуфт дар ин ҷаласа бар пойбандӣ ба тавофуқи Теҳрон таъкид шуд, аммо дар айни ҳол аз Эрон ва кишварҳои ғарбӣ хоста шуд ҳарчи сареътар дидорҳо ва музокиротро аз сар бигиранд. Оқои Довуд Уғлу мушаххасан пешниҳод кард вазири хориҷаи Эрон ва Котрин Эштун, масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Урупо, дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон гуқтугӯ кунанд.
Оқои Довуд Уғлу таъкид кард, агар дидорҳо байни мақомҳои Эрон ва масъулони Гурӯҳи 5+1 ё гурӯҳи Виен (Омрико, Фаронса ва Русия) анҷом нашавад, ҳеҷ кадом аз ин тавофуқҳо таъсире хоҳанд дошт. Қарор аст Эрон рӯзи душанбе дар барномае ба суолоти Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи тавофуқи Теҳрон (тавофуқи байни Эрон, Туркия ва Бразил) барои табодули сӯхти ҳастаӣ посух диҳад.
Ҳамчунин қарор аст рӯзи душанбе Иттиҳодияи Урупо таҳримҳои бештаре хориҷ аз чаҳорчӯби Шӯрои Амният алайҳи Эрон пешниҳод кунад. !6 майи гузашта сарони Бразил ва Туркия ба Теҳрон сафар карданд, то барои гушоиши бунбасти мавҷуд дар музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои Ғарбӣ талош кунанд.
Онҳо баъд аз дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии Эрон, баёнияе имзо карданд, ки аз назари онҳо роҳе буд барои идомаи музокироти ҳастаб ду тараф ва берун омадан аз бунбаст. Аммо ин тавофуқ тавонист ҷилуи тасвиби таҳримҳои бештари Созмони Милал алайҳи Эронро бигирад.
Вазирони хориҷаи Туркия ва Бразил дар поёни дидори рӯзи якшанбеи худ бо Манучеҳри Муттакӣ таъкид карданд, ки тавофуқномаҳое мисли тавофуқномаи Теҳрон роҳи ҳалли ниҳоӣ нестанд ва сирфан заминасозиӣ барои гуфтугӯҳои мустақими байни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 ҳастанд ва то он гуфтугӯҳо анҷом нашавад, ин тавофуқномаҳо таъсире нахоҳанд дошт.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2759------51---.html