| "ҶУЗЪИЁТИ ПИНҲОНИ" ҶАНГИ АМРИКО ДАР АФҒОНИСТОН ФОШ ШУД |
| Хабар - Равзана ба ҷахон | |||
| 26.07.2010 10:33 | |||
|
Давлати Амрико дарзи ин аснодро маҳкум кардааст. Ҷеймз Ҷунз, мушовири амнияти миллии Амрико рӯзи якшанбе тайи баёнияе гуфт Вошингтун ифшои иттилоъоти маҳрамонае, ки метавонад ҷони Амрикоиён ва муттаҳидони Амрикоро дар маърази хатар қарор диҳад ва амнияти миллии ин кишварро таҳдид кунад, қавиан маҳкум мекунад.
Оқои Ҷунз гуфт, ки Викиликс ҳеҷ талоше барои тамос бо давлати Амрико барои баҳс дар бораи ин аснод накард ва давлат танҳо аз тариқи созмонҳои хабарӣ аз интишори он бохабар шуд. Ӯ бо ғайримасъулона хондани дарзи ин аснод гуфт, ки ин кор бар таъаҳҳуди Амрико барои таъмиқи равобит бо Афғонистон ва Покистон ва шикаст додани душмани муштараки се кишвар асаре намегузорад.
Кохи Сафед мегӯяд ин аснод марбут ба даврони қабл аз истротежии ахири Амрико дар Афғонистон аст. "Гордиян" дарзи ин аснодро дар таърихи артиши Амрико бесобиқа хондааст. Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда мадорики ёдшуда нишон медиҳад НОТУ "нигарони кумаки Покистон ва Эрон ба шӯришиёни Толибон аст"
Як мақоми давлати Амрико, ки нахост номаш фош шавад, ба Би-би-сӣ гуфт "Викиликс" расонаи бетараф нест, балки созмоне аст, ки мухолифи сиёсати Амрико дар Афғонистон аст. Ин гузоришҳо дар ҳоле мунташир мешавад, ки нерӯҳои НОТУ дар ҳоли баррасии марги 45 ғайринизомӣ ҳастанд, ки рӯзи ҷумъа дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ ба вилояти Ҳилманд кушта шудаанд
"Викилукс" мегӯяд ин аснод мавриди истифодаи "афсарони дафтари Пентогун ва нерӯҳои низомӣ дар майдони ҷанг ба ҳангоми тарроҳии амалиёт" будааст. Ба навиштаи "НюЙурк Тоймз" ин аснод "ҳикоят аз он дорад, ки Покистон ба намояндагони Созмони ҷосусиаш иҷоза медиҳад, ки мустақиман бо Толибон мулоқот кунанд."
Ин рӯзнома меафзояд дар ин мулоқотҳо таҳти унвони "ҷаласоти маҳрамонаи таъйини истротежии" шабакаҳое аз гурӯҳҳои пайкорҷӯ, ки алайҳи сарбозони Амрикоӣ дар Афғонистон меҷангиданд "созмон" дода мешуд ва ҳатто "барои терури раҳбарони Афғонистон нақша кашида мешуд." "Ню-Йурк тоймз" менависад бисёре аз ин гузоришҳо оддӣ ва ҳатто пешипоуфтода ҳастанд, аммо панҷарае ба сӯйи бистари ҷанге, ки 9 сол аз шурӯъи он мегузарад, фароҳам мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2760-q-q------.html
|











