23:26:46 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

НЕРУҲОИ АМРИКОӢ АЗ ИРОҚ ХОРИҶ ШУДАНД

 

Сарбозони Амрикоӣ пас аз 6 сол аз Бағдод ва дигар шаҳрҳои ироқӣ хориҷ шуда ва назорати амнияти кишварро расман ба сарбозони ироқӣ вогузор кардаанд.

Хуруҷи сарбозони Амрикоӣ аз шаҳрҳо як рӯз пеш аз муҳлати таъиншуда сурат гирифт. Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ имрӯз сешанбе, 30 июнро рӯзи ҳокикмияти миллӣ ном дода ва ин рӯзро таътили умумӣ эълон кардааст. Артиши Амрико эълом кард, ки чанд соъат қабл аз поёни муҳлати хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз шаҳрҳои Ироқ 4 сарбози Амрикоӣ дар ҷараёни амалиёт дар Бағдод кушта шуданд.

Чанд фақара бумбгузорӣ низ гузориш шуда буд. Нерӯҳои Амрикоӣ ва ироқӣ худро барои ҳамалоти эҳтимолӣ дар ҷараёни хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз шаҳрҳои Ироқ омода карда буданд.

Дар тули 10 рӯзи гузашта дар ҷараёни се ҳамла дар Бағдод ва Киркук 70 нафар кушта ва иддае зиёде захмӣ шуданд.

Фармондеҳони Амрикоӣ гуфтаанд, амният ва субот дар Ироқ алорағми чанд инфиҷори ахир беҳбуд ёфта ва нерӯҳои ироқӣ омодаи қабули масъулият барои таъмини амният ҳастанд. Хабарнигорон мегӯянд, ғайбати нерӯҳои Амрикоӣ аз манотиқи суннӣ ва шиъанишини Бағдод маҳсус аст.

Таҳлилгарон мегӯянд, хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз шаҳрҳо ва шаҳракҳои ироқӣ як иқдоми намодин аст . Бархе аз ин нерӯҳо ба унвони мушовир ва омӯзишдиҳанда дар канори нерӯҳои ироқӣ ҳузур хоҳанд дошт ва бақия нерӯҳо низ дар нуқоти дигари Ироқ ба фаъолият хоҳанд пардохт ва танҳо дар сурати дархости давлат вориди манотиқи шаҳрӣ хоҳанд шуд.

Давлати Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ аз чанд рӯз пеш иқдомоти эҳтиётии вежае барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мавҷи хушунатҳо дар пеш гирифта ва ба ҳамин манзур мураххасии нерӯҳои амниятӣ лағв шуда буд. Мутобиқи тавофуқе, ки байни давлатҳои Амрико ва Ироқ ҳосил шуда нерӯҳои Амрикоӣ бояд аз торихи 30 июн аз шаҳрҳои Ироқ хориҷ шаванд. Куллия нерӯҳои Амрикоӣ қарор аст то поёни соли 2011 аз Ироқ хориҷ шаванд.

Хабарнигори умури дифоъии Би-би-сӣ мегӯяд, хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз шаҳрҳои ироқӣ бидуни хатар нест. Амрико ва Ироқ интизор доранд, то Алқоъида ва гурӯҳҳои мушобеҳ барои ба роҳ андохтани танишҳои қавмӣ дар ин кишвар талош кунанд.

BBC



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi