ҲАМЛАИ ПАЙКОРҶӮЁНИ ӮЗБАК БА ПУЛИСИ АФҒОНИСТОН
Мақомоти афғон гуфтаанд бар асари ҳамлаи пайкорҷӯёни Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба як идораи пулис дар вилояти Қундуз як корманди пулис кушта шудааст. Хабаргузории Фаронса аз қавли Ҳасибуллоҳ Муҳташам, раиси ноҳияи Алиободи вилояти Қундуз дар шимоли Афғонистон гузориш дода, ки пайкорҷӯён шанбешаби гузашта ба идораи пулиси ин ноҳия ҳамла карда як корманди пулисро куштаанд. Ин хабаргузорӣ гузориш дода, ки масъулини нерӯҳои НАТО гуфтаанд дар ҳамлаи ҳавоӣ ба мошини ҳомили ин пайкорҷӯён ду тан аз онҳоро кушта ва шумореро маҷруҳ кардаанд.
НАТО гуфтааст ҳамла ба идораи пулис ба раҳбарии як фармондеҳи Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон сурат гирифтааст. Ин бори нахуст нест, ки ин ҷунбиш масъули ҳамалот ба нерӯҳои амниятии Афғонистон дониста мешавад. НАТО гуфтааст Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон шуришиёни минтақаи ноороми дигар дар шимоли Афғонистонро бо силоҳ таъмин мекунад.
Шимоли Афғонистон нисбат ба манотиқи ҷанубии ин кишвар, ки шуришиён ҳузури бештар доранд, минтақаи ором арзёбӣ мешавад. Аммо соли ҷорӣ шуришиён ҳамалотро дар сафаҳоти шимоли Афғонистон аз ҷумла вилояти Қундуз афзоиш додаанд. Мақомоти афғон ахиран аз афзоиши фаъолиятҳои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар шимоли Афғонистон ҳушдор додаанд.
Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки дар соли 1998 таъсис шуд, аз гурӯҳҳои умдаи мухолифи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон аст. Аъзои ин созмон дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба ин кишвар паноҳ бурданд. Амрико Ҷунбиши Миллии Ӯзбакистонро дар соли 2000 шомили феҳристи созмонҳои терруристӣ кард.
Давлатҳои кишварҳои Осиёи Миёна низ Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро созмони терруристӣ эълон кардаанд. Баъд аз суқути Толибон дар соли 2001 пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ин кишварро тарк карданд. Тасаввур меравад, ки онҳо дар манотиқи қабиланишини марзи байни Покистон ва Афғонистон ҳастанд.
Моҳи августи соли гузашта гузориш шуда буд, ки Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон дар як ҳамлаи ҳавоии Амрико дар Вазиристони Ҷанубӣ дар ғарби Покистон кушта шудааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2900-2010-08-15-19-04-03.html