ХАБАРИ КУШТА ШУДАНИ ТОҲИР ЮЛДОШ ТАЪЙИД ШУД
Сойти интернетии Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон аз марги Тоҳир Юлдош, раҳбари ин гурӯҳ ва аз мухолифони исломгарои давлати Ӯзбакистон, хабар додааст. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, Тоҳири Юлдош 27 августи соли гузашта бар асари ҳамалоти мушакӣ тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии бидуни сарнишини нерӯҳои амрикоӣ дар Вазиристони Покистон ҷон бохтааст.
Зимнан, дар моҳи сентябри соли 2009 хабари кушта шудани Тоҳир Юлдош дар расонаҳо пайдо шуда буд. Ҳамакнун дар сойти "фурқон.ком", ки ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон нисбат дода мешавад, аксе аз ҷасади раҳбари он ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, дар ин сойт бораи раҳбари ин ҷунбиш муқаррар шудани Усмон Одил хабар дода шудааст. Аммо Вазорати умури дохилаи Покистон гуфтааст, ки дар мавриди таъйиди хабари марги Тоҳир Юлдош "далоили ҷиддӣ" вуҷуд надорад.
Ҷунбиши Толибони Афғонистон низ дар бораи хабари фавти Юлдош ибрози беиттилоъӣ кардааст. Қаблан низ дар расонаҳо дар бораи марги раҳбари Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, ки аз муттаҳидони Алқоъида ва ҷунбиши Толибони Покистон маҳсуб мешуд, хабарҳое мунташир шуда, вале баъдан таъйид нашуда буд.
Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон низ дар моҳи сентябри соли гузашта хабари кушта шудани Тоҳири Юлдошро такзиб карда буд. Ҳамчунин, ин гурӯҳ ба унвони далел фойли савтии мавъизае аз Тоҳири Юлдош дар бораи фазилатҳои моҳи Рамазонро ба расонаҳои хабарӣ ирсол карда буд. Аммо рӯзи душанбеи 16 август сойти Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон зимни як баёния аз кушта шудани Тоҳири Юлдош ва чанд ҳамсафаш бар асари ҳамалоти мушакӣ иттилоъ додааст.
Ин манбаъ далели таъвиқ дар пахши ин хабарро ба даригириҳои шадид дар Афғонистон ва Покистон миёни муҷоҳидон ва нерӯҳои ба истилоҳи ин сойт "душманони Ислом" ва дар муҳосира қарор доштани шӯришиён марбут хондааст. Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, ки дар соли 1998 таъсис шуд, аз гурӯҳи умдаи мухолифи Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аст.
Аъзои ин созмон дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон ба ин кишвар паноҳ бурда буданд. Дар соли 2000 Амрико Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистонро ба феҳристи созмонҳои терруристӣ шомил карда ва давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ин ҷунбишро созмони терруристӣ эълом кардаанд.
Баъд аз суқути Ҷунбиши Толибон дар Афғонистон дар соли 2001 ва оғози амалиёти алайҳи терруризм ба раҳбарии Амрико дар ин кишвар аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон Афғонистонро тарк карда ва тасаввур меравад, дар манотиқи қабоили озоди миёни Покистону Афғонистон мустақар шудаанд.
Дар солҳои 1999 ва 2001 пайкорҷӯёни ин созмон ҳамалотеро дар қаламрави Ӯзбакистон ва Қирғизистон анҷом додаанд. Дар Тоҷикистон низ аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба таври махфӣ фаъолият карда ва бино ба иттилоъи манобеъи расмӣ аз соли 1998 то ба ҳол беш аз 40 тан аъзои ин созмон боздошт ва муҷозот шудаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2910-2010-08-17-07-29-27.html