19:14
бо вакти Душанбе
19-уми Майи 2012 сол
 

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031     
БАРГУЗОРИИ "РӮЗИ ҶАҲОНИИ МАНЪИ ОЗМОИШҲОИ ҲАСТАӢ"
Хабар - Равзана ба ҷахон
29.08.2010 22:51

Созмони Миллали Муттаҳид имрӯз 29 августро рӯзи ҷаҳонии манъи озмоишҳои ҳастаӣ эълом кардааст. Ҳадаф аз таъини чунин рӯзе нишон додани зиёнҳои озмоишҳои барои муҳити зист ва низ тарғиби кишварҳо ба ҳимоят аз паймони манъи комили озмоишҳои ҳастаӣ аст. Агарчи беш аз саду панҷоҳ кишвари ҷаҳон ин паймонро имзо кардаанд, чандин кишвар аз ҷумла Амрико, Чин, Ҳинд, Покистон, Исроил ва Кураи Шимолӣ аз имзои он то кунун худдорӣ кардаанд.

 

Таъини рӯзи ҷаҳонии манъи озмоишҳои ҳастаӣ тавассути давлати Қазоқистон пешниҳод шуда буд. Аввалин бумби атумии шӯравӣ шасту як сол қабл дар ҷумҳурии Қазоқистон озмоиш шуд. Шӯравӣ дар тули солҳо 456 озмоиши ҳастаӣ дар ин ҷумҳурӣ анҷом дод ва муҷиби олудагии минтақае ба вусъати Олмон шуд.

 

Ин олудагӣ бар саломати якуним миллиюн нафар аз сокинони ин минтақа таъсир гузошт. Аз даҳаи 1950 то поёни қарни бистум ҳазорон силоҳи атумӣ дар замин, зери замин, ҳаво ва низ бистари дарёҳо аз Устролиё гирифта то ҷазоири уқёнуси Ором ва саҳрои Невада дар Амрико озмоиш шуд.

 

Имоҷен Фолкс, хабарнигори Би-би-сӣ дар Женев, мақари дафтари урупоии Солмони Миллали Муттаҳид мегӯяд Бон Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид умедвор аст таъини рӯзи ҷаҳонии манъи озмоишҳои ҳастаӣ ба тасреъи раванди халъи силоҳи ҳастаӣ кумак кунад. Оқои Бон халъи силоҳи ҳастаиро яке аз ҳадафҳои аслии худ таъин кардааст ва мехоҳад то соли 2012 паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ ба иҷро гузошта шавад.

 

Вай аз кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид хоста дар як иҷлоси муҳими халъи силоҳ, ки моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд, ҳузур ёбанд. Мухолифати тамоми бархе аз кишварҳое, ки паймони манъи озмоишоти ҳастаиро имзо накардаанд, сабаб шуда ки ҳар гуна талоше барои халъи силоҳи ҳастаӣ то кунун ба натиҷа нарасад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2997--q----q.html

Миқдори нигориши мавод: 396

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh