ЯК МАҚОМИ МАҲАЛЛИИ АФҒОН ДАР ИНФИҶОРИ БУМБ КУШТА ШУД
Дар асари вуқӯъи як инфиҷор дар шаҳри Ҷалолобод, маркази вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон, як мақоми маҳаллии афғон кушта шудааст. Ин инфиҷор замоне рӯй дод, ки Сайид Муҳаммади Паҳлавон, вулусволи Лаълпур дар вилояти Нангарҳор, аз худрави худ дар наздикии сохтмони вилояти Нангарҳор пиёда мешуд. Масъулони маҳаллӣ гуфтаанд, ки маводди инфиҷорӣ дар як худрав дар наздикии сохтмони вилояти Нангарҳор ҷосозӣ шуда буд.
Дар ин инфиҷор ҳадди ақал се нафари дигар низ захмӣ шудаанд ва бархе гузоришҳо ҳокист, ки ин афрод муҳофизони амниятии оқои паҳлавон будаанд. То замони интишори ин гузориш ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо бумбгузориҳое аз ин даст маъмулан ба афроди гурӯҳи Толибон нисбат дода мешавад. Пас аз муддате оромиши нисбӣ дар Ҷалолобод, ин шаҳр ахиран бори дигар шоҳиди нооромиҳое будааст.
Мардуми маҳаллӣ мегӯянд гурӯҳи Толибон як бори дигар нуфузи худро дар вилояти Нангарҳор афзоиш дода ва дар бисёре аз вулусволиҳои он ҳузур доранд. Афзоиши ноамнияҳое аз ин даст, бавижа дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии Афғонистон дар фосилаи камтар аз як моҳи дигар, нигарониҳоеро дар мавриди шаффофияти ин интихобот ва имкони мушорикати мардум дар он дар пай доштааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3002-2010-08-30-13-35-54.html