18:25:07 01-уми Июли 2025 сол

ЁЗДАҲ НАФАР ДАР ЗОҲИДОНИ ЭРОН ЭЪДОМ ШУДАНД

Ёздаҳ нафар ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи Ҷундуллоҳ ва амалиёти хушунатомез дар шаҳри Зоҳидон эъдом шуданд, дар ҳоле ки ин гурӯҳ алайҳи чунин иқдоме ҳушдор дода буд.

 

execution_iranРӯзи душанбеи 20 декабр додгустарии устони Систону Балучистон дар Эрон бо судури баёнияе эълом кард, ки ёздаҳ нафар аз афроди "вобаста ба гурӯҳаки терруристии "Ҷундуллоҳ" ба иттиҳоми иртибот бо ин гурӯҳ ва эҷоди "шарорат ва ноамнӣ" дар ин устон эъдом шудаанд. Дар ин иттилоъия хитоб ба мардуми Систону Балучистон омадааст, ки ин ёздаҳ нафар "дар моҳҳои ахир дар ҳаводисе терруристӣ ва даргирӣ бо маъмурони интизомӣ ва ба шаҳодат расондани мардуми бегуноҳ нақш доштаанд" ва ба ин иттиҳом дар муҳавватаи зиндони Зоҳидон ба дор овехта шуданд."

 

Иттилоъияи додгустарии устони Систону Балучистон ба замони боздошт, таърихи баргузорӣ ва наҳваи муҳокимаи эъдомшудагон ишорае накардааст ва танҳо ононро "аносири фосид ва муҳориб" хонда, ки бо талоши нерӯҳои амниятӣ ва иттилоъотӣ шиносоӣ ва дастгир шуда буданд.

 

Ба гуфтаи додгустарии устони Систону Балучистон боздоштшудагон пас аз таҳвил ба дастгоҳи қазоии устон "тибқи мавозини шаръӣ ва қонунӣ ва анҷоми ташрифоти додрасии одилона дар ҷаласаи аланӣ муҳокима" ва ҳамаи онҳо ба иттиҳоми муҳориба ва муқобала бо Ҷумҳурии Исломӣ ба эъдом маҳкум шуданд.

 

Дар ин иттилоъия асомии эъдомшудагон ва иттиҳоми онон гузориш шудааст. Ин ёздаҳ нафар панҷ рӯз пас аз бумбгузории интиҳории рӯзи Тосуъо, яке аз рӯзҳои мазҳабии шиъиён дар шаҳри Чорбаҳор дар устони Систону Балучистон эъдом шудаанд, аммо мушаххас нест, ки оё иҷрои ҳукми онон иртиботе бо ин инфиҷор доштааст ё на.

 

Инфиҷори рӯзи Тосуъо дар Чобаҳор беш аз сӣ кушта ва даҳҳо захмӣ бар ҷой гузошт ва гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эрон - Ҷундуллоҳ, ки ҳадафи худро иҳқоқи ҳуқуқи аҳолии суннии устони Систону Балучистон эълом карда масъулияти ин инфиҷорҳоро бар уҳда гирифт.

 

Ин гурӯҳ тасовири ду нафар омили бумбгузориҳои интиҳории Чобаҳорро дар сойти интернетии худ мунташир кард, ки ҷалиқаҳои инфиҷорӣ бар тан доштанд ва аз онон ба хотири ин "амалиёти истишҳодӣ" тақдир ба амал овард. Дар пайи ин инфиҷорҳо мақомоти амниятии Эрон эълом карданд, ки 9 нафарро дар иртибот бо бумбгузории интиҳории Чобаҳор боздошт кардаанд, аммо дар мавриди ин боздоштҳо ҷузъиёти бештаре мунташир нашудааст.

 

Шомгоҳи гузашта сойти интернетии Ҷундуллоҳ бо интишори иттилоъияе бо унвони "ҳушдор ба режим дар бораи эъдоми ҷавонони балуч" гуфт, ки ҳукумат дар назар дорад "иддае ҷавони бегуноҳи балучро" эъдом кунад ва ҳушдор дод, ки дар сурати эъдоми ҳатто як фард бояд мунтазири як истишҳодӣ бошад."

 

Дар иттилоъия ба мақомоти давлатӣ тавсия шудааст то ба ҷои тавассул ба хушунат "заминаро барои тафоҳум фароҳам намояд то аз куштор ҷилавгирӣ шавад ва дар ғайри ин сурат ин ҷанг хотима намеёбад."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/3934-2010-12-20-18-44-30.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ