18:31:51 20-уми Майи 2025 сол

РАИСИ ЗИНДОНИ ҚАНДАҲОР БА ХОТИРИ ФИРОРИ ЗИНДОНИЁН БОЗДОШТ ШУД

Ба дунболи фирори ҳудуди панҷсад нафар аз зиндони Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон, раиси ин зиндон боздошт шудааст. Гузориш шудааст, ки женерол Ғулом Дастгир, раиси зиндони "Сарпуса", муъовини ӯ ва чанд нафар аз нигаҳбонон, дар иртибот бо қазияи фирори зиндониён, ки бисёре аз онҳо афроди вобаста ба гурӯҳи Толибон буданд, мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифтаанд.

kandahar304x1712212.jpg
Вазири адлияи Афғонистон рӯзи гузашта гуфт, ки афроде дар даруни зиндон бо зиндониёни фирорӣ ҳамкорӣ кардаанд. Бозҷӯйӣ аз мақомоти зиндони Қандаҳор тавассути як ҳайъати давлатӣ сурат гирифт, ки дар он намояндагоне аз Вазорати дифоъ, Вазорати адлия ва Идораи амнияти миллӣ узвият доштанд. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки қарор аст ин афрод аз Қандаҳор ба Кобул мунтақил шаванд, ҳарчанд ҳанӯз иттиҳоми мушаххасе алайҳи ин афрод мушаххас нашудааст.

Зиндониён аз тариқи як тунел ба тӯли сесаду шаст метр, ки ба хонае дар берун аз зиндон мунтаҳӣ мешуд, фирор карданд. Ҳабибуллоҳ Ғолиб, вазири адлияи Афғонистон гуфт: "Фирори дастаҷамъии зиндониён аз тунел, нишон медиҳад, ки бо онҳо аз дохили зиндон ҳамкорӣ шудааст."

Ӯ гуфт, ки агар ин ҳамкорӣ вуҷуд надошт, зиндониён наметавонистанд ҳамагӣ ба утоқе, ки дар он тунел ҳафр шуда буд, дастрасӣ пайдо кунанд ва бо "корвони бузурги" худравҳое, ки барои интиқоли зиндониён дар берун аз зиндон мавриди истифода қарор гирифт, аз дид пинҳон бимонад.

Вазири адлияи Афғонистон ҳамчунин аз нерӯҳои омрикоӣ ва конодоӣ, ки масъули тақвияти тадобири амниятӣ дар ин зиндон буданд, интиқод кард ва гуфт чи гуна ин нерӯҳо мутаваҷҷеҳи ҳафри чунин тунеле дар ҳаволии зиндон нашудаанд?

Оқои Ғолиб гуфт хонае, ки як сари тунел аз он берун омад, ҳудуди даҳ ҳафта қабл мавриди бозрасӣ қарор гирифта буд, вале ҳеҷ гузорише дар ин маврид ба онҳо дода нашуд. Як сухангӯйи Толибон гуфт, ки ҳафри ин тунел дар ҷараёни як барномаи панҷмоҳа сурат гирифт.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба Би-би-сӣ гуфт, ки шуморе аз аъзои гурӯҳи Толибон худро дар маҳалле, ки 360 метр бо зиндон фосила дошт ва маҳалли матруке дар ҷануби зиндон буд, ҷобаҷо карданд. Ба гуфтаи вай ин афрод ибтидо як зиндагии оддиро дар он ҷо шурӯъ карданд, то баъд битавонанд барномаи кандани тунел ба даруни зиндонро амалӣ созанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ