02:12:48 03-уми Июни 2025 сол

АМРИКО ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ "ЭРОНЭЙР"-РО ТАҲРИМ КАРД

Давлати Амрико ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломӣ, ду ширкати умдаи эронӣ ва як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми нақзи таҳримҳои байналмилалӣ, иртибот бо Сипоҳи посдорон ва кумак ба интиқоли таслиҳот ба Ҳизбуллоҳи Лубнон таҳрим кардааст.

 iran air

Вазорати хазонадории Амрико бо судури баёнияе эълом кард, ки номи ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон (Эронэйр) ва ширкати ҳавопаймоии "Эронэйртур"-ро ба феҳристи таҳримҳои худ афзудааст. Мақомҳои Амрикоӣ гуфтаанд, ки "Эронэйр" барои Сипоҳи посдорон ва Вазорати дифоъи Эрон таслиҳот ҳамлу нақл мекунад.

Вазорати хазонадорӣ мегӯяд: "Рокет ва мушак аз тариқи ҳавопаймоҳои мусофирбарии "Эронэйр" ирсол мешавад ва афсарони Сипоҳи посдорон гоҳе авқот кунтрули ҳавопаймоҳои "Эронэйр", ки ҳомили маҳмулаҳои вижаи Сипоҳ ҳастандро дар даст мегиранд. Давлати Эрон ҳанӯз ба ин иттиҳом ва даври тозаи таҳримҳои эъмолшуда аз сӯйи давлати Борок Убомо вокуниш нишон надодааст.

Ҳамзамон Ҳилорӣ Клинтун ва Тимотей Гайтнер, вазирони умури хориҷа ва хазонадории Иёлоти Муттаҳида тайи баёнияе бар идомаи сиёсати Вошингтун, ки бар таҳрим ва музокираи чандҷониба бо Эрон устувор аст, таъкид кардааст. Ин ду гуфтаанд, ки ҷомеъаи байналмилалӣ бояд таҳримҳо алайҳи Эронро ташдид кунанд ва доманаи онро густариш диҳанд. Ба гуфтаи онон: "пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ яке аз муҳимтарин авлавиятҳои давлати Амрикост. Мо ҳамчунон нигарони мақосиди ҳастаии Эрон ҳастем."

Эрон бо радди иттиҳомҳои Амрико мегӯд, ки барномаи атомии ин кишвар сулҳомез аст. Шӯрои миллии эрониёни Амрико, ки бо вазъи таҳримҳои иқтисодии густарда алайҳи Эрон мухолиф аст, дар бораи таҳрими ширкати "Эронэйр" қавиан ибрози нигаронӣ кардааст. Ин гурӯҳ дар баёнияи худ ҳушдор дод: "Ин таҳримҳо дар ҳадаф қарор додани Сипоҳи посдорон ноком мемонад ва фақат мардуми одии Эронро таҳти фишор ва инзивои бештар қарор хоҳад дод."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854