22:57:30 19-уми Июни 2025 сол

ЭРОН ДАРХОСТИ ОБАМА БАРОИ ИСТИРДОДИ ҲАВОПАЙМОИ БИДУНИ САРНИШИНРО РАД КАРД

Аҳмад Ваҳидӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон зимни ишора ба ин, ки ҷузъиёте беш аз ин ки то кунун дар бораи ин ҳавопаймои бидуни сарнишин мунташир шуда, эълом нахоҳад шуд, гуфт вазифаи ин гуна ҳавопаймоҳо шиносоӣ аст ва тавонмандиҳои текнулужии болое дорад.

/images/stories/2011/12/13_barak-obama_1312112.jpgОқои Ваҳидӣ ҳамчунин дар посух ба дархости оқои Обама гуфт, ки "ҳавопаймои ҷосусии Амрико ҷузви моямлаки ҷумҳурии исломӣ аст ва кишварамон тасмим мегирад, ки дар ин хусус чӣ иқдомоте анҷом диҳад."

Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳам дар вокуниш ба дархости рӯзи гузаштаи Барак Обама дар мавриди бозгардондани ҳавопаймои бидуни сарнишин гуфт: "Мисли ин ки эшон фаромуш карда, ки ба ҳарими ҳавоии Эрон таҷовуз шудааст."

Оқои Меҳмонпараст таъкид кард, ки пайгирии ин масъала ба таври ҷиддӣ дар дастури кори мо аст ва Амрико бояд дар мавриди ин иқдом посухгӯ бошад. Якшанбеи ҳафтаи гузашта хабаргузориҳои дохилии Эрон ба нақл аз манобеъи низомӣ гузориш карданд, ки нерӯҳои эронӣ як ҳавопаймои бидуни сарнишини мудели RQ - 180 Эронро бо "андак хисорате" дар ихтиёр гирифтаанд.

Эрон баъдан ин ҳавопайморо дар телевизиюни ин кишвар ба намоиш гузошт, ки бисёр солим ба назар мерасид. Алоуддин Буруҷардӣ, раиси кумисюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии маҷлиси Эрон ҳам имрӯз, сешанбеи 13 декабр дар ҷамъи хабарнигорон дар мавриди истирдоди ин ҳавопаймои бидуни сарнишин ба Амрико гуфт: "Қатъан истирдоде вуҷуд нахоҳад дошт."

Оқои Буруҷардӣ ҳамчунин гуфт: "Дархости расмӣ ғайр аз мусоҳибаи оқои Обама аст. Дархости расмӣ маъмулан аз тариқи маҷоре диплумотик сурат мегирад. Ин бадин маъно аст, ки сафири Суис бояд ба унвони ҳофизи манофеъи Амрико дархости ин кишварро ба вазорати умури хориҷаи таҳвил диҳад, ки чунин иттифоқ наяфтодааст."

Раиси кумисюни амнияти миллӣ бо ишора ба ин ки узрхоҳӣ кафи мутолиботи Эрон аз Амрико аст, ёдовар шуд, ки «Амрико бояд куллия хисоратҳои мутараттиб дар ин амрро бипазирад, ба ин далел ки барои хунсосозии ин таҷовуз энержӣ ва имконот сарф кардаем».

Эрон дар рӯзҳои ахир ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кардааст. Ин мудел навъе аз ҳавопаймои бидуни сарнишин шиносоӣ шудааст, ки хабари сохти он дар соли 2009 ба расонаҳои фаъол дар ҳавзаи умури низомӣ дарз кард ва дар соли 2010 нерӯи ҳавоии Амрико бакоргирии онро таъйид кард.

Дар солҳои ахир, нерӯҳои Амрикоӣ бо истифода аз ҳавопаймои бидуни сарнишин, нафарот ва мавозеъи гурӯҳҳои шӯришии мусаллаҳ дар хоки Покистонро ҳадаф қарор додаанд ва мушаххас нест, ки оё ин ҳавопаймо ба иштибоҳ вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуда ва ё маъмурияти мушаххасе дошта ва дар чунин сурате оё ин нахустин маъмурият аз ин гуна дар дохили хоки Эрон будааст ё на.

Бархе коршиносони низомӣ гуфтаанд, ки мумкин аст кишварҳои рақиби Иёлоти Муттаҳида, бахусус Чин ва Русия ба манзури огоҳӣ аз фановарии фазоии Амрико дар садади дастёбӣ ба ҳавопаймои соқитшуда бароянд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ