19:03:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КЛИНТОН: ҲУКУМАТИ ВАҲШАТИ АСАД ПОЁН ХОҲАД ЁФТ

Ҳамзамон бо идомаи музокирот дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар сари буҳрони Сурия, Ҳилорӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, гуфта, ки мардум "бо ваҳшат" шоҳиди ҳаводисе ҳастанд, ки дар Сурия иттифоқ меуфтад.

hillary-clintonХонуми Клинтон рӯзи сешанбе, (31 январ/11 баҳман) гуфт, ки авзоъ дар Сурия аз кунтрул хориҷ шудааст, аммо "ҳукумати ваҳшат"-и оқои Асад ба поён хоҳад расид. Хонуми Клинтон гуфт, суоле, ки пеш меояд ин аст, ки ҷони чанд нафар аз шаҳрвандони бегуноҳ бояд аз даст биравад, то ин кишрва рӯ ба ҷилав ҳаракат кунад. Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин гуфт: "Возеҳ аст, ки нерӯҳои давлатии Сурия оғозгари тақрибан тамомии ҳамалоте ҳастанд, ки ба марги шаҳрвандони сурӣ анҷомидааст."

Хонуми Клинтон нигарониҳо дар бораи мудохилаи низомӣ дар Сурияро радд кард ва гуфт, ки тибқи тарҳи Иттиҳодияи Араб аз намояндаи оқои Асад хоҳад хост, то қудратро дар даст гирад: "Беҳтарин роҳи ҳалл барои ҳамсоягони Сурия аст, то аз фурсат истифода кунанд ва ба ҷилав пеш раванд."

"Тарки мардуми Сурия ва ҷасуртар кардани диктотур ба ин воқеъаи ваҳшатнок меафзояд ва боъиси шикаст дар масъулияти мо ва беэътибории Шӯрои Анмияти Созмони Милали Муттаҳид мешавад."

Бо ин вуҷуд, Чин, яке аз аъзои аслии Шӯрои Амният, бо ҳар гуна афзоиши фишор ба манзури тағйири режим дар Сурия мухолифат кардааст. Дар ҳамин ҳол, Шайх Ҳамд Бин Ҷосим Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар, аз Шӯрои Амният ҳам хост, то ҳарчӣ зудтар алайҳи, он чӣ "мошини куштор"-и оқои Асад хонд, иқдом кунанд.

Ӯ мегӯяд, то кунун ҳама пешниҳодоти пешин шикаст хӯрдааст, "чароки давлати Сурия ҳеч талоше барои ҳамкорӣ бо мо анҷом надода ва танҳо роҳи ҳалл барояш куштани мардуми худаш будааст."

Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ҳам гуфта, ки тарҳи Иттиҳодияи Араб танҳо тарҳи "муътабар ва қобили иҷро" аст, ки метавонад ба ин "хушунати ваҳшатнок" итмом бахшад ва як марҳилаи сиёсии ҷадидро оғоз кунад. Бо ин ҳол, Набил ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, мегӯяд, мудохилаи низомии хориҷӣ ҳадафи аслӣ нест. Дар ҳамин ҳол, Башор Ҷаъфарӣ, сафири Сурия гуфтааст, ки кишвараш устувор хоҳад истод.

Русия: Қатъномаи Шӯрои Амният Сурияро гирифтори ҷанги дохилӣ мекунад

Русия ҳам нисбат ба судури қатъномае, ки қарор буд (сешанбе, 31 январ) дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал мавриди баррасӣ қарор бигирад, ҳушдор дода ва гуфтааст, чунин иқдоме ғайри қобили қабул буда ва метавонад ба ҷанги дохилӣ дар ин кишвар мунҷар шавад.

Дар ҳамин ҳол, робитаи Генодий Готилов, муъовини вазири хориҷаи Русия, гуфтааст, ин қатънома, ки дар аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хоста шуда, то аз қудрат канорагирӣ кунад, роҳро барои мудохилаи эҳтимолии кишварҳои хориҷӣ ба Сурия боз мекунад.

Кишварҳои ғарбӣ умедворанд, ки Русия ба унвони наздиктарин муттаҳиди Сурия дар ҷараёни раъйгирии Шӯрои Амният дастикам ба ҷойи вету ба он раъйи мумтанеъ бидиҳад.

Пешнависи қатъномаи Шӯрои Амният шадидан нақзи ҳуқуқи башар тавассути давлати Сурияро маҳкум мекунад ва аз ҳама гурӯҳҳо мехоҳад, ҳар чӣ сареътар хушунатро канор бигзоранд. Дар ин пешнавис аз кишварҳое, ки ба Сурия силоҳ медиҳанд, хоста шуда, то худро мутаваққиф кунанд, аммо Сурияро таҳти таҳрими силоҳ қарор намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, давлати Сурия мегӯяд, ки пас аз се рӯзи даргирӣ нерӯҳои давлатӣ муваффақ шудаанд, то мухолифонро аз ҳумаи Димишқ берун кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки нерӯҳои мухолиф мегӯянд, ба далоили роҳбурдӣ аз пойтахт ақибнишинӣ кардаанд ва ба зудӣ ҳамалотеро оғоз хоҳанд кард.

Фаъъолони зидди давлат аз ҳамлаи нерӯҳои низомӣ ба шаҳракҳои Орбин ва Замалко, ки ба маркази Димишқ наздиктар аст, хабар додаанд. Ба гуфтаи муътаризони зидди давлатӣ, дар ҷараёни даргириҳои ахир дар Сурия яксад нафар кушта ва 37 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба гузориши Созмони Милали Муттаҳид, аз оғози даргириҳо дар Сурия то кунун 5400 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi