07:25:11 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БУРИДАНИ ГӮШ ВА БИНӢ; ҶАРИМАИ РАЪЙ ДОДАН

Ширкат дар интихоботи бистуми август сарнавишти шуморе аз афғонҳоро бо достонҳои талхе гиреҳ задааст. Лаъл Муҳаммад бо гӯшҳо ва бинии бурида дар бемористони Майванд, яке аз онҳо аст. Лаъл Муҳаммад, кишоварзи фақире аз минтақаи ошӯбзадаи Гизоб, дар ҷануби Афғонистон мегӯяд барои ширкат дар интихобот ду гӯшу биниашро аз даст додааст. 

Лаъл Муҳаммад гуфт бо ҳеҷ касе душмании шахсӣ надорад ва агар медонист, ки ширкат дар интихобот то ин ҳад барояш гарон тамом мешавад, ҳаргиз тасмим ба гирифтани корти раъй ва ширкат дар интихобот намегирифт. Женерол Муртазоқул, фармондеҳи пулиси Дойкандӣ, ки масъулияти таъмини амнияти марокизи раъйгириро дар Гизоб ба дӯш доштааст, гуфт, ки афроде, ки гӯшҳо ва бинии Лаъл Муҳаммадро буридаанд, вобаста ба гурӯҳи Толибон ҳастанд. 

Ба гуфтаи ӯ, ин афрод сокинони Гизоб ҳастанд ва аз сӯйи Толибон мусаллаҳ шудаанд. Фармондеҳи пулиси Дойкандӣ афзуд, ки ин афрод дар гузашта ҳам равобити хубе бо Лаъл Муҳаммад надоштаанд.

Дафтари Кумисиюни интихобот дар шаҳри Нилӣ, маркази вилояти Дойкандӣ таъйид кард, ки бар асоси иттилоъоте, ки ба ин дафтар расида, далели буридани гӯшҳо ва биниии Лаъл Муҳаммад мавҷудияти корти интихобот дар ҷайби ӯ будааст. Ба гуфтаи як мақоми ин кумисиюн дар Дойкандӣ, маҷмуъан 11 маркази раъйгирӣ дар Гизоб фаъол будааст.

Аммо як сухангӯйи гурӯҳи Толибон даст доштани афроди вобаста ба ин гурӯҳ дар буридани гӯшҳо ва бинии Лаъл Муҳаммадро рад кардааст. Ин марди сиву панҷсола мегӯяд ҳудуди соъати ҳашт то нуҳи қабл аз зуҳр бистуми август тасмим гирифт, ки аз маҳалли кораш дар рустои "Голпахал" ба маркази раъйгирӣ дар рустои "Широн" биравад. Аммо ин тасмим натанҳо чеҳра, балки сарнавишти ӯро иваз кард.

Лаъл Муҳаммад, ки марде бесавод аст, гуфт ӯ ҳанӯз намедонист, ки ба чи касе раъй бидиҳад, аммо тасмимаш ин буд, ки ба як "мусулмон" раъй диҳад. Лаъл Муҳаммад гуфт дар васати роҳ се марди мусаллаҳ, ки вазъияти зоҳирии онҳо нишон медод, ки марбут ба гурӯҳи Толибон бошанд, ӯро мутаваққиф ва бозрасӣ карданд. Замоне, ки корти интихоботро аз ҷайби ӯ берун оварданд, ба зарбу шатми ӯ пардохтанд.

Лаъл Муҳаммад, дар ҳоле ки ба душворӣ ҳарф мезад, гуфт ду марди мусаллаҳ дастони ӯро мақкам гирифтанд ва фарди севум бо фундоқи Калашников ба сари ӯ куфт ва ӯро беҳуш кард. Ин раъйдиҳандаи афғон гуфт замоне ки ӯ ба ҳуш омад, мутаваҷҷеҳи гӯшҳо ва бинии буридаи худ шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар он замон аз маҳалли захмҳо ба шиддат хун ҷорӣ буд.

Лаъл Муҳаммадро мардони мусаллаҳ дар ҳамон ҷо раҳо карданд. Соъоте баъд як рустоӣ, ки аз он ҷо мегузашт, ӯро мешиносад ва ба рустои Широн, ки хонаи ӯ дар он ҷо аст, мунтақил мекунад.
Лаъл Муҳамманд то шомгоҳи фардои он рӯз, ки рустоиёни Широн ӯро бо як маркаб ба Нилӣ, маркази вилояти Дойкандӣ мунтақил карданд, аслан ба ҳеҷ гуна хадамоти беҳдоштӣ дастрасӣ надошт, пизишкони бемористони Нилӣ захмҳои ӯро дору заданд ва ба бо бондож бастанд.

Лаъл Муҳаммад, ки ба далели фақри шадид тавони сафар ба Кобулро ҳам надошт, аз як дӯсташ 20 ҳазор афғонӣ (муъодили 400 дулор)-ро дар муқобили 20 ҳазор афғонӣ суд барои шаш моҳ мегирад ва бо ду тан аз аъзои хонаводааш ба Кобул меояд.

Лаъл Муҳаммад замоне, ки ба Кобул расид, ба хонаи яке аз ақвоми худ рафт ва дӯстонаш ӯро ба Кумисиюни расидагии шикояти маҷлиси намояндагон бурданд ва ӯ шарҳи ҳоли худро барои аъзои ин кумисиюн тавзеҳ дод.
 
Абдулҷаббор Шулгарӣ, раиси ин кумисиюн ба Би-би-сӣ гуфт, ӯ Лаъл Муҳаммадро ба бемористони Майванд барои дармон муъаррифӣ карда ва зимнан аз идораи умури раёсати ҷумҳурӣ хостори кумаки давлат ба ин раъйдиҳандаи афғон шудааст.
Оқои Шулгарӣ гуфт ҳанӯз ваъдаи кумак аз ин идора дарёфт накарда, аммо барои дарёфти кумак ба ин мард талош мекунад ва шахсан мавзӯъро дунбол хоҳад кард. Аммо дар амал то ҳол ҳеҷ кас ва ҳеҷ ниҳоде ба ӯ кумак накардааст.

Дуктур Аминуллоҳ Ҳамкор, пизишк ва раиси бахши ҷарроҳии плостики бемористони Майванд, ки муваззаф ба дармони ӯ шуда, ба Би-би-сӣ гуфт Лаъл Муҳаммад панҷ рӯз пас аз ҳодисае, ки ба сари ӯ омада буд, ба бемористон расид. Агарчи вазъияти ҷисмии вай дар Кобул хуб аст, аммо аз лиҳози руҳӣ дар вазъияти муносибе нест.

Оқои Ҳамкор, ки маҳалли захмҳои Лаъл Муҳаммадро барои хабарнигорон боз кард, гуфт буридагии бинӣ, лаб ва гӯшҳои ӯ қобили дармон аст. Ба гуфтаи ӯ, бинӣ, лаб ва гӯши Лаъл Муҳаммад дар ду марҳилаи ҷарроҳӣ, дар зарфи ду моҳ дармон хоҳад шуд ва тақрибан ба шакли аввалияаш бархоҳад гашт.

Ҳоло мушкили Лаъл Муҳаммад танҳо дармон ва бозёбии бинӣ ва гӯшҳои буридаи ӯ нест. Лаъл Муҳаммад мегӯяд дигар ӯ ба далели таҳдидҳои Толибон наметавонад ба рустои худ баргардад ва кишоварзиашро аз сар гирад. Ҳатто аъзои хонавода ва ақвомаш, ки ӯро дар Кобул ҳамроҳӣ мекунанд, ҳам мегӯянд чанд бор таҳдидҳое дарёфт кардаанд. Онҳо мегӯянд таҳдидкунандагон гуфтаанд, ки чаро Лаъл Муҳаммадро ба идораҳои давлатӣ, расонаҳо ва "кофирон" муъаррифӣ мекунанд.

Агарчи Толибон иддаъоҳои Лаъл Муҳаммадро рад кардаанд, аммо онҳо пеш аз баргузории интихобот ҳушдор дода буданд, ки ангуштҳои дасти касонеро, ки дар интихобот раъй бидиҳанд, хоҳанд бурид. Бар асоси гузоришҳо, Толибон ангушти ду мардро дар вилояти ҷанубии Қандаҳор дар рӯзи интихобот буридаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi