17:36:42 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АГАР ИСРОИЛ БА ИРОН ҲАМЛА КУНАД ПОКИСТОН ЗАРБАИ ҶАВОБӢ ХОҲАД ЗАД

Як мансабдори воломақоми Покистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба хабарнигори Оҷонсии Асошиейтед -пресс ахиран гуфтааст: «Агар Исроил ба Ирон ҳамла кунад Покистон ба ҷуз задани ҳамлаи ҷавобӣ роҳи дигаре надорад.»

israil-iranАммо ӯ мушаххасан нагуфтааст, ки сухан дар бораи кадом намуди қасос меравад идеологӣ ё ҳарбӣ, хабар медиҳад сомонаи русии Иран.ру. Баъди хомӯшии тӯлонии Покистон ин хабар мисли раъду барқ буд барои бадхоҳони Ирон. Нигаронии онҳо аз он сабаб аст, ки  Покистон ягона мамлакати исломиест, ки яроқи ҳастаӣ дорад. Чунин изҳороти сиёсатмадори Покистон метавонад умури бозии идеологиро дар Ховари Миёна куллан тағйир диҳад.

Алҳол касе мушаххасан намедонад, ки дар ихтиёри Покистон чӣ миқдор яроқи ҳастаӣ мавҷуд аст. Коршиносон фақат тахмин мезананд, ки теъдоди онҳо на камтар аз 90 адад аст. Покистон инчунин дар ихтиёр мушакҳои баллистикии тамғаи Мирв дорад, ки метавонанд бомби атомиро ба масофаи то 2500 километр партоб кунанд.

Қаблан Руссия иброз дошта буд, ки ҳуҷумро болои Ирон ҳамчун таҳдид ба арзишҳои миллии худ медонад. Муовини сарвазири Руссия Дмитрий Рогозин гуфт: «Ирон наздиктарин ҳамсоякишвари мо аст дар паҳлӯйи Қафқоз. Агар бо Ирон ҳодисае рух диҳад мо онро ҳамчун таҳдид ба бехатарии миллии худ меҳисобем.

Генерали Чин Чжан Чаочон аввали моҳи декабр гуфта буд: «Чин баҳри ҳимояи Ирон омода аст, ва ҳатман ба ғосиб ҳамлаи ҷавобӣ мезанад, агар ҳатто эҳтимоли сар задани ҷанги сеюми ҷаҳон низ мавҷуд бошад.»

Алҳол бозии сиёсии Исроил ва Амрико дар Ховари Миёна ба ҷое расида, ки бо маҳдуд кардани бозори нафт ба Ирон таҳдид мекунанд, хабар дода  мешавад дар сомонаи интернетии Миг нюс . ком.

Изҳороти масъулини сафоратхонаи Тоҷикистон дар Эрон дар мавриди хариди нафти кишвари мо аз Иронро коршиносон шаппотии дигаре ба башараи режими саҳюнистӣ донистаанд.

Манучеҳр Муродӣ сафири ҷумҳурии Исломии Ирон дар Қирғизистон дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе баргузоркардаи худ гуфт: «Иқтисодиёти Ирон аз ин таҳримҳо зарар намебинад, балки мазаррати таҳримҳои нафтиро бештар мамолики Аврупои Ғарбӣ хоҳанд дид. Сафир дар ҳамин нишаст инчунин иброз дошт: Мамлакати мо заминаи мустаҳками илмию техникии иқтисодӣ ва ҳарбӣ дорад. Артиши Ирон хело пурқудрат аст. Гумон надорам, ки ягон мамлакате ҷуръати ҳуҷум ба Иронро дошта бошад».

Муродӣ инчунин қайд кард, ки ҳукумати Қирғизистон моро бовар кунонид, ки ҷониби Қирғизистон ҳеҷ гоҳ ба Амрико иҷоза намедиҳад, ки барои ҳуҷум ба Ирон аз фурудгоҳи «Манас» мустақар дар наздикии Бишкек, истифода кунад.

Фурӯдгоҳи Манас соли 2001 ба ихтиёри Амрико гузашта буд, ки сирф барои кашонидани бор ба Афғонистон истифода мешавад. Тибқи иттилои расмӣ дар ин фурудгоҳ якуним ҳазор ҳарбиён ва кормандони дигар маскан доранд.

Моҳи январи имсол дар назди бинои сафорати Амрико дар Бишкек гирдиҳамоиҳои мардуми таҳҷоӣ барпо шуданд, ки аз Амрико талаб мекарданд фурӯдгоҳро фавран тарк кунад. Гирдиҳамомадагон мегуфтанд, ки Ҷумҳурии Исломии Ирон дар сурати ҳуҷуми Амрико ба кишвари худ метавонад ба пойгоҳҳои низомии Амрико, аз ҷумла пойгоҳи низомии Пентагон дар Манас низ, зарбаҳои ҳавоӣ бизанад.

Мӯҳлати шартномаи Амрико дар мавриди ба ҳайси пойгоҳ истифода бурдани ин фурудгоҳ то соли 2014 идома дорад. Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар вохӯрӣ бо сафири Амрико Памело Спратлен ҳафтаи гузашта гуфт: «баъди адои мӯҳлати шартнома Амрико бояд фавран нерӯҳояшро аз қаламрави Қирғизистон берун барорад».

Аҳмади Иброҳим, Кӯлоб, барои «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi