ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ РУСИЯ. АЗ ПУТИН ТО ПРОХОРОВ
Миллионҳо шаҳвранди Русия дар дохил ва хориҷи ин кишвар раисиҷумҳури нави худро интихоб мекунанд. Мақомоти Кумиссиюни марказии интихоботи Русия мегӯянд, субҳи барвақти чоруми март дар шаҳру вилоятҳои Русия овоздиҳӣ оғоз ёфт.
Барои дастёбӣ ба мақоми раисиҷумҳури нави Русия нахуствазир Владимир Путин, раиси Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский, раиси Ҳизби коммунист Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби "Русияи боадолат" Сергей Миронов ва тоҷири рус Михаил Прохоров рақобат доранд.
Кумиссиюни марказии интихоботи Русия мегӯяд, барои раъйдиҳии шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи ин кишвар беш аз 95 ҳазор қитъаи овоздиҳӣ ташкил шудааст. Барои назорати интихоботи раёсати ҷумҳури Русия ҳудуди 700 нозири байналмилалӣ иҷоза дарёфтаанд, аз ҷумла, нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), кишварҳои узви Ҷомеаи Муштаркулманофеъ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Сӯҳроб Шарифов, вакили Маҷлиси Намояндагон ва Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон низ барои назорати интихоботи президентии Русия ба Маскав рафтаанд.
Ба қавли масълони Куммиссиюни марказии интихоботи Русия, ҷараёни овоздиҳиро дар баробари нозирону хабарнигорон, дурбинҳо ё камераҳо низ назорат хоҳанд кард. Ҳар як қитъаи райъдиҳӣ ду дурбин дорад, ки ба бовари масъулон, шаффофият дар интихоботро таъмин хоҳад кард.
Аммо ин интихоботи раёсати ҷумҳури Русия дар ҳоле баргузор мешавад, ки мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз то шаш сол тамдид ёфтааст. Ҳамчунин, рақобати Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар, ки мехоҳад бори севум ба курсии президентӣ такя занад, норозигии як гурӯҳ аз сокинони Русияро ба бор овардааст. Ин гурӯҳи сокинон норозигии худ аз Путинро дар чандин тазоҳуроти зидди ӯ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия баён доштанд.
Вале бо ин ҳол, нахуствазири Русия гуфт, ба пирӯзияш дар ин интихобот бовар дорад ва хато нахоҳад кард. Вай ҳатто ин нуктаро ҳам илова намуд, ки дар сурати пирӯзӣ Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури кунунии Русияро нахуствазир таъйин хоҳад кард.
«Озодӣ»