06:36:05 05-уми Августи 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДАР НООРОМИҲОИ УРУМЧӢ ПАНҶ НАФАР КУШТА ШУД

Дар шаҳри Урумчӣ маркази устони Синкёнг дар шимол ғарби Чин дар ҷараёни эътирозот ба ҳамалоте, ки гуфта мешавад бо истифода аз суранги тазриқотӣ (сӯзандору-шприц) сурат гирифта, 5 нафар кушта ва 14 тан ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора Чжан Хун, муъовини шиҳрдори Урумчӣ иттилоъ додааст.

Оқои Хун гуфтааст ду тан аз кушташудагон афроди бегуноҳ будаанд, аммо тавзеҳоти бештаре дар ин бора ироа накардааст. Пулиси зиддишӯриши Чин барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон дар шаҳри Урумчӣ, маркази устони Синкёнг аз гози ашковар истифода кардааст. Хабарнигори Би-би-сӣ дар Урумчӣ мегӯяд барои ҷилавгирӣ аз вуруди тазоҳуркунандагон ба майдони аслии шаҳр садҳо маъмури пулиси зуддишӯриш дар маҳал истиқрор ёфтаанд.

Бештари тазоҳуркунандагон аз чиниҳои ҳон ҳастанд. Шуморе аз тазоҳуркунандагон мегӯянд Ван Ликуан, раҳбари ҳизби кумунисти маҳаллӣ натавониста амнияти мардумро фароҳам кунад ва бояд истеъфо диҳад. Ван Ликуан аз муттаҳидони наздики Ҳу Ҷин Тоу, раиси ҷумҳурии Чин аст.

Нооромиҳо дар пайи як ришта ҳамла ба мардум бо истифода аз суранги тазриқотӣ аст. Расонаҳои Чин мегӯянд дар тайи ду ҳафта ҳудуди 500 нафар, ки бештари онон аз чиниҳои ҳон ҳастанд, ба иллати ин ки бо суранги тазриқотӣ ба онон ҳамла шуда буд, ба бемористон муроҷиъа кардаанд.

Дар моҳи июли гузашта дар устони Синкёнг тақрибан 200 нафар дар ҷараёни хушунатҳои қавмӣ байни уйғурҳо, ки умдатан мусалмонанд ва чиниҳои ҳон ҷони худро аз даст доданд. Тазоҳуркунандагон ҳамчунин дархости муҳокимаи сареътари омилони ин хушунатҳоро кардаанд. Таниш миёни ҷомеъаи уйғур ва ҳон дар устони Синкёнг ба солҳо қабл бозмегардад, аммо хушунатҳои моҳи июл шадидтарин ҳодисае буд, ки дар даҳаҳои ахир рух дода буд.

Бархе уйғурҳо шикоят доранд, ки муҳоҷирати ҷавомеъи ҳон ба ин ноҳия ба фарҳанги онҳо, ки мардуми бумӣ ҳастанд, латма задааст ва фурсатҳои шуғлиро низ аз онҳо гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир ҷомеъаи ҳон дар устони Синкёнг ҳудуди 40 дарсади ҷамъияти ин минтақаро ташкил медиҳад ва 45 дарсади ҷамъият ҳам уйғур ҳастанд.

Тазоҳуроти ахир дар замоне ҳассос барои раҳбарии Чин рух додааст, зеро қарор аст маросими шастумин солгарди таъсиси ҷумҳурии халқи Чин дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi