02:03:15 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АЛҚОИДА ЯК СОЛ ПАС АЗ КУШТА ШУДАНИ БИН ЛОДЕН

Пас аз ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2011 ба хоки Амрико, ки беш аз 3 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақти Амрико, бо ишора ба пустерҳои машҳури даврони ғарби ваҳшӣ гуфт, ки хоҳони адолат аст ва "муда ё зинда"-и Усома Бино Лоденро мехоҳад. Ин хоста дар даврони раёсати ҷумҳурии оқои Буш муҳаққақ нашуд ва ин Барак Обама буд, ки хабари хушро ба Амрикоиҳо дод: "Бен Лоден дигар зинда нест."

/images/stories/2012/05/03_osama_dead_3512.jpgДар нахустин солгарди кушта шудани Бен Лоден арзёбии таъсироти марги раҳбари Алқоида ба маротиб роҳаттар аз як сол қабл аст - замоне, ки ҳамчунон кушта шудани ӯ бар азҳон сояи сангине андохта буд. Равобити Покистон ва Амрико бар сари вурӯди махфиёнаи нерӯҳои вижаи Амрикоӣ ба Покистон барои ҳамала ба иқоматгоҳи Бен Лоден дар шаҳри низомии Эбитобод дар наздикии Исломобод, пойтахт, тира шуд.

Барои раҳбарони Покистон ин масъала мояои сарафкандагӣ буд, ки раҳабари Алқоида на дар ғору махфигоҳи зерзаминӣ, балки дар сохтмоне бузург дар канори занону фарзандонаш барои чанд сол зиндагӣ карда буд. Хонаводаи Бен Лоденро ибтидо муҳокима ва баъд ба мақсади Арабистони Саъудӣ аз хоки Покистон ихроҷ карданд.

Бо ин ҳол, баъд аз марги Бен Лоден мушаххас шуд, ки раҳабри Алқоида аз сайри нузулии фаъъолиятҳои шабакаи таҳти фармонаш нороҳат будааст. Он тавр ки Амрикоиҳо иддаъо мекунанд, ӯ аз "мусибатҳои пай дар пай"-и ворида ба шабакаи Алқоида сархӯрда ва нороҳат буд.

Аммо таҳаввули бузургтар бо марги Бен Лоден дар амалиёте бо номи рамзи "Нептун Испирз аз роҳ расид" марги "Ҷерониму", исми рамзи шабакаҳои иттилоъотии Амрико барои Бен Лоден, дасти Амрикоиҳоро ба ганҷинае аз иттилоъоти зиқимат ҳам расонад.

Ҳофизаҳои Ю-эс-бӣ ва ҳордҳои роёнаӣ зоҳиран он қадр барои Амрикоиҳо иттилоъот ба армуғон оварданд, ки заработи ворида ба Алқоида дақиқтар ва бо фосилаи замоне камтар аз якдигар аз роҳ расиданд.

Бо он ки Эман аз-Завоҳирӣ, раҳбари кунунии Алқоида, ҳамчунон дастгир ё кушта нашудааст, вале раҳбароне монанди Анвар ал-Авлақӣ, ки шаҳрвандии Амрикоро ҳам дошт, дар ҳамалоти баъдӣ кушта шуданд.

Тим Риплӣ, як коршиноси умури амниятӣ ва терурисм дар бораи муваффақияти куштани раҳбари Алқоида ва асароти баъдиаш ба Би-би-сии форсӣ гуфт, ки он амалиёт як мувафаққияти бузург буд.

Ба гуфтаи оқои Риплӣ, "асари он амалиёт ва таҳаввулоти баъдӣ он қадр буд, ки шабакаи Алқоида дар Покистон ва Афғонистон сар ба нест шуд ва дигар он ду кишвар пойгоҳҳои муҳимме баро Алқоида нестанд."

Дар таҳлили ин коршинос, ки бо гуфтаҳои мақомоти Амрикоӣ ва дигар нозирон ҳамхонӣ дорад, кодри раҳбарии Алқоида, ба вижа онҳое, ки дар даҳаи 1990-и мелодӣ фаъъол буданд ва ҳамалоти мутаъаддиду мутаҳавваронаеро алайҳи аҳдофи Амрикоӣ ба иҷро гузоштанд, дигар вуҷуди хориҷӣ надоранд.

Оқои Риплӣ он наслро аз байн рафта медонад ва мегӯяд, ки насли дувуме дар Алқоида зуҳур кардааст. Ин насли дувум зоҳиран мувафақият ва шароити комилан мутафовите барои идомаи ҳаёт ва аламиёти Алқоида мушоҳид мекунад.

Моҳон Обидин, мудири таҳқиқ дар Маркази мутолеъоти терурисм, ки дар Донишгоҳи Оксфурд ҳам машғули пажғҳиш аст, ҳамонанди Тим Риплӣ ба тазъияи ҷиддии шабакаи Алқоида муътақид аст.

Ба бовари оқои Обидин, шабакаи Алқоида аз ҳамон ибтидо ҳам дар миёни "ҷараёнҳои асили исломӣ монанди Ихвонулмуслимин" ва кишварҳои мусалмон дорои ҷойгоҳ ва маҳбубияти қобили таваҷҷуҳе набуда ва нест. Оқои Обидин мегӯяд, ки Алқоида аҳдофи худро воқеъбинона интихоб намекард ва акнун ҳам бо парокандагии ҷиддӣ мувоҷеҳ ҳаст.

Ба гуфтаи ӯ, бояд ба заминаҳо ва шеваи пайдоиши шабакаи Алқоида таваҷҷуҳ кард, чаро ки ин Амрикоиҳо буданд, ки нақши аслиро дар пайдоиши ин шабака дар замони авҷи фаъъолиятҳои ҷиҳодӣ дар Афғонистон бар алайҳи ишғоли он кишвар тавассути артиши Сурхи Шӯравӣ бозӣ кард.

Дар як маҷмаъбандии ниҳоӣ бархе коршиносон, аз ҷумла оқои Обидин, муътақиданд, ки бо вуҷуди заъиф шудани Алқоида, истимрори сиёсатҳои собиқи Амрико ва Ғарб дар қиболи ҷаҳони ислом ва бавижа дар қиболи масъала Исроил - Фаластин, ангезаҳои хушунатварзӣ алайҳи Ғарбро ҳудуди зиёде зинда нигаҳ доштааст.
Муҳаммади Аминӣ, Би-би-сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi