02:40:33 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАҲМУДИ АҲМАДИНАЖОД ИСРОИЛРО "ПАШША" НОМИД

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, Исроилро дар баробари ҷумҳурии исломӣ пашшае беш надонист. Маҳмуди Аҳмадинажод, ки дар ҷамъи мардуми Гунобод суханронӣ мекард, рӯзи шанбе гуфт, “Исроил дар муқобили миллати Эрон пашшае беш нест ва бинобар ин наметавонад пешрафтҳои мардуми Эронро бубинад.”

/images/stories/2012/05/14_president-ir-14512.jpgВай дар идома афзуд, “душманони мо медонанд, ки агар суръати сохтани кишвар ҳамин тавр пеш биравад, Эрон ба як кишвари пешрафта табдил мешавад ва дигар ҳарифи мо нахоҳанд буд.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе, 13-уми май, ҳукми афроди муттаҳам ба ҷосусӣ барои Исроил дар Эрон ба онҳо расонида шуд, вале ҷузъиёти аҳкоми содиршуда мушаххас ва эълом нашудааст. Додгоҳ гуфтааст, пас аз марҳилаи таҷдиди назар ва дар сурат баёни ҳукми ниҳоӣ, ҷузъиёти онҳоро эълом хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, Додгоҳи инқилобии Теҳрон рӯзи якшанбе ба баррасии ин парванда хотима дода ва эълон кард, ин муттаҳамон ки «аз тариқи каналҳои моҳвораӣ ва таблиғоти дурӯғ, ҷазби сервисҳои МУСОД шуда буданд, ҳукми худро дарёфт карданд.

Хабаргузории давлатии ИРНА пештар дар ду гузориш аз дастгирии 12 муттаҳам ба ҷосусӣ ва 15 тани дигар иттиҳоми ҷосусӣ барои Амрико ва Исроил хабар дода буд, ки мушаххас нест ҳукми содиршуда дар рӯзи якшанбе ба кадом як парванда боз мегардад.

Вазорати иттилооти Эрон қаблан эълон карда буд, ки бо шиносоии "шабакаи печидаи ҷосусӣ ва харобкор"-и вобаста ба Созмони ҷосусии Амрико ин шабакаро пароканда ва "30 нафар аз ҷосусони Амрико"-ро боздошт кардааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi