05:02:46 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25
27 28 29 30      

ТАВЗЕЪИ КИТОБҲОЕ АЛАЙҲИ ИСЛОМ КАРИМОВ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон ду китоби мавсум ба “Иуда -2” ва “Диявол -2”, ки дорои муҳтавои интиқодӣ алайҳи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ҳастанд, тавзеъ шудааст. Дар ин китобҳо гузоришҳое, ки гуфта мешавад аз расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва сойти баҳсбарагези Викиликс дар бораи оқои Каримов бозчоп мешаванд, ҳамчунин мақолоте шадидуллаҳн аз муаллифоне ношинос оварда шудаанд.

/images/stories/book_karimov_24512.jpgИн китобҳо, ки бераҳмона аз раиси ҷумҳури Ӯзбакистон интиқод карда ва ӯро дар "хиёнат алайҳи миллатҳои ҳам тоҷик ва ӯзбак" муттаҳам мекунанд, зоҳиран “самиздат” ё чопи ғайрирасмӣ буда ва иттилоъе дар бораи ноширон ва тирожи ин китобҳоро зикр намекунанд. Ҳамчунин маълум нест, ки ин китобҳо дар кадом кишвар чоп шудаанд.

Аммо дар муқоваи ҳар ду китоб навишта шудааст: “Ин маҷмӯъа дар асоси гузоришҳои расонаҳои байналмилалӣ ва гузоришҳои интернетии аъзои ҳизби “Эрк” бо дастури Муҳаммад Солеҳ, раҳбари Ҳаракати Миллии Ӯзбакистон омодаи чоп шудааст.”

Ҳарчанд бархе расонаҳо аз ин ки Муҳаммад Солеҳ робитаи худро бо ин китобҳо рад кардааст, гузориш навиштанд, аммо оқои Солеҳ дар сӯҳбати телефунӣ бо хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ин ҳарфҳоро таъйид кард.

Оқои Солеҳ аз ҷумла гуфт: “Ин китобро тарафдорони “Ҳаракати Миллии Ӯзбакистон” ва ҳизби “Ерк” (Озодӣ) чоп кардаанд. Ман танҳо онро рад кардам, ки китоб дар чопхонаи марказии “Ерк” чоп шудааст.”

Оқои Солеҳ, ки тайи бист соли ахир дар муҳоҷирати сиёсӣ ба сар мебарад, афзуд: “Қаблан тарафдорони ҳаракати мо филми мустанаде бо номи “Садои мардум” таҳия карданд, ин филм дар интернет маҳбубияти зиёд пайдо кард.”

Дар китобҳои “Иуда-2” ва “Диявол-2”, ки дар онҳо умдатан бо лаҳни шадид аз сиёсатҳои Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзабкистон интиқод шуда, бархе аз матолиби интиқодӣ алайҳи президент Раҳмон низ дида мешавад. Муаллифи пешгуфтори китоби “Диявол-2”, ки аз 134 саҳифа иборат аст, худро Эшони Калони Турон муаррифӣ кардааст.

Вай унвонии оқои Каримов аз ҷумла навишта: “Шумо ҳамтои тоҷики худ – раиси ҷумҳури Тоҷикистони мустақилро таҳқир мекунед ва дар бораи ӯ мегӯед - ин “колхозник” савори тонкҳои ман ба қудрат расид.”

Муаллифи ин пешгуфтор раиси ҷумҳури Ӯзбакистонро дар марги қурбониёни ҳаводиси соли 2005 дар Андиҷон ва солҳои 1991 ва 1998 дар Тошканд муттаҳам мекунад. Дар матолиби ин китоб ба сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики Ислом Каримов низ таваҷҷӯҳ шудааст. Барои мисол баёнияи Абдумалик Абдулоҷонов, аз соли 2003 дар ин китоб ҷой дода шудааст.

Аз ҷумла дар ин матлаб мехонем: “Танҳо интихоботи шаффоф дар Тоҷикистон дар соли 1991 баргузор шуд ва пас аз сарнагунии ғайриқонунии давлати Раҳмон Набиев ва расидани гурӯҳи ҷиноии Раҳмон ба қудрат ҳамаи интихоботҳои баъдӣ “намоишӣ” буданд.”

Дар эзоҳе дар поёни ин матлаб аз ҷумла мехонем: “Бино ба бархе иттилоъот ҳоло оқои Абдулоҷонов дар Ландан ба сар мебарад, ва гаҳ гоҳе бо Додоҷони Атовулло, ки худро раҳбари “Ватандор” ҳаракати мухолифи давлати Тоҷикистон меномад дидорҳо мекунад.”

Аммо дар саҳифаи нахустини ин китоб акси Ислом Каримов ҷо дода шудааст ва дар зери ин акс унвонии оқои Каримов навишта шуда: “Сиёсати хориҷии шумо нисбат ба Тоҷикистони бародар пур аз хашм ва ҳасодат нисбат ба президент ва миллати ин кишвар аст. ”

Китоби “Июда-2”, ки ҳудуди 100 саҳифа аст, умдатан муҳтавояшро маҷмуъе аз гузоришҳои расонаҳои хориҷӣ ва асноди Викиликс дар бораи сиёсатҳои Ислом Каримов ва хонаводаи ӯ медонад.

Дар поёни ҳар ду китоб зери нақши дор бо ҳуруфи бузург даъвате барои хонандагон чоп шуда ва дар ин даъват 13 майи соли оянда “Рӯзи иҷрои ҳукм” эълом шудааст. Чигунагии тавзеъи ин китобҳо дар Тоҷикистон маълум нест. Баъид ба назар мерасад, ки онҳо дар фуруш бошанд, зеро ин китобҳо дар нукоте аз шаҳр зоҳиран ройгон ба алоқамандон тавзеъ шудааст.

Як фард, ки ин китобҳоро аз ин роҳ дарёфт кардааст, гуфт, мутаваҷҷеҳ нашуда буд, ки чи китоберо ба ӯ додаанд ва танҳо дертар фурсати варақ задани китобҳоро пайдо кардааст. Мушаххас нест, ки чи шуморе аз ин китобҳо дар Тоҷикистон дар дастрас қарор гирифтаанд. Зоҳиран дар вазорати кишвари Тоҷикистон дар робита ба ин китобҳо иттилоъе вуҷуд надоштааст.

Масъулони вазорати кишвари Тоҷикистон дар посух ба ин савол, ки оё дар ҷараёни паҳн шудани чунин китобҳо дар шаҳр хабар доранд, ё хайр, аз хабаранигори Би-би-сӣ исми китоб ва муъаллифи онро пурсидаанд. Тавзеъи ғайрирасмии китобҳои интиқодӣ алайҳи Ислом Каримов дар ҳоле дар пойтахти Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки равобити миёни Тошканд ва Душанбе сард аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi