20:08:17 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАЛОШИ ВАКИЛОНИ ҚИРҒИЗИСТОН БАРОИ МАНЪИ "МИНИ-ЮБКА"

Интизор меравад, ба зудӣ пӯшидани домани кӯтоҳ ва пойафзоли боз дар бинои порлумони Қирғизистон манъ шавад.

/images/stories/2012/06/30_youbka-300612.jpgБо фаро расидани гармои тобистон аксар сокинони пойтахти Қирғизистон ба пӯшидани либоси тунуки тобистона ва кафшҳои боз рӯ овардаанд. Вале аз эҳтимол дур нест, ки ба ҳамин зудиҳо пӯшидани домани кӯтоҳ, пироҳани варзишӣ ва пойафзоли кушодаи тобистона дар дохили бинои порлумони Қирғизистон манъ шавад.

Вакили мардумӣ аз фраксияи "Ор-Номус" ва ҳамчунон собиқ Омбудсмени Қирғизистон, Турсунбой Боқир-уғлу, талош дорад,  либоспӯшии мардум дар биноҳои давлатиро ба тартиб дарорад. Моҳи май ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи вакилони мардумии қирғиз Боқир-уғлу гуфт, чанд лаҳза пеш дар долони Ҷогорку Кенеш бо духтаре рӯ ба рӯ шуд, ки дар танаш домани кӯтоҳ доштааст. Ба қавли ин сиёсатмадори қирғиз, ӯ маҷбур шуд, аз шарм чашмонашро ба дигар тараф гардонад. Боқир-уғлу танҳо бо танқид қонеъ нашуда, пешниҳод кард, ки пӯшидани доманҳои ба истилоҳ "минӣ" ва либоси варзишӣ дар дохили бинои порлумони Қирғизистон манъ шавад.

Боқир-уғлу, ки мусулмони бо тоату ибодат аст, паёмашро тавассути шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ҳам интишор намуда, гуфтааст: "Дар даврони қабл аз Шӯравӣ занони қирғиз, пироҳани дароз бар тан ва рӯймол ё кӯлоҳи анъанавии элечек бар сар доштанд." Бо такя ба ин ташаббуси Боқир-уғлу Кумитаи одоби вакилони порлумони қирғиз як дастури тарзи либоспӯшӣ дар бинои Маҷлиси қонунгузори ин кишварро матраҳ кардааст, ки баъд аз таътили тобистона мавриди арзёбӣ қарор мегирад. Дар ин дастур таъкид шудааст, ки касе ҳақ надорад, домани кӯтоҳ, либоси варзишӣ ва ё пироҳани боз дар тан ба порлумони Қирғизистон дохил шавад. Пӯшидани шими ҷинсу шортс ва задани атри ғализ ҳам дар рӯйхати сиёҳ шомил аст.

​​Дар ин дастур машварат дода шудааст, ки ҳангоми кор дар порлумон ва ё зиёрат аз он мардум либоси сиёҳ, хокистарӣ, кабуд, ҷигарӣ ва ё сафед бипӯшанд. Вакили мардумӣ Достон Ҷумъабеков аз ҳизби мухолифи "Ота-Ҷурт" мегӯяд, ин дастур каме ба ифрот роҳ додааст: “Манъи атр ба ҳеҷ ваҷҳ зарур нест. Ҳар кас бӯи хосеро дӯст медорад. Ман манъи пӯшидани доманҳои кӯтоҳро дастгирӣ мекунам. Бигузор, домани миёна пӯшанд, вале дар мавриди атр ва ранги либос ҳар кас бояд худаш муайян кунад, ки чӣ мепӯшад.”

Вакили мардумӣ аз ҳизби ҳокими "Ота Макон", Ширин Айтматова, мегӯяд, воқеан дастури либоспӯшӣ барои ходимони давлатӣ дар тамоми олам вуҷуд дорад, вале дастури либоспӯшӣ набояд ба корафтодагон ва меҳмонони бинои порлумон дахл дошта бошад: “Агар ин дастур ба ҳуқуқи рӯзноманигорону аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дохили бинои порлумон мешаванд, таъсир кунад, масъала ранги дигар мегирад. Ба фикрам, аксари вакилони мардумӣ зарурате намебинанд, ки рӯзноманигорону афроди зиёраткунандаи порлумон тибқи дастури онҳо либос пӯшанд.”

Дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон шарҳу эътирози зиёде ба пешниҳоди Боқир-уғлу нашр шудааст. Рӯзноманигор Булот менависад, хабарнигорон бар иловаи таҳияи гузориш аз порлумон ба ҷойҳои дигар ҳам рафта, рӯйдодҳои мухталифро инъикос мекунанд. Ба қавли Булот, аслан шими ҷинс либоси кории рӯзноманигор аст.

Хонуме бо номи Айка навиштааст, ки Боқир-уғлу дар долонҳои порлумон духтаронро тамошо накарда, дар утоқи кориаш бо таҳияи қонунҳо машғул бошад. Дар ҳамин ҳол, муовини раиси порлумони Қирғизистон, Осиё Сосиқбоева, иброз дошт,  то ҳол маълум нест, ки хилофкорон чӣ ҷазо хоҳанд гирифт, вале мардум маҷбур шудаанд, ки сари либосу пойафзоли худ фикр кунанд: “Намедонам, ки муҷозоти хилофкорон чӣ хоҳад буд. Вале баъд аз муаррифии ин дастури либос, мо ба худ суол хоҳем дод, ки оё либосамон муносиб аст? Ин амал боиси беҳбуди интизомамон хоҳад шуд.”

Ба ҳар ҳол, бисёриҳо бар ин назаранд, ки баҳси қонун баъд аз таътили тобистона оромтар хоҳад шуд, зеро ҳаво низ сардтар шуда, мардум либоси сабуки тобистонаро канор хоҳанд гузошт.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi