22:02:43 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПЕНТАГОН ДАР ОСИЁИ МИЁНА БАРОИ НЕРӮҲОЯШ АЗ КӢ, ЧӢ ХАРИД?

Амрико барои таъминоти нерӯҳояш дар Афғонистон, тайи як соли гузашта аз кишварҳои Осиёи Миёна ба маблағи 1,3 миллиард доллар молу коло харидорӣ намудааст.

/images/stories/2012/12/05_pentagon-51212.jpgИёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон тайи як соли охир аз кишварҳои Осиёи Миёна ба маблағи зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион доллар молу хизматрасониҳо харидааст, ки ба Тоҷикистон аз сад як ҳиссаи он ҳам рост намеояд.

Тибқи иттилои сомонаи Eurasianet.org, аз ҳама бештар пуле, ки Амрико дар Осиёи Миёна барои таъминоти нерӯҳояш дар Афғонистон сарф кардааст, ба Туркманистон расидааст. Аз ҳаҷми умумии ин маблағ, 800 миллион доллари он ба Туркманистон рост меояд, ки аз ҷамъи маблағи масрафшуда дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна, бештар будааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, хароҷоти Амрико дар Қирғизистон 218 миллиону 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз маблағҳои масрафнамудаи Амрико барои таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон, 137 миллион доллари он ба Қазоқистон, 105 миллиону 900 ҳазор доллар ба Узбакистон ва аз ҳама камтар - 11 миллиону 700 ҳазор доллар ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар маҷмӯъ маблағе, ки Амрико дар Осиёи Миёна барои таъмини артишаш дар Афғонистон сарф кардааст, нисбати соли гузашта ҳафт баробар бештар мебошад. Пентагон ният дорад, соли оянда масорифи худ дар кишварҳои Осиёи Марказиро ба 1 миллиарду 310 миллион доллари амрикоӣ расонад.

Ин ниҳод барои нерӯҳояш дар Афғонистон, аз Туркманистон асосан сӯзишворӣ харидорӣ намудааст. Инчунин, тибқи изҳороти интишорнамудаи Пентагон, миллионҳо доллари дигар дар Осиёи Миёна барои харидани обу нӯшокӣ, маҳсулоти нонию макаронӣ, симхору ноқилҳо, хароҷоти ҳамлу нақл ва дигар молу хизматрасониҳо, ихтисос ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi