МУЗОКИРОТИ БЕҲОСИЛИ НОЗИРОНИ ҲАСТАӢ ВА ЭРОН
Музокироти дурӯзаи Эрон ва ҳайати баланпояи Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ шаби панҷшанбе дар Теҳрон бе ҳеҷ гуна пешрафт ба поён расид.
Хабаргузориҳо эълон кардаанд, ки даври баъдии гуфтугӯҳо дар моҳи феврал баргузор хоҳад шуд. Дар хабарҳое, ки хабаргузориҳои Эрон нашр кардаанд, ба ҷузъиёти гуфтугӯҳо ишора нашуда, аммо хабаргузориҳои ғарбӣ ба нақл аз манбаъҳои дипломатӣ гузориш додаанд, ки дар ин гуфтугӯҳо тавофуқи чандоне ҳосил нашудааст.
Ҳайати баландпояи Оҷонс ба сарпарастии муовини раиси Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо тими музокиракунандаи эронӣ ин бор ба сарпарастии Алӣ Асғар Султония-намояндаи Эрон дар Оҷонс рӯзҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбе ба гуфтугӯ нишастанд.
Хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз як дипломати муқими Вена гузориш дод, ки дар музокироти ду рӯзаи ҳайати эронӣ бо тими Оҷонс, тавофуқе ҳосил нашудааст. Як дипломати дигар ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки мутобиқи ончи вай шунида, “ҳанӯз ихтилофҳое” миёни ду тараф вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои эронӣ ва Оҷонс ҷузъиёте аз натоиҷи гуфтугӯҳоро фош накардаанд.
Музокироти Эрон бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ аз он ҷиҳат дорои аҳамият мебошад, ки асосе барои гуфтугӯҳои сиёсии Эрон ба гуруҳи 5+1 ба шумор меравад.
Хостаҳои гурӯҳи 5+1 аз Эрон расидан ба тавофуқ бо Оҷонс ва амал намудан ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ аст ва Эрон ҳам хостори лағви таҳримҳо ва дар айни ҳол идомаи барномаи ҳастаии худ мутобиқ ба паймони NPT аст.
Охирин даври музокироти Эрон ва гуруҳи 5+1 дар моҳи июни соли гузашта дар Масква баргузор шуда буд.
«Озодӣ»