02:15:30 03-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ ФАРМОНДЕҲОНИ АРТИШИ ЭРОН

Бар асари як таркиш дар ҷануби Эрон беш аз 10 нафар бо шумули ду фармондеҳи артиши ин кишвар кушта ва ҳудуди 60 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин инфиҷор субҳи имрӯз, 18-уми октябр, дар минтақаи Сиистон дар ҷануби Эрон ҳангоми ҳамоиши сарони тоифаҳо ва қабилаҳои маҳаллӣ рух додааст. Баъзе аз сарчашмаҳо шумори кушташудагонро на кам аз 20 нафар гуфтаанд.

 

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар байни кушташудагон аз ҷумла Нуралӣ Шуштарӣ - ҷонишини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва Раҷаб Алӣ Муҳаммадзода – фармондеҳи сипоҳи вилояти Сиистону Балуҷистон мебошанд, ки дар ин ҳамоиш ширкат доштаанд. Хабаргузории расмии Эрон - ИРНА ин ҳодисаро амали маргталабона номидааст ва аз бархе сарчашмаҳо нақл кардааст, ки он тавассути як нафаре анҷом ёфтааст, ки бо худ маводи тарканда доштааст.

 

То ба ҳол ягон гурӯҳе масъулияти ин амали маргталабонаро бар уҳда нагирифтааст. Вале қаблан мақомоти Эрон гурӯҳи мавсум ба Ҷунбиши муқовимати мардумии Эронро дар даст доштан дар амалиётҳои террористӣ дар минтақаи ҷанубу шарқи ин кишвар айбдор медонистанд.

 

Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон, ки яке аз фармондеҳони он ҳадафи ин ҳамла қарор гирифтааст, яке аз бахшҳои аслии артиши Эрон аст, ки баъд аз Инқилоби исломӣ дар соли 1979 таъсис шудааст.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854