11:18:24 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Моҷарои Сноуден: Амрико кишварҳоро дар муқобили худ қарор медиҳад

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Моҷарои ҷосусӣ ва ифшои асноди сиррии бузургтарин қудрати ҷаҳонӣ ИМА ба як масъалаи байналмилалӣ табдил меёбад. Ба назар мерасад баъди ифшогариҳои Эдвард Сноуден-собиқ корманди хадамоти махсуси ИМА паҳлуҳои дигари амалҳои ҷосусии Амрико дар кишварҳои бузурги олам ошкор мешаванд. Таҳлилҳо баёнгари он нуктаанд, аз сарнавишти Сноуден кишварҳое ҳам ҳозиранд судҳо бардоранд.

whistleblower-edward-snowde

Барои Русия ӯ як мусофирест, ки транзитӣ вориди ин мамлакат шудааст ва ҳоло дар минтақаи озод қарор дорад, ки ба муҷарради дарёфти чипта ба ҳар гӯша аз хоки олам, ки майл дорад, биравад. Барои Амрико вай ифшогарест, ки ба амнияти миллии ин кишвар хисороти бузург ворид кардааст. Венесуэла ӯро қаҳрамон меномад, Эквадор ба хотири ӯ худро дар муқобили ИМА қарор медиҳад. Ба дигар маънӣ, як муқовимати сахти дипломатӣ, ки ҳатто метавонад оқибатҳои сангини иқтисодӣ ҳам дошта бошад, миёни Амрико ва иддае аз кишварҳои Амрикои Лотин дар ҳоли шаклгирист.

Амрико садои ҳафтод дар сад аҳолии Аврупоро гӯш мекунад

ИМА наздик ба 70 дар сад маълумот дар бораи шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупоро аз тариқи хадамоти махсуси ҳафт кишвари аврупоӣ ба даст меорад. Дар ин бора охири ҳафтаи гузашта сомонаи  Privacy Surgeon дар сӯҳбат бо собиқ корманди АНБ Уэйн  Мэдсен иттилоъ дод.

Тибқи иттилои Мэдсен Олмон, Фаронса, Италия, Испания, Нидерландия ва Дания бо ИМА муоҳадае имзо кардаанд, ки тибқи он хадамоти махсуси ин кишварҳо водор карда мешаванд бо дархости Ожонсии амнияти милии ИМА ҳар маълумоти лозимро дар мавриди истифодаи гуфтугузорҳои телефонии шаҳрвандонашон ва фаъолиятҳои интернетии онҳо ироа кунанд. 

Аз ин пештар дар бораи бо Ожонсии амнияти миллии ИМА ҳамкорӣ кардани хадамоти махсуси Британияи Кабир хабар дода мешуд. Ба навиштаи РИА "Новости" 70 дар сад  аҳолии мамолики узви Иттиҳодияи Аврупо дар ин ҳафт кишвар сукунат доранд. Пас метавон гуфт, ки Амрико расман муколамаҳои телефонии 70 дар сад аҳолии ин мамоликро назорат мекунад. 

"Ман намедонам чӣ гуна канслери Олмон Ангела Меркел метавониста бошад бо абруи чин ва ҷиддият аз Обама ва сарварони Британияи Кабир шарҳи ин қазияро талаб кунад, дар ҳоле, ки Олмон низ ин гуна муоҳадаро бо ИМА расман имзо кардааст",-гуфтааст Мэдсен.

Бино ба маълумоти ӯ ИМА бо хадамоти махсуси Финландия, Шветсия ва Туркия низ дар ин заминаҳо ҳамкорӣ мекунад, вале камтар аз он ҳафт кишвари ёдшуда. Мэдсен гуфтааст, ки маълумоти ҳоло ироакардаи ӯ нав нест ва он қисман соли 2000 дар маърӯзаи парламони Аврупо дарҷ шуда буд.

Рӯзи шанбеи гузашта рӯзномаи олмонии Spiegel хабар дода буд, ки Ожонсии амнияти миллии ИМА дар намояндагиҳои Иттиҳодияи Аврупо мустақар дар Вашингтон ва Ню-Йорк дастгоҳи махфии сабти сӯҳбатҳоро насб карда буд. Ба гузориши ин нашрия хадамоти махсуси ИМА ба ин ҳам иктифо накарда, рамзҳои компутарҳои масъулини Иттиҳодияи Аврупоро мешикастанд ва маълумоти заруриро аз он берун мекашиданд.

Бо ин васила онҳо дастрасии комил ба мукотиботи кормандони намояндагиҳо, ҳамчунин ба асноди электронӣ доштанд. Spiegel навишт, ки ин маълумотро корманди собиқи хадамоти махсуси ИМА Эдвард Сноуден бо ироаи маърӯзае ба ВАО фош карда буд. Дар ҳамин ҳол Мартин Шултз, раиси порлумони Аврупо аз давлати Амрико хост, то дар хусуси гузориши ҷосусии он кишвар аз дафотири намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Вашингтон ва Ню Йорк тавзеҳ диҳад.

Дар номаи Шултз омадаст, ки агар хабари ҷосусӣ дар намояндагии Иттиҳодияи Аврупо сиҳҳат дошта бошад, асари ҷиддӣ бар равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико хоҳад гузошт.  

26 сенатори амрикоӣ низ ба Директори ожонсии амнияти миллии ин кишвар дархост додаанд, ки моҷарои ба амаломада сари фош гардидани асрори ҷамъоварии маълумотҳо дар иртибот ба гуфтугузорҳои телефонҳои мобилӣ ва муколамаҳои интернетиро шарҳ диҳад. Сенаторон аз он изҳори таассуф кардаанд, ки асрори иртиботдошта ба масоили амниятӣ на бо кӯшиши худи давлат, балки бо василаи касони дигар ифшо шудааст.

Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ин кӯшиши хадамот боиси он мегардад, ки мардум аз муколама сари масоили амниятии кишвар дур шаванд. Аз сарвари ин идора дархост карда мешавад, ки дар мавриди натиҷаи ба дастомада бар асари ин шеваи ҷамъоварии иттилоот мушаххасан маълумот пешниҳод намояд.  

Ҳамлаи вирусӣ ба Эрон ва кишварҳои дигар

Моҷаро асосан баъди интишори асноди сирие оғоз гардид, ки аз ҷониби Эдвард Сноуден-мутахассиси варзидаи компутарӣ ва корманди собиқи хадамоти амниятии ИМА ироа шуда буд. Вале ҳанӯз кори Сноуден анҷом наёфта ва талошҳои боздошту исртирдодаш ба ҷое нарасида дар ИМА моҷарои дигари ифшои асрори сиррӣ сар мезанад.

Ин бор мақомот як генерали маъруфро ба фош сохтани сирри ҳамлаи кибернетикӣ ба объектҳои атомии Эрон муттаҳам мекунанд. Сухан аз вируси  Stuxnet меравад, ки дар замони Буши хурдӣ ИМА ва Исроил муштаракан ба хотири аз байн бурдани барномаҳои ҳастаии Эрон эҷод карда буданд. Дар ин бора генерали мустаъфӣҶеймс Картрайт, ки он замон дуввумин шахси масъул дар Пентагон маҳсуб мешуд, хабар додааст.

Ҳоло мақомот ӯ ва ҳафт корманди масъули дигари муассисаи низомии кишварро ба ифшои ин асрор гунаҳгор медонанд. ВАО-и амрикоӣ навишт, ки ҳамзамон бо Эрон ин гуна амалиётҳои кибернетикӣ зидди кишварҳои дигар низ роҳандозӣ шуда буд, вале дарёфти маълумоти мушаххас дар он замина, ки маҳз кадом мамоликро он дар бар мегирифт, ҳоло мушкил аст. Ҳамлаи кибернетикиро дар ИМА силоҳи насли нав меноманд.

Иқтисоду сиёсат дар қазияи Сноуден

Аммо ба назар мерасад масоили иқтисодӣ ҳоло на ба он ҳад муҳиманд, ки масъалаи Сноуден муҳим арзёбӣ шудааст. Ба муҷарради таҳдиди Вашингтон, ки Эквадорро аз имтиёзи иқтисодӣ маҳрум хоҳад намуд, Кито эълон кард, ки Эквадор худ якҷониба ин муоҳадаро лағв мекунад ва аз ҳама гуна имтиёзҳо даст мекашад. Имтиёз аз тиҷорат бо Амрико ба Эквадор солона 23 миллион доллар фоида меорад, вале ҳоло дида мешавад, ки ҳузури Сноуденро Эквадор бар ин фоидаи иқтисодӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ин амали ногаҳонии президенти Эквадор сиёсатмадорони ИМА-ро дар ҳоли ногувор қарор додааст. Вашингтон ҳоло ҳадс мезанад, ки баъди марги Уго Чавес, ки дар минтақа як пешвои маъруфиятёфта бо андешаҳои зиддиамрикоӣ буд, президенти Эквадор Рафаэл Корреа мекӯшад ҷойгузини ӯ ба пешвоӣ бошад.

"Тарифҳои гумрукӣ ғайримунтазира ба як дастгоҳи иғвогарӣ табдил шуданд. ИМА бо он ки аз кори анҷомдодаи Сноуден шарманда шудааст, мехоҳад бори ин шармандагиро бар души Эквадор гузорад. Ҳоло Эквадор худ изҳор медорад, ки аз ин гуна имтиёзҳо даст мекашад. Шарафу обрӯи мо арзиши бебаҳо дорад",-гуфт Корреа.

Аммо ин 23 миллион доллар фоида қатрае аз баҳр дар баробари суди тиҷоратӣ миёни ду кишвар аст, ки солонаи ба андозаи 16 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Эквадор ба ИМА қатори дигар маҳсулоте, ки аз имтиёзҳои гумрукӣ бархӯрдоранд, боз нафт низ содир мекунад. Гузашта аз ин муоҳадаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар новобаста аз масъалаҳои Сноуден ҳам моҳи июл умри худро ба поён мебаранд ва барои идомаи онҳо ҷонибҳо бояд сари мизи гуфтушунидҳо биншиннад. Маҳз аз ҳамин вазъ Эквадор ҳоло мехоҳад хуб истифода кунад.

Ҳамзамон бо ин президенти нави Венесуэла Николас Мадуро Сноуденро писари ҷасур унвон кард ва гуфт кишвараш ҳозир аст бо ҳар арзише набошад барои ӯ паногоҳи сиёсӣ диҳад. "Ин писар чӣ кор кард? Одам накуштааст, ғорат накардааст, балки асрореро фош намудааст, ки ИМА дар сар то сари олам ба ҷосусӣ машғул аст, гуфтушунидҳои телефониро гӯш мекунад, номаҳои мардумро мехонад ва бо ин васила ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқи башар ва истиқлолияти кишварҳоро нақз мекунад",-гуфт Мадуро.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки ИМА террористи фирорӣ Луис Посад Каррилес, ки соли 1976 ҳавопаймои ба сӯи Каракас дар ҳоли парвози ширкати ҳавопаймоии Куба CubanadeAviation-ро инфиҷор дод буд, дар қаламрави худ панаҳ дод. Аммо дар қиёс ба ин Сноуден ҷинояте содир накардааст, ки ҷони инсонҳоро зери хатар гузошта бошад. 

Амрико на танҳо Эквадору Венесуэла, балки Русияро ҳам мехоҳад чап гирад, ки Сноуденро боздошт намекунад. Ҳатто сенаторҳои амрикоӣ даст ба таҳияи қонуни нави таҳримҳо алайҳи Русия заданд. Аммо ин ҳам Маскавро чандон нигарон накард. Ахиран Владимир Путин яхи хомӯширо шикаст ва расман иқрор шуд, ки ифшогари амрикоӣ дар пойтахти Русия аст, вале ҳоло ҳам аз фурудгоҳи Шереметово берун нашудааст.

"Ҷаноби Сноуден дар ҳақиқат ба Маскав омада буд. Ин барои мо комилан ногаҳонӣ буд. Вай чун мусофири транзит омад ва барояш на раводид зарурат дорад ва на асноди дигар. Ӯ чун мусофири транзит ҳақ дорад чипта дарёфт кунад ва парвоз намояд. Ӯ одами озод аст, вале меҳмони шарафманди амрикоӣ барои Маскав нест. Ҳар қадар ки зудтар ба масири худ идома диҳад ва ба манзил расад, барои мо ва барои худи ӯ хуб мешавад", - гуфт Путин. 

Ҳамзамон бо ин сарвари давлати Русия ишора кард, ки Амрико метавонад ба мусоидати Маскав ба боздошт ва истирдоди Сноуден умед ҳам набандад. "Ассанж ва Сноуден худро муҳофизони ҳуқуқ мепиндоранд ва мегӯянд ба паҳнсозии иттилоот машғуланд. Аз худ бипурсед: Оё мумкин аст ин гуна ашхосро зиндонӣ кард? Дар ҳар сурат ман саргарми ин гуна масъалаҳо намешудам, зеро аз ду сар ин ба монанди он аст, ки хукбачаро мӯй тарошӣ: сару садои зиёд дорад, вале пашми кам", - изҳор дошт Путин.

Президенти Русия ҳамчунин изҳор дошт, ки Сноуден марзро убур намекунад, ки барояш раводид зарурат дошта бошад ва гунаҳгоркунии Русия як амали зиёда шармандагист. "Мо шахсеро замоне боздошт мекунем, ба ҳамон кишваре истирдод менамоем, ки миёни мо ин гуна муоҳада бошад. Миёни Русия ва ИМА чунин созишнома вуҷуд надорад".



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi