15:48:54 27-уми Июни 2026 сол
Охирин интригаи интихобот-2015 15.01.2015 21:57 1375
Натиҷаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ба назари бисёриҳо, аз ҳоло маълум аст. Вале як интригаи боқимондаи ин маърака сарнавишти ҳизби наҳзати ислом аст, ки оё 2 курсиашро дар порлумони оянда ҳифз мекунад ё ...?
Стив Свердлов: Ҳукми Шӯҳрат Қудратов сиёсист 15.01.2015 21:48 1143
Пажӯҳишгари созмони байналмилалии Human Rights Watch Стив Свердлов бо таъкид ба ангезаҳои сиёсии парвандаи Шӯҳрат Қудратов аз мақомоти Тоҷикистон хостори бозбинии ҳукми зиндони ин вакили мудофеъ шуд.
Кабирӣ: Олимон ба ҷойи кори илмӣ ба сиёсат даст мезананд 14.01.2015 14:59 1176
Баррасии тарҳи қонун дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника дар таҳрири нав дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон боиси баҳси Муҳиддин Кабирӣ ва Фарҳод Раҳимӣ шуд.
62 номзад аз имтиҳони забон гузаштанд 11.01.2015 23:03 1180
Бар пояи Қонун “Дар бораи интихобот” дар Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии парлумон бояд аз забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ санҷиш супоранд ва дар сурати насупоридани ин санҷиш, афроди пешбаришуда аз ҳаққи номзадӣ маҳрум мешаванд.
Нома ба Кабирӣ: Ба Тоҷикистон мутахассис лозим аст, на ҳизби исломӣ 08.01.2015 15:57 1143
Дар як номаи саркушода, ки аз номи "8657 донишҷӯ" нашр шудааст, аз раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ талаб кардаанд, ки бо ҷонибдоронаш "аз сиёсӣ кардани дину эътиқод даст кашанд”, зеро “барои Тоҷикистон на ҳизби динии сиёсӣ, балки донишманду мутахассис зарур аст.”
С.Ятимов дар бораи бозиҳои геополитикӣ ва миллатсозӣ 05.01.2015 00:42 1330
Раҳбари Кумитаи амнияти Тоҷикистон Саймӯмин Ятимов дар як рисола ба зарурати миллатсозӣ дар меҳвари шуури миллӣ ва ояндабинии сиёсӣ таъкид ва аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба унвони «шахсияти хирадманди Тақдирсоз ва Ободкор» ситоиш кардааст.
Оғози мавсими тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон 05.01.2015 00:39 1164
Манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, тағйироти кадрие, ки ҳар сол дар моҳи январ дар пешорӯ ва рӯзҳои ҷаласаи солонаи ҳукумати ин кишвар доир мешаванд, имсол танҳо бо табдили раисони чанд шаҳру ноҳия маҳдуд нахоҳад шуд ...
НАЗАРИЯИ ЭҲТИМОЛИЯТИ РАВАНДҲОИ СИЁСӢ 05.01.2015 00:29 2216
Шуур, аз лиҳози гносеологӣ, шакл ё дараҷаи олии инъикоси олами воқеӣ мебошад. Вале онро, ба ҳар ваҷҳе ки набошад, пурра ба падидаи инъикос баргардонидан ва шуурро дар он хулоса кардан хато аст. Зеро шуур табиати иҷтимоӣ дорад.
Отамбоев: «Низоъ дар марз бо Тоҷикистон ду баробар кам шуд» 29.12.2014 00:33 1217
Дар паёми ҷамъбасти соли 2014 раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев иҳзор дошт, ки баъд аз гуфтушуниди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низоъҳо дар марзи байни ду кишвар коҳиш ёфтаанд. Вай ҳамзамон аз кишварҳои минтақа даъват кард, эътироф намоянд ...
Умаралӣ Қувватов: Ҳанӯз қароре дар мавриди мо содир нашудааст 26.12.2014 00:31 1109
Соҳибкори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ аз Истамбул гуфт, мақомоти умури дохилӣ маҳалли нигаҳдошти ӯ ва се ҳамроҳи дигарашро тағйир доданд.
Тоҷикистон раёсати даврии СПАД-ро ба зимма гирифт 23.12.2014 00:49 1171
Дар нишасти навбатии Шӯрои амнияти Созмони Амнияти Дастҷамъӣ раёсати он ба зиммаи Тоҷикистон гузошта шуд. Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав пас аз натиҷагирии кори солонаи ин созмон ...
КДАМ: Муҳаммадбоқиров корманди амниятро захмӣ кард 16.12.2014 11:14 1251
Дар изҳороти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров дар захмӣ шудани як ходими амният муттаҳам мешавад. Дар матни изҳорот, ки дар сомонаи расмии "Ховар" нашр шудааст ...
Парлумон: Аз маҷлиси саркаш то дастгоҳи орому сокит 16.12.2014 11:11 1131
Интихоботи Шӯрои Олии соли 1990, ки дар замони Шӯравӣ баргузор шуд, дар хотираҳо боқӣ намемонд, агар дар фазои озоди бозсозии горбачёвӣ баргузор намешуд ва ҳам чеҳраҳои баъдии муассир дар сиёсатҳои Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев ...
Абдуҷаббор Раҳмонов: “Ин вазифа аз боварии баланди сарвари давлат аст” 16.12.2014 11:06 1051
Ёвари нави президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гуфт, таъйиноташро ба вазифаи нав хуш пазируфтааст. Дар як тамоси телефонӣ мо аз Абдуҷаббор Раҳмонов, ёвари нави президенти Тоҷикистон дар масоили иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа пурсид ...
ҲХДТ бо чеҳраҳои нав вориди корзори интихоботӣ шуд 15.12.2014 12:03 1214
Анҷумани қабл аз интихоботии ҲХДТ имрӯз, шанбеи 13 декабр дар толори "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе бо ширкати 1200 вакил баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи вакилон бори дигар ба унвони раҳбари ҲХДТ интихоб гардид.