16:03:39 27-уми Июни 2026 сол
Рӯҳонӣ: Порсиён аз ифроту тафрит ҳамвора ҳазар доштаанд 11.09.2014 21:48 1152
Дар ҳоле ки давлати Тоҷикистон бо афзоиши ифротгароӣ дар миёни ҷавонони ин кишвар дасту панҷа нарм мекунад, раиси ҷумҳурии Эрон дар мулоқоташ бо донишмандони тоҷик гурӯҳҳои Доъиш ва Толибонро “душманони фарҳанги исломӣ” хондааст.
Дарҳои Шанхайро дар Душанбе калонтар хоҳанд кушод? 11.09.2014 21:41 1157
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, рӯзҳои 11-12 сентябр мизбони нишасти солонаи сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай мешавад. Тоҷикистон бо ҳамин раёсати яксолааш дар ин созмони минтақавиро анҷом дода, раҳбариро ба Маскав месупорад.
Тарҳҳои нави ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон 11.09.2014 21:39 1163
Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, кишвараш тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Айнӣ"-ро бар фарози рӯди Зарафшони Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
Тавсифи сафири Чин аз равобити стратегии Пекину Душанбе 09.09.2014 23:03 1108
Сафари давлатии раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар як давраи мусоиди ҳамкориҳои ду кишвар доир мешавад. Сафири Чин дар Душанбе Фан Сянжун бо изҳори ин нукта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст ...
Паёми табрикотӣ ба ифтихори 23 - солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 08.09.2014 21:04 1473
Бисту се сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ ...
Рӯнамоие аз нахустин сафари Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон 08.09.2014 21:00 1083
Лаҳни равобити Тоҷикистону Эрон барои чанд соли оянда зоҳиран дар ҷараёни сафари дарпешистодаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯшан хоҳад шуд. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ шоми сешанбе ...
Кабирӣ: Сабр бароямон натиҷаи мусбат дод 08.09.2014 20:57 1026
Оқои Кабирӣ дар ин маврид аз ҷумла гуфтааст: "Сиёсати пешгирифтаи мо, яъне, пеша кардани сабр ва таҳаммул дар баробари монеъаҳо ва фитнаҳо натиҷаҳои худро дода истодаанд ва дар оянда натиҷаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Х.Холиқназаров: "СҲШ дар оянда сарнавишти ҷаҳонро ҳал мекунад" 06.09.2014 20:49 1075
Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки рӯзи 5 август дар як мизи гирд сӯҳбат мекард, гуфт, пас аз соли 2005, замоне, ки мавқеи СҲШ дар минтақа мустаҳкам шуд, хоҳишмандони ба даст овардани узвияти он афзуданд ...
Истирдоди Низомхон Ҷӯраев аз Русия ғайриқонунӣ будааст 06.09.2014 20:45 1104
Додгоҳи Олии Русия ҳукми истирдоди Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилоятӣ ва соҳибкори сарватманди тоҷикро беэътибор эълон кардааст. Низомхон Ҷӯраев, ки чанде пеш ба таври асроромез дар Тоҷикистон нопадид шуд ...
М.Кабирӣ: Пеш ё ақиб рафтани мо дар интихобот маълум мешавад 03.09.2014 09:56 1073
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон дар як гуфтугӯ бо мо дар бораи интихоботи қарибулвуқӯи интихоботӣ, маъракаи "бадномкунӣ"-и ин ҳизб, шеваҳои муборизаи сиёсӣ, пайванди ҲНИТ бо ҳизбу созмонҳои исломӣ дар хориҷ ва масоили дигар сӯҳбат кард.
"Ҷумҳурият": Тӯраҷонзода ба сиёсат бармегардад! 31.08.2014 23:08 1545
Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар матлаби тозае аз эҳтимоли бозгашти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, яке аз раҳбарони собиқи мухолифин, ба майдони сиёсат ҳушдор додааст.
Азим Иброҳим: Марзбандӣ бештар ба зарари Қирғизистон шуд 31.08.2014 23:05 1507
Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар як гуфтугӯи ихтисоӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи натоиҷи иҷлоси навбатии кумиссиюни байнаҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек сӯҳбат кард.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.08.2014 21:36 1370
Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар дидори Рӯҳонӣ аз Душанбе даҳ санад имзо хоҳад шуд 27.08.2014 20:04 1125
Дар дидори қарибулвуқӯъи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, аз Тоҷикистон, ки дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи Шонгҳой сурат мегирад, даҳ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо хоҳад шуд.
Тоҷикистон ба хатар наздик мешавад, ё баръакс 26.08.2014 10:09 1044
Коршиносон мегӯянд, ҳар қадар, ки замони иҷрои Созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё наздиктар меояд, ҳушдорҳо аз хатари он ба истиқлолияти кишварҳо бештар мешаванд.