01:10:56 03-уми Июни 2025 сол

ПАЗИРОИИ МЕДВЕДЕВ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия аз дидори ғайрирасмӣ бо Дмитрий Медведев ва хӯроки шом дар қароргоҳи раисиҷумҳури Русия оғоз шуд.

 

Раисиҷумҳури Русия ҳини қабули Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи худ дар минтақаи Барвих - яке аз гӯшаҳои зебоманзари вилояти Маскав ӯро хеле хуш пазироӣ кардааст ва гуфтааст, «ман хушҳолам, ки сафари давлатии шумо ба Русия сурат мегирад ва мо метавонем тамоми масоили ҳамкории ду давлатро баррасӣ кунем». Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҳамтои русаш барои анҷоми ин сафари давлатӣ изҳори ташаккур кард ва гуфт, "ман итминон дорам, ки ин сафар равобити моро тақвият хоҳад бахшид".

 

Қисмати расмии сафари президенти Тоҷикистон давоми имрӯз, 22-юми октябр, сурат мегирад, ки тибқи барномаи он, дидору гуфтугӯҳои раисиҷумҳур Раҳмон бо намояндагони олирутбаи Русия ва ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор мешавад.

 

Дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Русия иттилоъ додааст, ки яке аз мавзӯъҳои меҳвари гуфтугӯҳои имрӯз тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон, ба вижа бахши энержии он мебошад. Ин сарчашма нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»-ро бузургтарин тарҳи пиёдашуда бо сармояи Русия дар паҳнои кишварҳои Муштаракулманофеъ унвон карда, ҳамчунин ба дигар тарҳҳои энержии Маскав дар Тоҷикистон ишора кардааст.

 

Вале дар мавриди сарнавишти нерӯгоҳи Роғун, ки Маскав борҳо омодагии худро барои эҳдоси он эълон кардааст, ишорае нашудааст ва ҳоло равшан нест, ки ин мавзӯъ дар чаҳорчӯби музокироти дурӯза дар Маскав матраҳ хоҳад шуд ё на.

 

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафари ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар баробари масоили равобити иқтисодӣ мавзӯъҳои мухталиф, азҷумла сарнавишти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва муҳоҷирати корӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.

 

Дафтари матбуотии президенти Русия дар байни мавзӯъҳои аслии мулоқотҳо аз ҳамкориҳои Маскав ва Душанбе дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои терроризм ном бурдааст.

 

Дар поёни гуфтугӯҳои Раҳмон ва Медведев қабули Изҳороти муштараки президентҳо дар назар аст. Ҳамчунин фардо дар рӯзи дуввуми сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ӯ аз як қатор марказҳои бузурги илмии Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Маскав, Донишкадаи шарқшиносии Фарҳангистони ин кишвар, дидан хоҳад кард. Дар ин рӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони созмону ҷамъиятҳои тоҷикони Русия баргузор хоҳад шуд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854