17:28:53 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шоҳиён: "Интихобот мунсифона инъикос шавад"

Раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъпурсии Тоҷикистон аз хабарнигорон хост, то дар пушиши матлабҳо дар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ бодиққат ва масъулиятшинос бошанд.

shohiyon-45789889Шермуҳаммади Шоҳиён, ин дархостро рӯзи ҷумъаи 6 сентябр дар мулоқот бо хабарнигорон баён дошт ва таъкид кард, ки бештар воқеиятро нависанд. Ҳамчунин ҷаноби Шоҳиён расонаҳои мустақилро барои ҳамкории зич бо кумиссиюни интихобот даъват кард. Масъулони КМИРТ дар ин нишаст эълом карданд, ки тибқи қавонини кишвар хабарнигорон дар марҳилаи интихобот метавонанд бо нозирон, интихобкунандагон берун аз бинои комиссияҳо ва марокизи раъй суҳбат карда, матлабҳо нависанд.

Аммо Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон, ки аз аъзои КМИРТ мебошад, гушоиши ситоди вижа барои журналистонро зарур надонист. Зеро ба гуфти ҷаноби Сатторов ҳуқуқуҳои хабарнигоронро қонунҳои Тоҷикистон ҳимоя мекунад, ки ҳамин кофист.

Ин дар ҳолест, ки Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 5-уми сентябр бо ирсоли як нома ба матлаби Радиои Озодӣ бо номи "Моҷарои номаи "махфӣ" ва нигаронии аҳзоб" вокуниш кардааст.

Дар ин матлаб, ки рӯзи 4 сентябр дар сомонаи Озодӣ ва 5-уми сентябр дар рӯзномаи "Имрӯз Нюс" нашр шуд, бо такя ба як санади расмӣ гуфта мешуд, ки ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ аз аҳзоби сиёсӣ хостаанд, ки рӯйхати фаъолони худро дар ихтиёри мақомоти маҳаллӣ гузоранд.

Дар нусхаи чунин нома, ки дастгоҳи ҳукумати шаҳри Норак ба созмонҳои маҳаллии аҳзоби мухолиф фиристодааст, аз ҷумла гуфта мешуд, ки аҳзоб бояд “рӯйхати дақиқи фаъолони ҳизб”-ро ироа кунанд, то аз ҳисоби онҳо куммисиюнҳои маҳаллии интихоботӣ ташкил шаванд. Дар ин нома таъкид мешуд, ки ироаи рӯйхати фаъолони ҳизбҳои сиёсиро бо ирсоли як дастур КМИРТ аз онҳо хостааст.

Аммо КМИР дар вокуниши расмиии худ менависад, "дар хусуси талаб кардани руйхати аъзоёни ҳизбҳои сиёсӣ барои шомил кардан ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ ба мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ягон мактуб нафиристодааст.»

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi