14:25:09 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

ҲСДТ ва ҲНИТ: Номзади ягона ё ҳар кӣ ба роҳи худ?

Нахустин ҷаласаи якҷояи шӯроҳои сиёсии ҳизби сотиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мавзӯъи пешбарии номзади ягона ба интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳуриро баррасӣ кард.

majlisi-hnit-454587.jpgШокирҷони Ҳаким , муовини раҳбари ҲСДТ ва узви фаъоли Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) рӯзи 9 сентябр ба мо гуфт, ки "ин нишаст бо тавсияи ИНИТ рӯзи шанбе дар қароргоҳи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва бо ширкати аъзои шӯроҳои сиёсии ҳарду ҳизб баргузор гардид."

Ба гуфтаи ҷаноби Ҳаким, дар ин нишаст ҷонибҳо критерияҳо ва далелҳо дар робита ба шахсияти номзади ягона барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

Дар нишаст таъкид шудааст, ки дар сурати истисноӣ, эҳтимоли пешниҳод шудани яке аз муовинҳо ё аъзои дигари ИНИТ низ барои номзадӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъ вуҷуд дорад.

Аммо Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, "бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи интихобот ҷонибҳо бештар дар мавриди пешниҳоди яке аз шахсони аввали ин ҳизбҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ баҳс карданд."

Дар ниҳоят ширкатдоррони нахустин нишасти якҷояи шӯроҳои сиёсии ҲСДТ ва ҲНИТ ба хулосае омадаанд, ки гурӯҳи кории ИНИТ бо дарназардошти манфиатҳои ҷонибҳо номзади эҳтимолиро дар ҷаласаи баъдии шӯроҳои сиёсӣ муаррифӣ кунад.

Ҳамчунин дар нишасти баъдӣ, дигар аз шахсиятҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи маданӣ, ки ба ИНИТ узвият доранд, назири Ойниҳол Бобоназарова, Иброҳим Усмонов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ даъват хоҳанд шуд. Интизор меравад, нишасти баъдии якҷояи шӯроҳои сиёсии ҲСДТ ва ҲНИТ охири ҳафҷтаи ҷорӣ баргузор шавад.

Як гурӯҳ аз аҳзоби мухолиф, созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон чанд моҳ боз мавзӯъи пешбарии номзади ягона дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро баҳс мекунанд. Дар моҳи август ин гурӯҳҳо Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳро таъсис доданд, ки як ҳадафи умдааш мушаххас кардани шахсият ва барномаи ин номзади ягона аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi