16:38:34 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Айбдоркунанда барои З.Саидов 28 соли зиндон талаб кард

Дар мурофиаи рӯзи панҷшанбе айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ тақозо кард, ки соҳибкори маъруфро ба 28 соли зиндон маҳкум кунанд. Абдусамеъ Додобоев, абдоркунандаи давлатӣ зимни ироаи гузориши худ бар пояи 10 парванда бар зидди Зайд Саидов барои ӯ 28 соли маҳрумият аз озодӣ ва мусодираи молу амволро талаб кард.

zayd-saidov 458521477Бар иловаи ин айбдоркунандаи давлатӣ тақозо кардааст, ки пас адои давраи ҷазо Зайд Саидов ба муддати 5 сол аз фаъолияти соҳибкорӣ низ маҳрум шавад. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир мешавад ва оё додгоҳ талаби айбдоркунандаи давлатиро қонеъ мекунад ё дар заминаи қазоватҳои худ хукм мебарорад. Пеш аз эълони ниҳоии ҳукм бояд ҳарфи вакилони дифои Зайд Саидов шунида шавад.

Рӯзе пеш вакилони дифои Зайд Саидов гуфтанд, тафсилоти тақаллубкориҳои тафтишот дар парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро танҳо бо Эмомалӣ Раҳмон матраҳ хоҳанд кард.

Дар остонаи эълони ҳукми Зайд Саидов дар додгоҳ, вакилони дифои соҳибкори маъруф  мегӯянд, тафсилоти тақаллубкориҳои тафтишот дар парвандаи нафари таҳти ҳимояташонро танҳо бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон матраҳ хоҳанд кард. Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили дифои Зайд Саидов ба мо гуфт, дар номаи хеш ба президент танҳо чор мавриди тақаллуб дар кори тафтишотро ошкор кардаанд, аммо ин маворид бамаротиб бештаранд:

«Ба он сабаб, ки парванда муҳри махфӣ дорад ва аз мо вакилони дифоъ барои фош накардани сирри тафтишот забонхат гирифтаанд, он тафсилотро наметавонем матраҳ кунем. Ва маҳз ба ҳамин далел мо тасмим гирифтем, онҳоро бо президент, ки тибқи моддаи 64-и Сарқонун, кафили озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, ба миён гузорем. Агар парванда махфӣ намебуд, мо тафсилотро метавонистем тариқи расонаҳо ошкор кунем»

Вакилони дифоъи соҳибкор ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон – Зайд Саидов дар номаи худ ба президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон чор мавриди истифодаи роҳҳои ғайриқонунӣ алайҳи нафари таҳти ҳимояашонро зикр кардаанд. Мавриди аввал, нашру пахши китобчаи бидуни муаллиф дар рӯзҳои аввали боздошт аст, ки ҳомили «тӯҳмату бӯҳтон» дар бораи шахсияти Зайд Саидов аст.

Мавриди дуввум, риоя эҳтимолияти бегуноҳист, ки Сарқонун кафолат додааст, аммо Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо истифода аз ВАО Зайд Саидовро ҷинояткор унвон кардааст. Мавриди сеюм, истифодаи ғайриқонунии телевизиони давлатӣ ва дигар расонаҳо ба хотири ба вуҷуд овардани рӯҳияи бадбинӣ алайҳи Зайд Саидов аст. Ва мавриди чорум ба ҷиноятҳои ҷинсӣ рабт дорад, аз ҷумла хулосаи қалбакии ташхиси ДНК мисол оварда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ин тасмими вакилони дифоъро коршиносон бефоида ва вориди бунбаст шудани кӯшишҳои онҳо унвон мекунанд. Коршинос Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мегӯяд, президент масъаларо метавонад ҳал кунад, аммо агар ӯ мехост, ки вокуниш кунад, ба мактуби худи Зайд Саидов посух медод. Вай афзуд, машваратҳои президент бо доираҳои дигари қабули қарор сурат мегиранд: «Ин гуна масоил, гумон накунам, ки бо роҳи гуфтугӯ ва он ҳам бо ҷониби вакилони дифоъ ҳал шаванд. Бахусус вакилоне, ки аз оғоз мегуфтанд, қазияи фармоишӣ ва сиёсӣ аст. Хуб агар фармоиш буд, аз куҷо? Посухи ин суол боз ба ҳамон долонҳои ҳукумат мебарад»

Муроҷиати вакилони Зайд Саидов дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон бо тақозои айбдоркунандаи давлатӣ – намояндагони Додситонии кулл мурофиаи Зайд Саидовро аз 4 декабр ба рӯзи дигар мавқуф гузошт. Додситонии кулл бояд ҷазои худро лон мекард, ки ба қавли манобеъи огоҳ, аз 15 сол кам нахоҳад буд.

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ва шахсан яке аз айбдоркунандаҳои давлатӣ сабаби чунин таъхирро боз ҳам ба далели махфӣ будани парванда ба мо шарҳ надод.

Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон аз рӯи 10 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум 15 далел муттаҳам мешавад.

Дар сӯҳбат бо мо дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки тафтишоти парвандаи Зайд Саидовро ба зимма дорад, боз як парвандаи дигар, аммо аз рӯи танҳо як модда – тасарруф (247) дар ҳоли анҷомёбист.

Зайд Саидов 19 майи соли равон аз сӯи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва 7 моҳ ба ин сӯ дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ба сар мебарад. Бо он вуҷуд ки ба парвандаи ӯ муҳри махфӣ задаанд, расонаҳо дар бораи тафсилоти он матлаби зиёде ба нашр расонданд, аммо вакилони дифои ӯ мегӯянд, ин ҳама қатрае аз баҳр аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi