13:25:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Б. Ҷамолзода: «Гвардияи миллӣ дар баробари дигар шохаҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари миллат ва давлат аст»

Ба ифтихори 20-солагии  Гвардияи миллӣ

Моҳи сентябр аз таъсисёбии яке аз сохторҳои муқтадири низомии кишвар-Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол сипарӣ мегардад. Дар иртибот ба ин санаи таърихӣ хабарнигори «Ховар» бо Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Ҷамолзода Бобоҷон мусоҳиба анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагони арҷманд мегардонем:

b.jamolzoda-54645545.jpg-Рафиқ генерал-майор, чун дар остонаи ҷашнҳои бузурги давлатӣ-24-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии таъсисиёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ба ин муносибат Шумо ва тамоми ҳайати афсарону аскарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ин санаҳои фархундаи таърихӣ табрик намуда, бароятон саломатӣ ва садоқату шуҷоатро таманно менамоям!

Бигӯед, ки ҳайати афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии кишвар 20-умин солгарди таъсисёбии ин сохтори  қудратиро бо кадом дастовардҳо ва дар кадом сатҳ истиқбол мегиранд? Аз таърихи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешудед.

-Ташаккур! Мо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорем ва бо истифода аз фурсати муносиб ин ҷашни бузурги миллиро ба ҳамватанон табрик мегўям.

Бояд тазаккур дод, ки аз ибтидои сол бо ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ назди худ мақсад гузоштем, ки ин санаҳои муҳими таърихиро бо омодабошии баланди ҷангӣ, интизоми намунавӣ ва пешрафту комёбӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти хизматӣҷашн гирем. Натиҷаи таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки дар ин самт муваффақҳам шудаем. 

Дар тӯли 20 соли фаъолияти пурсамар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст, ки ҳама аз файзи Истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлол аст ва давраҳои рушду такмилёбии он ба марҳилаҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд, ҳарчанд таърихи таъсисёбии чунин воҳидҳо аз қаъри асрҳо сарчашма мегиранд.

Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1992 яке аз нахустин иқдомҳои Ҳукумати конститутсионӣ таъсис додани бригадаи таъйиноти махсус дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он баъдан барои ташкил намудани Гвардия замина гузошт.

Ҳайати шахсии бригадаи таъйиноти махсус аз рӯзҳои аввал, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи мушкили сиёсиву иқтисодӣқарор дошт, бо боварию эътимод ба хизмати содиқона баҳри осоишу ободии Ватан шурӯъ кард. Дар муҳорибаву задухурдҳо бо гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳғолиб омада, сазовори боварии Сарвари давлат ва роҳбарияти ҷумҳурӣ гардид.

Ҳамин буд, ки Президенти мамлакат бо Фармони худ аз 17-уми январи соли 1995 Бригадаи таъйиноти махсусро ба Гвардияи Президентӣ табдил дод. Дар муддати ду сол чор қисми ҳарбӣ таъсис дода шуд. Соли 2004 баъд аз ворид намудани тағйирот дар сохтори он Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Имрӯз ҷузъу томҳои он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои таъмини амният, таҳкими истиқлолият ва ҳифзу мудофиаи иншооти муҳими давлатӣ вазифаҳои махсусро ба ӯҳда доранд.

-Нақши ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими пояҳои давлатдории милӣ ва ҳимояи сохти конститутсионии кишвар арзёбӣ менамудед?

-Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали ташкилёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон зери роҳбарии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои қудратӣ дар нигоҳ доштани тартиботи қонунӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, амният ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар иштирок кардаанд. Дар тӯли 20 соли фаъолият ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро карда, дар лаҳзаҳои душвор бо ҷасорату мардонагӣ садоқати худро ба Президент ва Савганди ҳарбӣ зоҳир намудаанд. Хизматҳои шоистаи 231 нафари онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла ордену медалҳо қадрдонӣ шудааст.

-Барои тақвияти ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, хусусан таъмини воҳидҳои ин сохтор бо лавозимот ва дигар муҳиммоти ҳарбии муосир, кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

-Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мустақили ҳарбӣ аст, ки бевосита ба Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад ва таъминоти ҳайати шахсӣ бо тамоми навъҳои муҳимот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Барои нигоҳ доштани қудрати дифоии кишвар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ бо заминаи таълимӣ, амволи шайъӣ, маводи ғизоӣ, аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва дигар муҳиммоти ҳарбӣ, ки ба талаботи замони муосир мувофиқ мебошанд, таъмин карда шудаанд.

Дар доираи ҳамкорӣ ва робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Гвардияи миллӣҳам бо сохторҳои низомии бурунмарзӣҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро ба роҳ мондааст. Дар ин асос як қатор санаду созишномаҳо ба имзо расида, ҳамчунин вохӯриву мулоқоти судманд барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ доир гардидаанд.

-Барои такмили донишҳои амалӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбию ҷангии ҳайати афсарону сарбозони қисмҳоиҳарбии Гвардияи миллӣ, хусусан дар замони муосир, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти фаромиллӣ ва терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи башарӣ рӯ ба афзоиш дорад, кадом корҳо ба сомон расонида мешаванд?

-Вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки пайваста рўи ин масъала, яъне такмил додани донишу баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва ҳушёриву зиракии сиёсии ҳайати шахсӣ андеша кунем. Пеш аз ҳама дар замири ҳайати шахсӣҳисси садоқат ва масъулияти ватандориро устувору қавӣ намоем. Зеро тамоми амали сарбоз ва ё афсар танҳо ба хотири ҳифзи Ватан равона шудааст. Албатта, ин кори як нафар хизматчии ҳарбӣ ва ё шуъбаи вобастаи масоили тарбиявӣ нест, балки раванди доимиест, ки аз оила ибтидо гирифта, масъулиятшиносии тамоми аъзои ҷомеаро талаб  менамояд.

Ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, ки аксарият таъиноти махсусро ташкил медиҳанд, пайваста бо машқу тамринҳо фаро гирифта мешаванд. Илова бар ин, ҳар сол Гвардияи миллӣ дар асоси ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои низомии дохиливу хориҷӣ дар машқҳои тактикӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои қудратӣ, тамринҳои муштараки таълимӣ, мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ фаъолона ширкат варзида, қобилияту дониши ҳарбии худро такмил медиҳанд. Ҷиҳати амалӣ шудани чорабиниҳои пешбинигардида бо кумаку дастгириҳои Сарвари давлат ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ бо машқгоҳи махсус, аслиҳа ва лавозимоти муосири ҷангӣ таъмин карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ аз тарафи масъулини корҳои сиёсию тарбиявӣ, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, намояндагони илму фарҳанг корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо ба роҳ монда шудааст.

-Дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ, бахусус таъмини онҳо бо манзил ва дигар шароити мусоиди зист ва хизмат, кадом тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?

-Фаъолияти Гвардияи миллӣ зери назорати доимии Сарвари давлат қарор дорад ва барои беҳтар кардани шароити хизматӣ пайваста кумаку дастгирӣ меёбад. Дар ҳама ҷузъу томҳои Гвардия бинову синфхонаҳои таълимӣ, майдонҳои тактикӣ, варзишӣ, муҳандисӣ, хобгоҳ, нонвойхонаву ошхонаи сарбозон, нуқтаҳои назорати гузаргоҳ ва дигар мавзеъҳои барои хизмат зарур, ки ба шароити замон мувофиқ аст, сохта шудаанд ва мавриди истифода қарор доранд. Тӯли 20 соли сипаригардида таъминоти моддию техникии ҳайати шахсӣ беҳтар карда шуд, ки он дараҷаи омодабошии ҷангиро баланд менамояд.

Бо мақсади беҳдошти шароити зисти афсарон даҳ соли охир зиёда аз 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ва қитъаҳои замин барои сохтмони манзил таъмин карда шуданд. Масъалаи баланд бардоштани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ доимо зери назорати Ҳукумати ҷумҳурӣқарор дорад ва соли равон ҷиҳати бо манзили зист таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ сохтмони боз як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. 

-Бо мақсади таҳкими риояи қонуният, интизому ӯҳдадориҳои афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ корҳои тарбиявӣ ба роҳ монда шудааст?  

-Барои дар сатҳи баланди омодагии ҷангӣқарор доштани ҳайати шахсӣ дар ҳама давру замон дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи афсарону сарбозон  барои сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ, доштани эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Модар-Ватан ва ифтихору шарафмандии хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим мебозад.

Бо мақсади таҳкими риояи қонуният, интизому ӯҳдадориҳои афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ корҳои тарбиявӣ мутобиқи Фармону супоришҳои Сарфармондеҳи Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар асоси нақшаи Раёсати корҳои сиёсию тарбиявӣ бо ҳайати шахсӣ машғулиятҳои тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати динӣ гузаронида мешаванд. Илова бар ин, бо сарбозон чорабиниҳои бегоҳирӯзӣ гузаронида мешавад, ки мавзӯъҳои таърихи ниёгон, корномаи фарзандони баруманди тоҷик, садоқат ба Президент ва Ватанро дар бар мегиранд.

Инчунин Гвардияи миллӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ робитаву ҳамкории судмандро ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ, таъмини қонуният ва риояи оинномаҳои ҳарбӣ бо Прокуратураи ҳарбӣ ва Судҳои ҳарбии гарнизонҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида, савияи маънавии ҳайати шахсиро баланд мебардорад. Дастури “Роҳнамои Ватандор”, маҷаллаи “Родмардони Ватан” ва барномаи телевизионии “Родмардони Ватан” низ  дар тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон саҳми арзанда доранд.

Дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми саъю кӯшиши роҳбарият барои пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ равона гардидааст. Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ ва тарбияи ҳайати шахсӣ дар рӯҳияи ҷавонмардиву ватандорӣ гурӯҳи таблиғотӣ ташкил карда шудааст.

-Чанде пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармон ба имзо расонд, ки тибқи он ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллӣ медали ҷашнӣ таъсис дода шуд.  Бигўед, ки ин чӣ гуна медал аст ва он танҳо ба хизматчиёни Гвардияи миллӣ супорида мешавад?

-Медали ҷашнии «20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии таъсиси  Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ ва ҷамъиятию башардӯстӣ таъсис дода шудааст.

Бо медали ҷашнӣҳамчунин метавонанд намояндагони дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, инчунин дигар шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ сарфароз гардонида шаванд.

Мусоҳиб Марзия Саидзода, АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi