08:50:58 15-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Валиаҳд, муовини якуми раиси Шӯрои Вазирон, вазири корҳои дохилии Мамлакати Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Нойиф ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.

2016-01-03valiahdБо баёни қаноатмандӣ аз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, ки зимни ин сафар бо як зумра санадҳои нав тақвият ёфт, изҳори умед карда шуд, ки арсаҳои ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкории босамар дар муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир зоҳир гардид.

Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳанг сурат гирифт.

http://president.tj/

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854