01:49:00 12-уми Феврали 2026 сол

Сафир: Сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Москав «устувории равобити Русияву Тоҷикистонро нишон дод»

Душанбе, [29.09.2025] Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Вячеславович Григорьев дар мусоҳибаи махсуси сомонаи иттилоотии “Рӯзгор.tj” иброз намуда, сафари давлатии дарпешистодаи Президенти Русия Владимир Путин ба Душанберо чун «нишонаи баҳои баланд ба нақши Душанбе дар таъмини амнияти минтақа» арзёбӣ кард. Дар ин мусоҳиба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои стратегӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ байни ду кишвар баррасӣ шудаанд.

1 semyon vecheslavov 2112455454Ҷаноби Сафир сафари давлатии дарпешистодаи Президент Владимир Путин ба Душанбе дар моҳи октябрро чун «як рӯйдоди муҳими рӯзномаи дуҷониба ва минтақавӣ» тавсиф намуда, илова кард: «Тоҷикистон яке аз шарикони наздиктарини Русия боқӣ мемонад, ки ин бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи геополитикӣ махсусан муҳим аст».

Вай таъкид кард, ки ин сафар баъд аз нишасти муваффақи СҲШ дар Тянҷини Чин баргузор мешавад, ки дар он кишварҳои узв аҳамияти амнияти дастаҷамъӣ ва рушди иқтисодиро таъкид карданд. Ба гуфтаи ӯ, сафари марти Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Москав «устувории равобити Русияву Тоҷикистонро нишон дод» ва мавзӯъҳои асосии он – амният, муҳоҷират, иқтисод ва маориф – то ҳол актуалӣ ҳастанд.

Иқтисод ва сармоягузорӣ

Дар мавриди ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ, ки дар нимаи аввали соли 2025 ба 1 миллиард доллар расид, ҷаноби сафир афзоиши назарраси содироти маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ва мебелро аз Русия қайд карда, ишора намуд: «Бо назардошти афзоиши солонаи устувор, расидан ба ҳадафи 4.75 миллиард доллар то соли 2030 воқеӣ ба назар мерасад».

Вай дар бораи лоиҳаи нави Парки саноатӣ маълумот дода, тавсиф намуд, ки «корҳо оид ба мувофиқ кардани созишномаи сармоягузорӣ идома дорад» ва «умедворем, ки аллакай соли 2026 оғоз меёбад». Ба гуфтаи ӯ, ин лоиҳа ба «эҷоди ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридот» мусоидат мекунад.

Муҳоҷират ва ҳамкории гуманитарӣ

Сафири Русия ба тадбирҳои Сафорат барои кӯмак расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ барои мутобиқ шудан бо қонунҳои нави муҳоҷирати Русия ишора намуда, гуфт: «Барои роҳати шаҳрвандон дар Душанбе намояндагии "Хизмати шиноснома ва раводид"-и ВКД-и Русия кушода шудааст».

Варзиш ва ҳамкории амниятӣ

Дар мавриди ҳамкориҳои варзишӣ, ҷаноби сафир ишора кард, ки «варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои навоварона иштирок мекунанд» ва Русия барои иштироки онҳо дар Бозиҳои СҲШ дар Қазон соли 2026 омода аст.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки «Пойгоҳи низомии 201-уми Русия омили муҳими ҳифзи субот ва амният дар минтақа боқӣ мемонад» ва масъалаҳои модернизатсия «дар вазоратҳои дифои кишварҳои мо баррасӣ мешаванд».

Ҳамкории стратегии байни Тоҷикистон ва Русия дар ҳама ҷабҳаҳо, аз амният то иқтисод ва фарҳанг, ба таври устувор рушд мекунад. Сафари дарпешистодаи Президент Путин ба Душанбе ин равандро таҳким хоҳад бахшид.

Шакли комили мусоҳибаи Ҷаҳонгири Султон бо Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон С.В. Григорьевро хонандаи гиромӣ, рӯзи чаҳоршанбе 1-уми октябри соли равон дар сомонаи “Рӯзгор.tjметавонед, мутолиа намоед.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ