Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ
Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замонҳои қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим ”коррупсия” ба истилохи фасод, вайронкунанда ва фурухтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудаи имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин кирдор дастзада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мешуданд.
Ин падидаи номатлуб ва зуҳуроти хатарнок мебошад, ки ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар миқёси ҷаҳон ҳамчун як ҷинояти вазнин ва унсурҳои таҳдидкунанда ва ба оромии кишвар халалдоркунанда ба ҳисоб меравад. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, давлат мунтазам барои паст намудани шиддат ва сатҳи коррупсия саҳми худро мегузорад. Бояд қайд кард, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мубориза бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумхурӣ” ироагардида, қайд намуданд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, хатарҳои он, тарзу усулҳои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ масъалагузорӣ менамоянд ва дар робита ба ин чораҳои зарурии пешгирӣ аз ин рафторҳои номатлуб андешида мешавад. Бояд қайд кард, ки пас аз ба тасвиб расонидани “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия”, яъне шуруъ аз 25 уми сентябри соли 2006 дар Ҷумхурии Тоҷикистон то кунун зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ роҳандозӣ гардид.
Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ сиёсати ҳадафмандона ва аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок буда, барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коррупсия, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудааст. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ зикр намуданд, ки “Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозоргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад”. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми зикршуда оид ба қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия РИШВАХӮРӢ аз 21уми июли соли 1999, .N2 1262 ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” аз 10-уми декабри соли 1999, N2 875 хотирнишон сохта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар СОХТОРҲОИ дахлдор вазифадор шуданд, ки иҷрои санадҳои мазкурро таъмин намоянд.
Барои ба танзим даровардани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва муайян кардани мансубияти ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2008, N2 374 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми сентябри соли 2007, jf2 414 “Дастурамали баҳисобгирии омории ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо қабул гардиданд.
Дар ин замина, дар ҷумҳурӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳия ва кабул гардидаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии (28-уми декабри соли 2012, jf2 925), дар бораи муқовимат ба коррупсия (7-уми августи соли 2020, Jf2 1714) қабул шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, jf2 34 “Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, N2 1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз 3-юми августи соли 2021, Ј\Г9 222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардида, ба як катор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онко ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як анъаъна ва иқдоми неке ба роҳ монда шудааст, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва андозаи нафақаву стипендияҳо зиёд карда мешаванд.
Масалан, дар даврони соҳибистиклолии мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат зиёда аз 25 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо ба тасвиб расидаанд, ки аксарияти онҳо дар заминаи дастуру вазифаҳои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, ки дар маҷмуъ ба коҳиш ёфтани шиддати коррупсия дар кишвар мусоидат намуданд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди коррупсия нақши бениҳоят бузург дорад, зеро дар Паёми Президенти мамлакат ҷиҳати садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои муқовимат ба ин падидаи номатлуб баён гардидаанд. Илова бар ин, бо назардошти хавфу хатари зиёд доштани коррупсия мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат зикр шудаанд. Дар асоси талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия чораҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Султонова С.М., Мудири бахши кадрҳо ва ҳуқуқ
mehnat.tj
















